734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Сиёсати давлатии ҷавонон – мавзӯи меҳварии Ҳукумат

Сиёсати давлатии ҷавонон аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани истиқлолият дар меҳвари давлату Ҳукумат қарор дошт. Мавзӯъ ва масъалаҳои он ҳамарӯза матраҳ мегарданд. Ба таъкиди Пешвои миллат “Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастй мебошад”. Имрӯз, 17 ноябри соли 2017 дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ семинари омӯзишию иттилоотӣ таҳти унвони “Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар доираи “Соли ҷавонон” бахшида ба Рӯзи Президент гузаронида шуд. Зимни баргузории он масъулин паҳлуҳои гунонгуни масъалаи сиёсати давлатии ҷавононро мивриди баррасӣ қарор дорданд. Аз ҷумла Сайфулло Сафаров, муовини […]

17.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Ҷамъомади идонаи ҷавонону варзишгарон бахшида ба Рӯзи Президент

Имрӯз дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона доир гардид. Дар он кормандони Кумита, роҳбарони як қатор марказҳои ҷавонон ва мактабҳои варзишӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ ва волонтёрон иштирок намуданд. Нахуст муовини якуми раиси Кумита Ризо Назарзода суханронӣ намуда, изҳор дошт: “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи тақдирсози миллат мебошад. Он барои мардуми тоҷик сарвари халқпарвару меҳанпараст-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дод. Мардуми тоҷик, хусусан насли ҷавон моҳияти ин санаи муҳими таърихиро дарк намудаанд. Маҳз таҳти сарварӣ ва сиёсати дурандешонаи Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои муаззами миллат барои ҷавонону варзишгарон беҳтарин шароиту имконот […]

16.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Мулоқот ба ифтихори 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз

Дар арафаи ҷашни бошукӯҳи 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози миллат ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзи 15 ноябри соли ҷорӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо ҷавонони фаъол, варзишгарон, гирандагони стипендияи Президентӣ, масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар доираи “Соли ҷавонон” мулоқот доир намуд. Аҳтам Абдуллозода зимни мулоқот зикр намуд, ки: “Корнамоиҳо ва ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ташкил ва таъсиси давлати миллии тоҷикон беназир аст. Ин корнома бояд барои ҳар як ҷавони кишвар намунаи ибрати воло, мактаби бузурги мардонагӣ, дарси муҳаббати ватандорӣ ба ҳисоб равад”. Раиси Кумита дар идомаи суханронии худ таъкид намуд, ки […]

16.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Истиқболи наврасону ҷавонон аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо шукргузорӣ азсоҳибистиқлоли кишвари азизамонтаҳти сиёсати варзишпарваронава ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рӯз то рӯз рушд ёфта истодааст. Кумита дар асоси Нақша чорабиниҳо бахшида Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонсанаи 16 ноябри соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯи ҳамаи намудҳои варзиш 363 чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ ва солимгардониро ба нақша гирифтааст. Бо мақсади амалигардонии наќшаи тасдиқгардида субҳи имрӯз машқҳои пагоҳирӯзӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар  бо ҷалби наврасону ҷавонон ва сокинони маҳал  оғоз гардид.

16.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Хуҷанд: Ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ

14 – уми ноябри соли 2017 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли ҷавонон» дар Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҳамоиши гарандагони стипендияи Президентӣ  баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода иштирок намуда, гирандагони стипендияи Президентиро барои сазовор гаштан ба ин унвони баланд таҳният намуд: “Таъсиси стипендияи Президентӣ намунаи олии таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати  ҷавонони кишварамон ба ҳисоб рафта, барои ҳавасманд намудани хонадагон ва донишҷӯёни болаёқати ҷумҳурӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави бо соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам овард”. Дар чорабинӣ гирандагони стипендияи Президентӣ аз тамоми шаҳру […]

16.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 384 385 386 387 388 566