734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо корҳо дар НБО «Роғун»

ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд. Бунёдгузори иншооти азими аср- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо самимияти хосса истиқбол карданд. Нахуст Пешвои миллат бо ҷараёни корҳо дар сарбанди неругоҳ, ки яке аз иншооти муҳим ва асосии сохтмон ба ҳисоб меравад, шинос шуданд. Бо азми қавӣ ва иродаи устувор имрӯз бунёдгарон хобондану шибба кардани омехтаи сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳиро дар танаи сарбанд идома дода, обанборро то ба сатҳи 1080 метр аз сатҳи баҳр расондаанд. […]

14.10.2020 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум (СТ-4)-и НБО «Роғун» шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба мавзеи бунёди НБО-и «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум соли 2018 оғоз гардида, дарозии иншооти мазкур 1750 метр ва қутраш 15 метрро ташкил медиҳад. Қобилияти обгузаронии нақби сохтмонии қабати чорум дар як сония 3500 метри мукаабро дар бар мегирад. То имрӯз ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ 342,3 ҳазор метри мукааб, корҳои бетонхобонӣ 92,2 ҳазор метри мукаааб ва гузоштани анкерҳои ПНА 21 ҳазор метр иҷро гардидааст. Дар камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати чорум корҳои нақбканӣ […]

14.10.2020 Нет комментариев Читать далее>

“МАН КИТОБ МЕХОНАМ ВА БА ТУ ҲАМ ТАВСИЯ МЕДИҲАМ…”

Нимаи дуюми рӯзи 13 октябр толори “Фурӯғи субҳи доноӣ…”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистонро қисме аз ҷавонону наврасоне фаро гирифтанд, ки бори аввал рӯй ба китобхониву китобдӯстӣ оварданд. Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳошияи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва маҳфили доимии “Шоме дар китобхона…” зиёда аз 15 нафар ҷавонону наврасоне, ки дар масирашон завқи баланди китобхонӣ ҳувайдо гардида буд, узви Китобхонаи миллии Тоҷикистон гардида, барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятиву адабӣ ба Маҳфили адибони ҷавони назди Раёсат ҷалб карда шуданд. Дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба ҷалби ҷавонону наврасон ба китобхониву китобдӯстӣ, арҷ гузоштан ба […]

14.10.2020 Нет комментариев Читать далее>

Президенти Грузия Саломе Зурабишвили дар барқияи худ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин менигорад:

“Ҷаноби Олӣ, Мояи камоли фараҳмандии ин ҷониб аст, ки табрикоти самимонаи худро ба Шумо ба муносибати  аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арз намуда, бароятон сиҳативу саодатмандӣ  ва дар иҷрои рисолати сермасъули давлатиатон  муваффақият  орзу намоям. Дар иртибот ба ин рӯйдоди хосса мехоҳам   хушнудона таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим иҷро менамояд. Мутмаинам, ки Тоҷикистон дар оянда ҳам ба пешрафти қобили назар,   ки барои амнияту шукуфоии  ҳамаи мо ҳаётан муҳим мебошад,  ноил  хоҳад  гардид. Бовар дорам, ки  ҳамкории фаъоли байни кишварҳои мо дар сиғаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба  мутобиқ ба манфиатҳои муштараки мардумони мо минбаъд низ  идома ёфта,  рушд  хоҳад кард. Лутфан, Ҷаноби […]

14.10.2020 Нет комментариев Читать далее>

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод менамоям. Пирӯзии Шумо дар ин интихобот  як далели эътимоди бузурги мардум ба Шумо, баҳои баланд ба хизматҳои Шумо ва он сиёсате, ки аз ҷониби Шумо дар роҳи рушду шукуфоии кишваратон татбиқ мегардад, мебошад. Озарбойҷон ва Тоҷикистонро риштаҳои таърихан ташаккулёфтаи дӯстӣ ба ҳам мепайванданд. Итминон дорам, ки бар асоси ин анъанаҳои нек муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории мо мутобиқ ба манфиатҳои мардумонамон дар оянда низ рушду таҳким хоҳанд ёфт. Беҳтарин таманниёти худро ба Шумо арз намуда, дар фаъолиятатон ба нафъи шукуфоии мардуми дӯсти Тоҷикистон комёбиҳо орзумандам”.

14.10.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 31 32 33 34 35 973