734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик –Кангурт оғоз бахшиданд

Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт расман оғоз бахшиданд. Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил медиҳад. Мутобиқ ба лоиҳа дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, гузоштани 25 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ 8 пули мошингузар, кашидани хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ ва сохтмони дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст. Роҳи мазкур бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё таҷдид мегардад. Мавриди зикр аст, ки ҳоло ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаи роҳ […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Истиқболи меҳмони олиқадр, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ

Нимаи дуюми рӯзи 10-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар деҳаи Меҳрободи деҳоти Гулистон сокинони саодатманди ноҳия Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд. Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Восеъ дар солҳои Истиқлолият ба тадриҷ рушд намуда, дар заминаи таваҷҷуҳ намудани роҳбарияти олии мамлакат ба корҳои ободонию созандагӣ барои мардуми шарафманди он шароити арзандаи кору зиндагӣ фароҳам омад.

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи навро ифтитоҳ намуда, аз обанбори Мӯъминобод боздид намуданд

10 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як ҷойи хеле хушбоду ҳаво меҳмонхонаи навро ифтитоҳ карда, аз обанбори Мӯъминобод боздид ба амал оварданд. Обанбори Мӯъминобод, ки барои обёрии заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мӯъминобод ва Восеъ нигаронида шудааст, ҷойи мусоиду мувофиқ барои рушди варзиш- шиноварӣ ва қайиқронӣ мебошад. Дар фасли гармо обанбор барои оббозӣ ва атрофи он барои сайру тамошои мардум хеле созгор аст. Дар ин ҷо дастаи қайиқронҳои ноҳия ва шаҳри Душанбе бо истифода аз шароити мусоид ба машқ машғул мебошанд. Қобили зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат дар ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи варзиш ва […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи хоҷагии деҳқонии «Аминҷон» боздид намуда, бо фаъолияти ҶДММ «Махсуми Карим» дар ноҳияи Мӯъминобод шинос шуданд

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи Хоҷагии деҳқонии «Аминҷон»-и деҳоти “Деҳибаланд” боздид намуда, бо фаъолияти деҳқонон ва кормандони ҶДММ «Махсуми Карим» шинос шуданд. Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки хоҷагии мазкур соли 1998 таъсис ёфта, масоҳати заминҳояш ба 4,5 гектар баробар аст. Аз ин ҳисоб дар 3,25 гектар зироаткорӣ ва дар 1,25 гектари боқимонда боғ бунёд шудааст. Боғи Хоҷагии деҳқонии «Аминҷон» соли 2010 таъсис ёфта, онро деҳқони асилу таҷрибадор Бегаҳмад Одинаев роҳбарӣ мекунад. Дар ин боғ навъҳои гуногуни себ, аз ҷумла голден, крепсон, самаренко, старкрипсон, қосимсаркорӣ, ҳамчунин нок ва гелосу зардолу парвариш карда мешаванд. […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Мӯъминобод мулоқот намуданд

10 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот бо фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо солгарди 28 — уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Таҳлили вазъи рушди ноҳия нишон медиҳад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми меҳнатдӯсти ноҳия дар самти пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумат барои рушди ноҳия беш аз 600 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Тайи 15 соли охир дар ноҳияи Мӯъминобод татбиқи 23 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 320 миллион сомонӣ анҷом […]

11.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 19 20 21 22 23 36