734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Ифтитоҳи гармхонаи замонавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро” оғози расмӣ бахшиданд. Корҳои бунёдӣ дар ин гармхона соли 2019 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст. Қобил ба зикр аст, ки иншооти мазкур дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат ташкил гардида, дар он маҳсулоти босифат парвариш карда мешавад. Иқдоми мазкур аз ҷониби соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров пиёда гардида, масоҳати умумии он 2 гектарро ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки гармхона ба ду қисм: гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо гардида, […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Иштирок дар фестивали «Сайри гули лола» дар шаҳри Хуҷанд

Баъд аз анҷоми маросими ботантанаи ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар ҳамин мавзеъи назаррабо бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола», ки мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, доир гардид. Ҳадаф аз баргузории ин озмуни зебоӣ пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни сокинони мамлакат, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ба ин муносибат дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ 300 ҳазор гули лола шинонида шуда, 34 […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд

26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд баъди навсозии куллӣ Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Маросими ба истифода додани ин иншооти фарҳангию фароғатӣ бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори номвари тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ки замони зиндагиаш ба давраи ҳукмронии Давлати Сомониён рост меояд, оғоз ёфт. Муҷассамаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо баландии 6,5 метр дар даромадгоҳи боғ қомат афрохта, дар паҳлӯи он ҳамчунин ихтирои дастгоҳи нуҷумии ин мунаҷҷими барҷастаи тоҷик- «Устурлоб» сохта шудааст. Дар дохили Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ҳамчунин Планетария бунёд шудааст, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Иштирок дар бунёди боғи интенсивии кооперативи истеҳсолии “Самир – Суғд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи “Рухак”-и деҳоти Ғозиëни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунëди боғи нав, ки дар он ниҳоли дарахтони ба содирот нигаронидашуда шинонида мешавад, асос гузоштанд. Замини мавзеъи “Рухак”, ки солҳо боз бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ дур монда буд, бо дастури бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулони кооперативи истеҳсолии “Самир – Суғд” дар марҳилаи аввал дар майдони зиёда аз 1100 гектар бунëди боғи нав оғоз карда шуд.  Ҳамзамон аҳли заҳмат дар ин мавзеъ беҳтарин навъҳои ниҳоли дарахтони чормағз, бодом, анор, ангур, гелос ва хуч шинонида истодаанд, ки ба иқлими ин ҷо мутобиқ ва серҳосил […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ ва гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и ноҳияи Спитамен

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен ҳамчунин аз намоиши дастовардҳои кишоварзон ва гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2»-и деҳоти Тағояк дидан намуданд. Аҳли заҳмати ноҳияи Спитамен наздики 40 навъи маҳсулоти кишоварзиро, ки бо истифода аз имконоту шароити мавҷуда ҳамасола парвариш мекунанд, ба намоиш гузоштанд. Дар ноҳияи Спитамен 1600 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд буда, аҳли заҳмат сол то сол майдони кишту парвариши зироати ба иқлими минтақа мувофиқро дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа бештар мекунанд ва дар таъмини сокинон бо маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза саҳм мегузоранд. Дар ноҳия баробари кишту парвариши сабзавот ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ низ таваҷҷуҳи […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 3 4 5 6 7 36