734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Иштирок дар кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и ноҳияи Спитамен

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна»-и Деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен ба ҷараёни корҳои кишти пахта оғоз бахшиданд. «Суғдиёна» яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Спитамен дар соҳаи пахтакорӣ буда, соли 2016 таъсис ёфтааст ва 18 нафар саҳмдор дорад. Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Суғдиёна» дар маҷмӯъ дорои 41,56 гектар замин мебошад ва 11 гектари онро заминҳои корами обӣ дар бар мегирад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ соли гузашта дар майдони 7 гектар замин пунбадона кишт намуда буданд ва аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 38 сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Сарвари давлат […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Боздид аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2” дар деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи суперинтенсивии хоҷагии деҳқонии “Дӯстобод-2”-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази тақсимоти яклухти “Витаминҳои Тоҷикистон”, ки дар деҳаи Озариёни деҳоти Тағояк бунёд шудааст, боздид намуданд. Боғи навбунёди суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар бунёд гардидааст, ки таҷрибаи нахустин дар Тоҷикистон мебошад. Бо мақсади ҳифзи ниҳоли дарахтон аз жола ва дигар офатҳои табиӣ болои дарахтон бо тури махсус пӯшонида шудааст. Бартарии дигари ин боғ дар он аст, ки системаи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда, бо ин васила сарфаи барзиёди об пешгирӣ, хароҷоти қувваи корӣ ва нуриҳои минералӣ коҳиш меёбад. Бунёди боғи […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Суханронӣ ба муносибати ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен

Устодони муҳтарам, падару модарон ва фарзандони азиз! Пеш аз ҳама, шумо – ширкаткунандагони ҷамъомади имрӯза, кормандони соҳаи маориф ва кулли сокинони ноҳияи Спитаменро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки муътабартарин ойини ниёгони мо ва беҳтарин маҳсули тафаккури  бузургони тамаддунсозамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Ҷашни Наврӯз бо вуҷуди ойини куҳанбунёд буданаш, суннати ҳамешаҷавон аст ва дар сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи  таҳкими пайванди  наслҳо,  иртиботи гузашта бо имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии шоиста мебошад. Ба ҳукми анъана даромадааст, ки мардуми мо ҳамасола ба истиқболи ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ хонаву кошона ва маҳалли зисти худро тозаву озода карда, бо нияти […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба истифодадиҳии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ба деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ташриф оварданд. Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавони мамлакат, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст. Мактаб аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Иштирок дар Иди асал, нон ва картошка дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд

24 март сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ба Боғи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, дар Иди асал, нон ва картошка иштирок намуданд. Намоишгоҳ аз се қисми асосӣ – намоишгоҳи нонҳо, асал ва картошка иборат буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастовардҳои сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ва ҳунари намояндагони аҳли фарҳанги вилоят шинос шуданд. Дар Иди асал, нон ва картошка сокинони шарафманди вилояти Суғд маҳсули дастранҷи худро бо ороишоти гуногун ба намоиш гузоштанд, ки хеле дилкаш […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 4 5 6 7 8 36