734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Оғоз бахшидан ба азнавсозии роҳи мошингарди Муъминобод-Кӯлоб

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод нахуст аз иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод” шурӯъ гардид. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тарҳи мазкур дар доираи марҳилаи сеюми “Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ карда мешавад. Иҷрои ин лоиҳа, 214,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Таъмиру навсозии 35 километр роҳ ва таҷдиди 6 пул низ дар доираи ҳамин лоиҳа сурат хоҳад гирифт. Роҳи автомобилгади Кӯлоб-Муъминобод аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, давоми солҳои зиёд навсозӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, ҳолати имрӯзаи ин роҳ ба талабот ҷавобгӯ нест ва боиси масрафоти зиёди […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод

Субҳи 10-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти маданӣ-маишӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони сершумор, намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонони саодатманду ваҳдатсарои ноҳияи Муъминобод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти беандоза ва шукргузории комил аз ваҳдату суботи саросарӣ пазироӣ карданд. Дар ин рӯз мардуми ноҳия барои истиқболи шоистаи Сарвари давлат омада, як барномаи дидании фарҳангиро, ки саршор аз меҳру муҳаббати меҳанпарастӣ буд, манзури ҳозирин гардониданд.

10.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»

 9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иштирок ва суханронӣ карданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми кишвар ва иштирокчиёни тантанаи идонаро бори дигар ба муносибати солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатӣ ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” — чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон табрику таҳният гуфтанд. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки бисту ҳашт сол муқаддам халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ба […]

10.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз! Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳимме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солиёни зиёд муайян менамоянд. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад. Ба ифтихори 28-умин солгарди ин рӯйдоди таърихӣ сокинони сарбаланди Тоҷикистони азиз ва ҳамватанони бурунмарзиро самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди соҳибватан иқболи нек, рӯзгори пурфайзу баракат, саодат ва комёбиву хушбахтӣ орзу менамоям. Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, […]

10.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»

9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмон Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” Хайрулло Сафарзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Ба кор даровардани агрегати дуюми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор дорад. Маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати дуюми неругоҳи барқи обии “Роғун” мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон […]

10.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 22 23 24 25 26 36