734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс медали тилло ба даст овард

Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс, ки  дар  Ҷумҳурии Қазоқистон ба хотираи Шокир Болтеулу доир шуд, соҳиби медали тилло гардид. Мусобиқаи байналмилалӣ аз  21 то 24 ноябр  дар шаҳри Актауи  Қазоқистон баргузор шуда, дар он  беш аз 70 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои  Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва Россия иштирок намуданд. Баҳодур Усмонов дар вазни  63 кг дар даври аввал бар Темирлан Кенирбаев, сипас бар Бағдат Увайдаев, дар нимфинал бар Зокир Сафиуллин ва дар финал бар Эртуган Зайнулинов (ҳама аз кишвари мизбон) ғалаба карда, соҳиби ҷойи аввал шуд. Варзишгари  дигари ҷумҳурӣ Иззатулло Алиев бо вазни 52 кг дар даври аввал аз ҳарифи қазоқаш Куаниш Дуйсебай мағлуб […]

26.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва имкониятҳои рушд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасмим гирифтааст, ки санаи 28 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки коршиносони соҳа мизи мудаввари ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон: ваъзи имрӯза ва имкониятҳои рушд” доир намояд. Мизи мудаввар дар толори конфронсии Кохи Афсарон дар шаҳри Душанбе доир гардида, дар кори он коршиносони соҳа, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва техналогияҳои нав, Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амвол, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоту ташкилотҳои соҳавӣ, олимону […]

26.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

Дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” доир гардид

Дирӯз дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!” бо иштироки беш аз 5000 ҳазор нафар ҷавонону варзишгарон ва сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе доир гардид. Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷогӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои кишвар ташкил карда шуда, дар доираи баргузории чорабинии мазкур аксияҳои тарғиботӣ ташфиқотӣ ба роҳ монда шуд. Новобаста аз номусоидии боду ҳаво ва рӯзи истироҳатӣ шумораи зиёди ҷавонону варзишгарон ва сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе иштироки фаъолона намуданд. Нахуст, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои […]

25.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

КУМИТАИ  КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ УМҲУРИИ ТОИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ  ДАВЛАТӢ ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД .  

КУМИТАИ  КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ УМҲУРИИ ТОИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ  ДАВЛАТӢ ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД .                              Дастгоҳи марказии Кумита   Мудири Бахши хоҷагидории Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 1258,20 сомонӣ Сармутахассиси Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 768 сомонӣ   Вилояти  Хатлон 1.Сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Муъминобод–1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи ноҳияи Хуросон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шаҳритуз – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ мутахассиси пешбари Бахши […]

25.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

Дар Варзоб мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ доир гардид

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзиб мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба Каратэ-до шотокан S.K.I.F миёни наврасон доир гардид, ки дар он шумораи зиёди варзишгарони наврас ва алоқамандони ин навъи варзиш иштирок намуданд.

25.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 554