734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конференсияи фосилавӣ (онлайн) баргузор шуд

Санаи  14 ноябри соли 2017  дар асоси Нақша чорабиниҳои Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдоштаи  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Донишгоҳи давлатии Данғара конференсияи фосилавӣ (онлайн) бахшида ба 25 – умин солгарди Иљлосияи тақдирсози миллат  бо иштироки намояндагони давлатҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Хитой, Амрико, Туркманистон ва ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар  кори конфронс масъули  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Муҳсин  иштирок намуда, вобаста ба  талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллӣ чунин ибрози андеша намуд: “Маҳз талошҳои пайваста ва ҷонисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам  Эмомалӣ […]

15.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Конфронс бахшида ба Рӯзи Президент

14-уми ноябр бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс доир гардид. Дар он Самӣ Шариф Ҳамид, Мирзозода Иброҳим, сардори Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе, Розиқзода Дилошӯб, иштирок ва суханронӣ намуданд. Самӣ Шариф Ҳамид, раиси ноҳияи И. Сомонӣ, аз корнамоиҳои Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳи тоҷикон бо ифтихормандӣ ёд карда, хизматҳои эшонро дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беҳамто арзёбӣ намуд: “Пешвои миллат аз соли 1992 то 1995 дар утоқи кориашон ҳам кор ва ҳам зиндагӣ кардаанд, то давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда бошанд”. Розиқзода Дилошӯб, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат, […]

15.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Истиқболи Беҳрӯз Хоҷазода

Имрӯз соати 2:20 дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Хоҷазода Беҳрӯз бо ҳамроҳонаш пас аз анҷоми мусобиқаи ҷаҳонии самбо, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Руссия бо иштироки беҳтарин варзишгарони ҷаҳон баргузор гардид, баъди ба даст овардани ғолибият ба Тоҷикистони азиз фуруд омад. Дар маросими истиқболи ҷаҳонпаҳлавонони тоҷик Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, қаҳрамони бозиҳои олимпии Бразилияи 2016 Дилшод Назаров, раиси ноҳияи Варзоб, мурабиёни шинохтаи кишвар, ҳаводорони гуштин, мухлисон, варзиши тоҷик ва садҳо нафар мухлисону ҷавнон иштирок доштанд. Нахуст, чун анъанаи миллати тоҷик ба қаҳрамони ҷаҳон ҷомаи милливу тоқӣ пӯшонида, бо гулу гулдастаҳо, рақсу сурур ва хурсандиву  нишод […]

14.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Силсилаи чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Бо мақсади баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ бахшида ба  ҷашни 25 – умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози миллат  имрӯз масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд. Нахуст,  вохӯрии сардори Раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумита Шаҳзод Раҳимов,  муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ Муродзода Муқим  бо ҷавонони ноҳия, гирандагони стипендияи Президентӣ, квотаҳои Президентӣ, омӯзгорони ҷавон, табибони ҷавон ва ҷавонони касбу кори гуногун вобаста ба расонидани муҳтавои қонунҳои миллӣ –  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” дар  маҷлисгоҳи Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи […]

10.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Силсилаи чорабиниҳо дар ноҳияи Восеъ

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни бошукӯҳи миллати фарҳангсолори тоҷик 25 – умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози миллат ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон чорабиниҳои маърифатию – фарҳангӣ  баргузор гардида истодааст. Субҳи имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  гурӯҳи ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ бо мақсади баргузор намудани силсила чорабиниҳо ба ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд. Гуруҳи ҷавонони фаъоли ҷумҳуриро ҷавонону наврасон, гирандагони стипендияи Президентӣ, омӯзгорон, ҷавонони касбу кори гуногун,  аҳли ҷамоатчигии ҷамоат бо  як рӯҳу илҳоми тоза пешвоз гирифтанд. Нахуст, меҳмонон аз марказҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, маҷмааи варзишӣ ва  ҷойҳои таърихии ҷамоат […]

10.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 385 386 387 388 389 566