734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода маркази табобатии «Нури шифо»-ро ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маркази табобатии «Нури шифо»-ро дар кӯчаи Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ҷамияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури шифо» дар доираи иқдомҳои созанда ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани солгарди навбатии истиқлоли давлатӣ ва ҷавобгу сохтани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷурахон Хоҷамқулов бо маблағи умумии беш аз 2 миллион сомонӣ сохта шуда, дорои шароити мусоиди кору хизматарасонӣ мебошад. Сарвари давлат аз шароити замонавии  маркази табобатии «Нури шифо», ки аз 4 […]

07.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии шолӣ дар ҶСК «Ҳақиқат»-и шаҳри Турсунзода оғоз бахшиданд

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии шолӣ дар Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Ҳақиқат”-и шаҳри Турсунзода оғоз бахшиданд. Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад. Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри […]

07.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода

ДУШАНБЕ, 07.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад. Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода имрӯз дар ҳузури […]

07.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

Имрӯз дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фархор дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон миёни волидайни ҷавонони синну солашон 14 то 18 солаи Ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳия хонишҳои сиёсӣ  гузаронида шуд. Бояд зикр кард ки хонишҳои сиёсӣ мавзӯҳои рузмаро таҳти унвони “Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ, “Нақши Пешвои миллат дар самти таҳсилоти муносиб барои ҷавонон дар дарвони соҳибистиқлолӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан, пешгири ҷавонон аз шомилшавии ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуби ҷаҳони муосир, […]

05.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

САРВАРИ МУВАФФАҚ ВА МАРДУМӢ

Мардуми кишварамон нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбубияти бепоён дорад. Ин гуна муносибати самимона пеш аз ҳама натиҷаи хизматҳои наҷиби анҷомдодаи Сарвари давлат дар ростои истиқрори сулҳу ваҳдат, таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ободкорӣ ва беҳтарсозии зиндагии мардум мебошад.   Эмомалӣ Раҳмон дар замоне (моҳи ноябри соли 1992) раҳбарии Тоҷикистонро ба уҳда гирифтанд, ки дар кишвар сохти конститутсионӣ комилан барҳам хурда, ҷанги дохилӣ ҷараён дошт, ҳазорон нафар кушта ва гуреза шуда буданд,  иқтисоду саноат нобуд гардида, сохтор ва дастгоҳи давлатӣ фалаҷ шуда буд. Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлат дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт ва дар ҷомеа нобоварию ихтилоф ҷойи ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро гирифта […]

04.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 32 33 34 35 36 833