734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Хабарҳо


Дар соли 2020: Оид ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ чорабиниҳои мухталиф доир мегардад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи рушди сармоягузории кишвар нақшаи муштараки чорабиниҳоро вобаста ба татбиқи “Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” барои соли 2020 – ро ба тасвиб расониданд. Тибқи Нақшаи мазкур мақомотҳои дахлдори давлатӣ дар якҷоягӣ дар давоми соли 2020 чорабиниҳои гуногунро вобаста ба рушди бозори меҳнат, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар рақобати бозори меҳнат, ташкили мизҳои мудаввар вобаста ба рушди фаъолияти соҳибкории хӯрду миёна, ташаккули соҳибкории хӯрду миёна дар минтақаҳои дурдасти кишвар, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии […]

18.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Озмуни ҷумҳуриявӣ: Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуривияии мақолаи беҳтарини публисистиро дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист” миёни ҷавонони касбу кори гуногун, олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар эълон менамояд. Мақолаҳо то санаи 10 феврали соли 2020 ба унвонии Кумита аз ҷониби иштирокдорон бояд дар шакли электронӣ ва хаттӣ тавассути почтаи электронии tjavononi@gmail.com ирсол карда шаванд. Ғолибон дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

17.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Аксияи тарғиботӣ дар ноҳияи Деваштич

15 январи соли 2020 дар маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Ғончии вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон амалҳои ифротиро маҳкум менамоем!” миёни  аҳолӣ баргузор карда шуд. Аксияи мазкур аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич дар ҳамкорӣ бо филиали ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” роҳандозӣ карда шудааст. Ҳадафи асосии аксияи мазкур пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ – экстремистӣ, огоҳии мардум аз гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон мебошад.

17.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Юнусов Комрон  – роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Ҷумҳурии Халқии Хитой таъин гардид

Бо розигии раиси Шӯрои маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” Абдуллозода Аҳтам Рустам роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Юнусов Комрон Субҳонович  – донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи омӯзишҳои байналмилалӣ  таъин гардид. Юнусов Комрон Субҳонович  минбаъд роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”  дар ҳамкорӣ бо Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, корпусҳои дипломатии созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои маҳфил  ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, муаррифии таърих, фарҳанг, осори пурғановати миллати тоҷик ва мусоидат дар ҳалли мушкилоту дастовардҳои ҷавонон дар давлати мазкур фаъолият менамояд. Ҳамзамон, дар доираи қарори мазкур […]

17.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд

15 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба марҳилаи дуюми истгоҳи обполоӣ ва обтаъминкунии «Худҷореъ»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» оғози расмӣ бахшиданд. Тадбири мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” амалӣ гардида, ҷиҳати таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ амалӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми истгоҳи обтозакунӣ 28 ноябри соли 2017 оғоз гардида, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои замони муосир анҷом ёфт. Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ […]

15.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 563