734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд

11 сентябр дар кӯчаи Сайфиддин Сангови шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз навсозӣ Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, бинои Коллеҷи санъат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, аз толори рақс, навозиш, синфхонаи компютерӣ, утоқҳои кории устодон ва синфхонаҳо барои донишҷӯён иборат аст. Корҳои сохтмонӣ дар бинои коллеҷи мазкур моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гарида, дар ҷараёни сохтмони иншоот 30 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Бино дорои 15 синфхона буда, ҳар як синфхона бо аёнияти дарсӣ ва асбобҳои […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил»-ро дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд

11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил»-ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки маркази мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббии ултрасадои дил, велергометрия, сабти барқи дил, дефибрилятор, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, таҷҳизоти набзченкунӣ, кардиомонитор ва таҷҳизоти фишорсанҷӣ муҷаҳҳаз мебошад. Маркази мазкур дорои шуъбаи машваратию ташхисӣ, ташхиси ултрасадо ва гӯшаи гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ, шуъбаи эҳё ва наҷот, шуъбаи бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландии шараёнӣ ва дармонгоҳ мебошад. Иншооти мазкур бо таҷҳизоти пешгирӣ аз сӯхтор муҷаҳҳаз буда, […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак»-ро дар шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор доданд

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳин маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак»-ро мавриди истифода қарор доданд. Маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак» аз се ошёна иборат буда, он аз ошхона барои 100 ҷойи нишаст, маркази дилхушии бозиҳои кӯдакона, толори либосҳои миллии арӯсӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, маҳси бадан ва толори варзишии занона иборат мебошад. Ҳамчунин дар саҳни бинои маркази фароғатии «Модар ва кӯдак» ҳуҷраи махсуси ултрасадо барои модарон бо тамоми шароити зарурӣ  таҷҳизонида шудааст. Инчунин дар саҳни бинои мазкур барои кӯдакону наврасон сехи хурди истеҳсоли яхмос ба фаъолият шурӯъ намуд. Қобили зикр аст, ки […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон биноҳои баландошёнаи истиқоматиро дар кӯчаи Сангак Сафарови шаҳри Кӯлоб ба истифода супурданд

Дар кӯчаи Сангак Сафарови шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат як бинои 13 ошëнаи истиқоматиро, ки бо маблағгузории ҶДММ «Комил-2010» бунёд гардидааст, ба истифода супурданд. Бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ дорои таҳхона, таваққуфгоҳ, маркази тиҷоратию фароғатӣ, тарабхона ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад. Дар як қисмати бино бо назардошти Солҳои рушди деҳот, сайëҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 барои сайёҳон хонаҳои алоҳида бо тамоми шароит ҷудо карда мешавад. Дар сохтмони бино зиёда аз 250 нафар мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд ва корҳои сохтмониро ҶДММ «Комил-2010» ба зимма дошт. Сохтмон соли 2018 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд. Баъди ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дар ҳамин ҷо дастархони идона […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, он аз ду ошёна, 6 ҳуҷраи корӣ, қабулгоҳ, толори маҷлисгоҳ, толори хурд, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад. Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар доираи ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон амалӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2017 оғоз шуда, бо сифат баланд […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 5 6 7 8 9 25