734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 4 миллион нафар наздик мешавад

ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ба ҳолати соати 9:30 8 май дар саросари ҷаҳон шумораи гирифторони коронавируси COVID-19 ба 3 миллиону 917 ҳазору 619 нафар расида, аз онҳо 1 миллиону 344 ҳазору 152 кас шифо ёфтаанд ва 270 ҳазору 720 тан фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ). Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 292 623 нафар), Испания  (256 855),  Италия (215 858), Британияи Кабир (206 715), Россия (177 160), Франсия (174 791), Германия (169 430), Бразилия (135 773), Туркия  (133 721)  ва Эрон (103 135) дохил мешаванд. Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (217 250 нафар), Испания (163 919), Германия (141 700), Италия (96 276), Туркия (82 984), Эрон (82 744), Чин (77 993), Бразилия (55 350), Франсия (55 027) ва Канада (28 972 нафар )    шифо ёфтаанд. Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (76 928 нафар), Британияи Кабир (30 615), Италия (29 958), Испания […]

08.05.2020 Нет комментариев Читать далее>

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода шунида шуд. Таъкид гардид, ки дар давоми солҳои 2012-2019 аз буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ ҳамагӣ 207 миллион сомонӣ ва бо ҷалби сармоягузории давлатии хориҷӣ 840 миллион сомонӣ равона гардид. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти марбута оид ба татбиқи тадбирҳои мақсадноки Барнома дар соли 2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 27, 7 миллиард сомонӣ […]

01.05.2020 Нет комментариев Читать далее>

Боздиди муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисмҳои низомӣ

Санаи 28.04.2020 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исматуллозода Ш.И. ба қисми низомии 02615-и ноҳияи Шоҳмансур ва 07150-и шаҳри Турсунзода ташриф овард, зимни боздид ӯро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А.Қ. ҳамроҳӣ намуданд. Дар доираи боздид сафар муовини Сарвазири кишвар аз омодагиҳои қисмҳои низомӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус, ҳолати бунгоҳои саломатӣ ва шароит дар вақти мулоиҷа, ҳолати будубоши сарбозон, алалхусус ҷойи хоб, хурду хӯрок, ҷойҳои шустани дасту рӯй ва бадан, синфхонаҳои дарсӣ, майдончаҳои варзишӣ ва ҷойҳои машқу тамрини ҳарбӣ, ҷойҳои фароғативу маишӣ (боғҳо) дидан намуданд. Муовини Сарвазири мамлакат бо сарбозону афасарон суҳбату вохӯрӣ доир намуда, қайд карданд, ки […]

30.04.2020 Нет комментариев Читать далее>

Иштирок дар фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020” дар Қасри Арбоб

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб дар фестивали “Атлас ва адраси тоҷик-2020”, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар саҳни Қасри Арбоб пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи духтарони тоҷик бо либосҳои хуштарҳу зебо бо самимияти афзун истиқбол гирифтанд. Барномаи фестивали вилоятии “Атлас ва адраси тоҷик-2020” бо намоиши маҳсули дасти ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид. Дар намоишгоҳ, ки басо ҷолибу назаррабо оро ёфта буд, намунаҳои зиёди ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, сӯзанӣ, гулдӯзӣ, матои дастбоф, либосҳои миллӣ, читгарию суфгарӣ, қолинҳои дастбоф, ҷомаю тоқидӯзӣ, наққошӣ, кундалсозӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ ва ғайра ҳунари […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Иштирок дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи нави суперинтенсивӣ асос гузоштанд. Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин ниҳолро шинонида, барои нигоҳубини дурусти боғ ба кишоварзон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Иттилоъ дода шуд, ки боғи суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” бунёд гардида, дар он дарахтони себ, нок, зардолу ва шафтолу шинонида мешавад. Ниҳолҳое, ки дар боғ шинонида мешаванд, аз дигар давлатҳо ворид гардида, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, ба обу ҳаво ва иқлими Тоҷикистон муносиб мебошанд. Аз рӯи хусусият, тамоми ниҳолҳо қадпаст ва […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 6 36