734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани «Мӯъминобод»-ро ифтитоҳ намуданд

10 сентябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринав Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани «Мӯъминобод»-ро мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, аз сехи истеҳсолу коркарди севаю сабзавот ва анбору сардхона иборат мебошад. Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан дар майдони 1,2 гектар бунёд шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар сехи нӯшокиҳои ташнагишикан нӯшоба, афшура ва мураббои меваҳои гуногун омода карда мешавад. Дар як басти корӣ дар ин сех 5 ҳазор қуттии нӯшокии ташнагишикан […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод боздид намуданд

Дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзии сокинони ноҳия боздид карданд. Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти саноативу кишоварзии хоҷагии ҷангали ноҳия, деҳоти Балхобӣ, “Нуралишо Назаров”, “Деҳибаланд”, ба номи Шамсиддин Шоҳин, хоҷагии таҷрибавии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи кишоварзӣ дар ноҳия ва ғайра ба маъраз гузошта шуд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мӯъминобод сол аз сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳанд. Дар ноҳия корхонаҳои саноатӣ мавҷуд буда, аз ин ҳисоб 6 коргоҳ фаъолияти мавсимӣ доранд. Натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ қонеъкунанда буда, бо эълони ҳадафи 4-уми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ корҳо […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон

Ҳамдиёрони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Сафари навбатии мо ба ноҳияи Мӯъминобод ба рӯзҳои таҷлили ҷашни бузурги Ватани азизамон — Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Ба ин муносибат мардуми меҳмоннавози ноҳияи Мӯъминобод ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро самимона табрик мегӯям. Имрӯз мо бо вазъи рушди ноҳияи Мӯъминобод аз наздик шинос шуда, итминон ҳосил кардем, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар мардуми шарафманду заҳматқарини ноҳия барои рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт аҳлона заҳмат кашида истодаанд. Дар натиҷаи саъю талоши ватандӯстонаи онҳо ноҳия ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он хеле беҳтар шудааст. Тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 600 миллион […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Шаҳринави деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳияи Мӯъминобод боздид намуданд

Дар деҳаи Шаҳринави деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳияи Мӯъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунармандони ноҳия дидан карданд. Дар ин намоишгоҳ сокинони ноҳияи Мӯъминобод намунаи беҳтарини маҳсули дасти худро ба маърази дид гузоштанд. Хосса бонувони чирадаст навъҳои гуногуни либосҳои миллӣ, аз ҷумла чаканро, ки соли 2018 ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардид, ба намоиш гузоштанд. Тавре маълум гардид, дар ноҳияи Мӯъминобод ҳунарҳои чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурдӯзӣ, адрасбофӣ, шерозбофӣ, кӯрпадӯзӣ, муҳрабофию кокулсозӣ, тоқидӯзӣ, кешбофӣ, рафидадӯзӣ дар ҳоли рушд қарор доранд. Махсусан баъд аз эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таваҷҷуҳи сокинони ноҳия ба ҳунару ҳунармандӣ бештар гардид. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи «Мӯъминобод»-ро дар деҳаи Шаҳринави деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳияи Мӯъминобод мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳия Меҳмонхонаи «Мӯъминобод»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бинои Меҳмонхонаи «Мӯъминобод» дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Идихон Сафаров бунёд шуда, ба зебоии ноҳия ҳусни дигар зам мекунад. Дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ 12 ҳуҷра бо катҳои хоб, маҷлисгоҳ, тарабхона ва тӯйхона ҷойгир карда шудааст. Дар маҷмӯъ Меҳмонхонаи «Мӯъминобод» метавонад дар як вақт то 20 нафарро қабул намояд. Ҳуҷраҳо бо ҷиҳоз, телевизор ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 20 21 22 23 24 36