734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

27 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии «Манас» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкалӣ Абилгазиев истиқбол гирифт.

28.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

28.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

Қазоқистон: Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ

Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси илмӣ – амалиро таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ” доир менамояд. Конфронси мазкур бо дастгирии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагии маҳфил дар Ҷумҳурии Қазоқистон санаи 14 декабри соли ҷорӣ доир гардида, дар кори он олимон ва муҳаққиқони ҳарду кишвар ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳои муқими Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок ва суханронӣ менамоянд.          Дар кори конфронс сиёсати мувафаққонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои муҳими сайёра мавриди омӯзиши илмӣ қарор дода […]

26.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

Суғд: Семинарҳои омӯзишӣ миёни ҷавонон

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд силсила семинарҳои омӯзишӣ оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез ва тундгароии ба терроризмбаранда дар байни ҷавонони вилояти Суғд оғоз гардиданд. Силсила семинарҳои омӯзишӣ миёни ҷавонони вилояти Суғд то 30 ноябри соли ҷорӣ идома намуда, ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо маълумот фаро гирифта мешаванд. Синари мазкур аз ҷониби Созмони Аҳдномаи Ҳамкорӣ дар Аврупо дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуда, дар он масъалаҳои муҳими гаравиши ҷавонон ва роҳҳои пешгирии онҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта мешавад. Дар кори семинар кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҳайси коршинос ба ҷавонону наврасони вилояти Суғд дар ин муддат семинарҳои гуногуни омӯзиширо доир менамоянд.

26.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

Таъсиси намояндании маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Британияи Кабир

Дар Британия Кабир намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” аз санаи 20 ноябри соли 2019 ба фаъолияти хеш оғоз намуд. Бо дастгирии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ намояндагии маҳфил дар Британияи Кабир таъсис дода шуда, минбаъд роҳбари намояндагии маҳфил дар дар назди намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Британияи Кабир Саҳобиддин Садриддинзода таъин гардида, минбаъд ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои маҳфили мазкур дар Британияи Кабир дар якҷоягӣ бо намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир фаъолият менамояд. Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”дар доираи дастуру супоришҳои […]

26.11.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 554