734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти Ғозиёни ноҳия майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ғозиён дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи бошукӯҳ аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар масоҳати 0,31 гектар замин сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳа дар ҳамин ҷо Парчами миллиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд. Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ба истифода додани Кӯдакистони хусуии «Уқобча» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Уқобча» – ро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи мазкур, ки аз 2 ошёна ва маҷмуи иншооти ёрирасон иборат мебошад, аз тарафи соҳибкорзани ватандӯст Замира Каримова бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Ин соҳибкорзан бо бунёди чунин кӯдакистони зебову замонавӣ, ки дорои тамоми шароити таълиму тарбия мебошад, орзуи деринаи хешро, ки саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ буд, амалӣ кард. Корҳои таҷдиду навсозии муассиса соли 2019 оғоз гардида буд ва он дар рӯзҳои таҷлили […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Боздид аз табиати зинда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дӯсти Азиз” дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз гӯшаи табиати зинда боздид ба амал оварданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат аз парвариши навъҳои гуногуни паранда аз ҷумла, шутурмурғи африқоӣ аз наздик шинос шуданд. Гӯшаи табиати зинда олами воқеии парандагонро бозгӯ намуда, дар он намудҳои гуногуни оилаи парандаҳо парвариш меёбанд. Ин макон аз тарафи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Юсуф Алимов бунёд гардидааст. Масоҳати умумии гӯшаи табиати зинда наздики 1 гектарро дар бар гирифта дар ҳудуди он наздики 20 намуди паранда парвариш карда мешавад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи Фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Дӯсти Азиз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз», ки дар минтақаи кӯҳии Рухаки деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд шудааст, ташриф оварданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд. Нахуст дар саҳни корхонаи парандапарварӣ маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи Ширкати ҳасиббарории “Азизӣ” ва навъҳои гуногуни хӯроки паранда, ки дар дохил ва хориҷи мамлакат истеҳсол гардидааст, намоиш дода шуд. Гуфта шуд, ки Ширкати ҳасиббарории “Азизӣ” ба истеҳсоли ҳасиб дар шаклу андозаҳои гуногун машғул буда, фабрикаи парвариши мурғ низ бо мақсади таъмини ин корхона бо […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ба истифода додани фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии Бобоҷон Мақсуд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд”-ро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки масоҳати фермаи ширию молии мазкур 6 гектарро ташкил дода, дар ин ҷо зиёда аз 350 сар чорвои калони зоти сиёҳалои навъи тоҷикӣ парвариш карда мешавад. Аз шумораи умумии чорвои калон 120 сар ширдеҳ буда, аз ҳар сар солона 3 ҳазору 569 литр шир истеҳсол мегардад. Парвариши зоти сиëҳалои навъи тоҷикӣ ба шароит ва иқлими минтақа мутобиқ буда, маҳсулнокии ин зоти чорвои […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 7 8 9 10 11 36