734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Ифтитоҳи маркази хизматрасонии “Азизи дил” ва иштирок дар чорабинии идонаи наврӯзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази нави хизматрасонии “Азизи дил”-ро ифтитоҳ карда, дар саҳни ҳавлии он дар чорабинии идонаи наврӯзии сокинони ноҳия иштирок карданд. Маркази нави хизматрасонии маишӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, сокини ватандӯсти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Даврон Азизов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкории хурду миёна бунёд гардид. Иншооти мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дар як баст ба 150 – 200 нафар мизоҷ хизмат мерасонад. Дар назди марказ таваққуфгоҳ барои 20 нақлиёти сабукрав сохта шудааст. Дар саҳни ҳавлии маркази […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Cуханронӣ дар маросими ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Fозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҳамдиёрони гиромӣ! Дар рӯзҳои мубораки таҷлили ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯзи Аҷам ба истифода додани майдони Парчами давлатиро дар маркази деҳоти зебои Ғозиён ба ҳамаи шумо самимона табрик мегӯям. Бунёди майдони парчам боз як ташаббуси созандаи мардуми ватандӯстамон дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатӣ буда, ба ободиву пешрафти деҳоти Ғозиён, тақвияти боз ҳам бештари эҳсоси ватандории сокинони он ва пос доштани суннатҳои бостонии гузаштагони некноми халқамон мусоидат мекунад. Ҳар яки мо бояд ифтихор кунем, ки дар солҳои истиқлоли давлатӣ ҷашну маросим ва суннату ойинҳои миллиамон, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон эҳё гардида, дар миёни мардуми минтақаҳои гуногуни олам маҳбубият пайдо карданд […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар деҳоти Ғозиёни ноҳия майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳоти Ғозиён дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи бошукӯҳ аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар масоҳати 0,31 гектар замин сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз болои лавҳа дар ҳамин ҷо Парчами миллиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд. Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ба истифода додани Кӯдакистони хусуии «Уқобча» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Уқобча» – ро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи мазкур, ки аз 2 ошёна ва маҷмуи иншооти ёрирасон иборат мебошад, аз тарафи соҳибкорзани ватандӯст Замира Каримова бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Ин соҳибкорзан бо бунёди чунин кӯдакистони зебову замонавӣ, ки дорои тамоми шароити таълиму тарбия мебошад, орзуи деринаи хешро, ки саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ буд, амалӣ кард. Корҳои таҷдиду навсозии муассиса соли 2019 оғоз гардида буд ва он дар рӯзҳои таҷлили […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Боздид аз табиати зинда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дӯсти Азиз” дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз гӯшаи табиати зинда боздид ба амал оварданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат аз парвариши навъҳои гуногуни паранда аз ҷумла, шутурмурғи африқоӣ аз наздик шинос шуданд. Гӯшаи табиати зинда олами воқеии парандагонро бозгӯ намуда, дар он намудҳои гуногуни оилаи парандаҳо парвариш меёбанд. Ин макон аз тарафи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Юсуф Алимов бунёд гардидааст. Масоҳати умумии гӯшаи табиати зинда наздики 1 гектарро дар бар гирифта дар ҳудуди он наздики 20 намуди паранда парвариш карда мешавад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 6 7 8 9 10 35