734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Қӯрғонтеппа: Эмомалӣ Раҳмон – ифтихори  ҷавонон  

Рўзи 17 ноябр бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба муносибати 25 солагии Иљлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумњурии Тоҷикистон дар Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Қӯрғонтеппа мизи мудаввар таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – ифтихори ҷавонон” баргузор гардид. Дар вохӯрӣ кормандони Раёсати кор бо ҷавонон, олимони ҷавон, гирандагони стипендияи Президентӣ ва волонтёрони фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд. Бобоев Беҳӯз корманди Раёсат зимни суханронӣ иброз намуд, ки “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали роҳбариашон ба нерӯву қудрати ҷавонон боварии комил доштанд. Дастгириҳои пайваста ва фароҳам овардани шароитҳои муносиб  барои донишандӯзии ҷавонон сабаб гардиданд, ки имрӯз ҷавонон дар рушду нумӯи кишвари азизамон, бо ташаббусҳои созанда ва ифтихори миллӣ […]

18.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат – ифтихори мо

Санаи 16 ноябри соли 2017  дар асоси Нақша чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аксияи  тарғиботӣ – ташвиқотӣ таҳти унвони “Пешвои мо – ифтихори мо” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳр  аз қабили боғҳои  ба номи Камоли Хуҷандӣ,  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва хиёбони Раҳмон Набиев ташкил ва баргузор карда шуд. Бояд зикр намуд, ки дар аксияи мазкур зиёда аз 500 адад нишонаи сарисинагӣ ва 300 адад тақвими кисагӣ ба наврасону ҷавонон ва сокинон  тақсим карда шуд.

18.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Бӯстон: Мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид

Дар арафаи таҷлили ҷашни 25- умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози миллат ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид, ки дар он наврасону ҷавонон фаъолона иштирок намуданд. Иқдоми мазкур аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бӯстон роҳандозӣ гардида, мусобиқоти футболи хӯрд ва волейбол байни  дастаҳои ташкилоту муассисаҳои шаҳр баргузор гардид. Дар охир ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби аъзои тадорукот тақдим гардид.

18.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Кӯлоб: Ҷавонон пайрави Пешвои миллат

Дар арафаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи миллӣ 25 – умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози миллат ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби  бостон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маҷомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  шаҳри Кӯлоб бо иштироки беш аз 500 нафар ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун, гирандагони стипендияи Президентӣ, квотаҳои Президентӣ, варзишгарон ва сокинони маҳал  ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, кумитаҳои кор бо занон ва оила, дин танзиму  анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, суд, пракратура иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки […]

18.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

Бохтар: Ҳамоиши ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумита бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни  25 – умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози миллат аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бохтар дар ҳамкорӣ бо ташкилоту идораҳои ноҳия ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид, ки дар он ҷавонони касбу корӣ гуногун, гирандагони стипендияи Президентӣ, волонтёрони фаъол ва сокинони маҳал фаъолона иштирок намуданд. Чорабинии мазкур боиси ба ҳам омадани беш аз 2000 сокинони ноҳия гардид, ки онҳо бо шиору овезаҳо ин санаи бисёр арзишманд барои миллатро истиқбол намуданд. Ба ҳам омадани ҷавонону сокинон таҷҷасумгари фарзандони вафодори Ватан ва  пайравони асили Пешвои муаззами миллат буданро ифода менамояд. Дар […]

18.11.2017 Нет комментариев Читать далее>

1 383 384 385 386 387 566