734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ дар ноҳияи Мӯъминобод санги асос гузоштанд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҳамчунин ба бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ санги асос гузоштанд. Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки боғи  мазкур дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти “Деҳибаланд” ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 6 гектар сохта мешавад. Иншооти мазкур давоми ду сол бо тарҳи зебову замонавӣ бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд карда хоҳад шуд. Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия бо назардошти арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминобод майдончаи варзиширо мавриди истифода қарор доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон инчунин майдончаи варзишиеро, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ- 28- умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар масоҳати умумии 1025 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд карда шудааст. Инчунин дар шафати майдончаи варзишӣ барои машқу тамрин ва обу тоби бадан беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. Майдончаи варзишӣ бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дар он қариб 15 адад чароғҳои хурду бузурги равшанидиҳӣ насб карда шудаанд. Илова бар ин, барои […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалбро дар ноҳияи Мӯъминобод ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия ба фаъолияти Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб расман оғоз бахшиданд. Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, корхои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2014 шурӯъ шуда, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст. Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб дар ноҳияи Муъминобод аз 4 ошёна иборат буда, дар он ошхона, шуъбаи барқарорсозии кӯдакона, бахши машваратию ташхисӣ, маъмурият, шуъбаи бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, бахши табобатӣ-барқарорсозӣ, табобати интенсивӣ, толори табобати варзишӣ ва шуъбаи барқарорсозии калонсолон, инчунин бахшҳои дигари табобатию […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба азнавсозии роҳи мошингарди Мӯъминобод-Кӯлоб оғоз бахшиданд

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мӯъминобод нахуст аз иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Мӯъминобод» шурӯъ гардид. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тарҳи мазкур дар доираи марҳилаи сеюми «Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад. Иҷрои ин лоиҳа, 214,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Таъмиру навсозии 35 километр роҳ ва таҷдиди 6 пул низ дар доираи ҳамин лоиҳа сурат хоҳад гирифт. Роҳи автомобилгади Кӯлоб-Мӯъминобод аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, давоми солҳои зиёд навсозӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, ҳолати имрӯзаи ин роҳ ба талабот ҷавобгӯ нест ва боиси масрафоти зиёди […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Прокуратураи ноҳияи Мӯъминободро мавриди истифода қарор доданд

10 сентябр дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Мӯъминобод бинои наву замонавии Прокуратураи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. Бино аз 3 ошёна иборат буда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 35 нафар коргари маҳаллӣ сифатан хуб ба анҷом расонида шудаанд. Дар бинои хуштарҳу замонавии Прокуратураи ноҳияи Мӯъминобод 10 утоқи корӣ, як маҷлисгоҳ ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот баҳои арзанда дода, онро туҳфаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони прокуратура […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 21 22 23 24 25 36