734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Лахш

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди сокинони ноҳияи Лахш, ки барои мулоқот бо роҳбари хеш дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ доир карданд. Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мардуми заҳматпешаву меҳмоннавози ноҳияи Лахшро ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, барои пазироии самимӣ изҳори сипос карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушду пешрафти ноҳияи Лахш, ки дар як муддати кутоҳ бо шарофати дастгирии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба даст омадааст, изҳори хушнудӣ карданд. Таъкид гардид, ки барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш то ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш […]

26.06.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни бунёди боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Тоҷикобод

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин Майдони Парчам ва Нишони давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар масоҳати умумии 1,30 гектар бунёд гардида, қомат афрохтани ин рамзҳои давлатдорӣ ба симои ноҳия шукуҳу шаҳомати нав зам менамояд. Қобил ба зикр аст, ки то ин дам дар ноҳияи Тоҷикобод чунин макони истироҳатию фароғатӣ мавҷуд набуд. Акнун Боғи Парчам ва Нишони давлатӣ барои истироҳату фароғати сокинони ноҳия имконияти хубе фароҳам меорад. Баландии Парчам 35 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 10 ба 5 метр мебошад. Пояи Нишони давлатӣ 18 метрро ташкил медиҳад. Корҳои бунёдӣ дар […]

25.06.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни бунёди боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Тоҷикобод

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин Майдони Парчам ва Нишони давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар масоҳати умумии 1,30 гектар бунёд гардида, қомат афрохтани ин рамзҳои давлатдорӣ ба симои ноҳия шукуҳу шаҳомати нав зам менамояд. Қобил ба зикр аст, ки то ин дам дар ноҳияи Тоҷикобод чунин макони истироҳатию фароғатӣ мавҷуд набуд. Акнун Боғи Парчам ва Нишони давлатӣ барои истироҳату фароғати сокинони ноҳия имконияти хубе фароҳам меорад. Баландии Парчам 35 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 10 ба 5 метр мебошад. Пояи Нишони давлатӣ 18 метрро ташкил медиҳад. Корҳои бунёдӣ дар […]

25.06.2019 Нет комментариев Читать далее>

Иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Қалъа»-и ноҳияи Тоҷикобод

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти баргузории намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, бо нашъунамои зироатҳо дар Хоҷагии деҳқонии «Қалъа» шинос шуданд. Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла олучаву гелос, тут, тути заминӣ, қулфинай ва навъҳои пешпазаки зардолу, ки ин шабу рӯз дар ин минтақаи кӯҳистони мамлакат пухта расидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ маҳсулоти дигар, ба монанди гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва навъҳои гуногуни нон, ки дар ҳудуди ин ноҳия истеҳсол карда мешаванд, ба маъраз гузошта шуд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ нишон дод, ки сокинони ин минтақаи дурдаст бо маҳорати баланди кадбонугиву пазандагӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ном баровардаанд ва намунаи ҳунарҳои дастии онҳо василаи хуби ҷалби сайёҳони хориҷӣ низ мебошад. Инчунин зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори занбӯри асалпарварони ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни замон дар ноҳияи Тоҷикобод бештар аз 6 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ, дар ду соли гузашта оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия бамаротиб зиёд шудаанд. Тибқи иттилои масъулони идораи кишоварзии ноҳия, дар соли 2019 шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 7 ҳазор адад расонида хоҳад шуд. Давоми соли 2018 ба занбӯрпарварон муяссар гардид, ки бештар аз 110 тонна асали хушсифат истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ ворид созанд. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Қалъа» хабар дода шуд, ки айни замон дар ин хоҷагӣ меҳнаткашон дар майдони 5 гектару 80 садяк зироатҳои гуногун, аз қабили помидор, қаламфур, карам, бодиринг, сабзӣ, турб, шалғам, лӯбиё, каду, ғалладона ва картошка кишт кардаанд. Зироатҳои номбурда ба иқлими ноҳия мувофиқ буда, дар сурати дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишту парвариш, ҳосили фаровон ба даст овардан мумкин аст. Картошка зироати асосӣ ва барои деҳқонони ноҳия даромаднок ба ҳисоб меравад. Имсол дар ноҳия майдони кишти умумии картошка ба 1085 гектар расонда шуд, ки назар ба соли 2018 зиёдтар аст. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Қалъа» дар майдони 4 гектар картошка кишт карда, коркарди агротехникии онро хушсифат анҷом доданд. Деҳқонон барои таҷриба имсол аз 3 намуди тухмӣ, аз ҷумла дар баробари истифодаи тухмии маҳаллӣ ҳамчунин аз ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд ва Лахш навъи тухмиҳои «Пикассо» ва «Тоҷикистон»-ро оварда, истифода ва кишт карданд. Зикр кардан зарур аст, ки дар ин ноҳияи кӯҳистон сол то сол картошкапарварӣ рушд меёбад. Соли 2018 деҳқонони ноҳия истеҳсоли картошкаро ба 24 ҳазору 71 тонна расонданд, ки назар ба соли 2017, 1631 тонна зиёд мебошад. Тазаккур дода шуд, ки ноҳияи Тоҷикобод дар ҷумҳурӣ ҳамчун маркази таҷрибаи пешқадам дар соҳаи картошкапарварӣ шинохта мешавад. Маслиҳатҳои муфиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон феълан ба рушди картошкапарварӣ натанҳо дар ноҳия ва водии Рашт, балки дар ҷумҳурӣ таккони ҷиддӣ бахшид. Сарвари давлат зикр доштанд, ки дар низоми иқтисодии минтақа бахши кишоварзӣ афзалияти хоса дорад. Аз ин рӯ, ба масъулони ҷумҳуриявию ноҳиявӣ дастур доданд, ки ба бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Баъд аз иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ ва ошноӣ бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Қалъа», Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи навъсанҷии маҳсулоти кишоварзӣ дар мавзеи Сари Пули ноҳия бо доираи васеи сокинони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот карданд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат сокинони ин минтақаи дурдасти ҷумҳуриро ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, ҳамаи иқдомоти созандагӣ ва зиндагии шоистаи мардумро самараи сулҳу суботи сартосарӣ маънидод карданд. Дар анҷоми мулоқот сокинони ноҳияи Тоҷикобод ба Пешвои миллат барои талошҳои хастанопазир дар роҳи таъмини зиндагии арзанда ба ҳар фарди Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ карданд.

25.06.2019 Нет комментариев Читать далее>

Дастури Пешвои миллат оид ба нархи истифодаи интернет

Имрӯз бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯи карда шуд

24.04.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 25 26 27 28 29 32