734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Иқтисодиёт


Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд

15 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба марҳилаи дуюми истгоҳи обполоӣ ва обтаъминкунии «Худҷореъ»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» оғози расмӣ бахшиданд. Тадбири мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” амалӣ гардида, ҷиҳати таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо оби тозаи нӯшокӣ амалӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми истгоҳи обтозакунӣ 28 ноябри соли 2017 оғоз гардида, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандартҳои замони муосир анҷом ёфт. Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ […]

15.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли ҷӯробҳои ҶДММ «Ваҳдат» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд

15 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат», ки ба истеҳсоли ҷӯроб машғул аст, оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаи ҷӯроббофӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Илҳом Мирзоев бунёд гардида, мақсад аз таъсис додани он то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, бо шуғли доимӣ таъмин кардани аҳолӣ ва тақвият бахшидани иқтидори содиротии мамлакату мусоидат ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ мегардад. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона 19 миллиону 200 ҳазор […]

15.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд

15 январ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-ро расман ифтитоҳ намуданд. Бинои нав дар кӯчаи Деҳлавии ноҳияи Шоҳмансур дар ҷойи бинои куҳнаву фарсуда ва якошёнаи муассисаи мазкур, ки солҳои 50 — уми қарни гузашта сохта шуда буд, қомат афрохтааст. Иншооти чорошёнаи навбунёдро сохтмончиён замонавӣ, бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва бо санъати баланди меъмории миллӣ бунёд намудаанд. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёқут – 2000” — ум дар муддати як сол ва бо ҷалби беш аз 100 нафар коргарони маҳаллӣ анҷом додааст. Бинои таълимӣ дар масоҳати 1820 метри мураббаъ […]

15.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби №65 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Устодону омӯзгорон ва хонандагони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва аҳли маорифи пойтахтро ба муносибати ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 дар ноҳияи Шоҳмансур, ки аввалин иншооти соҳаи маориф дар оғози соли нави мелодии 2020 –ум мебошад, самимона табрик мегӯям. Мактаби навбунёди имрӯза, ки дар он барои 2000 нафар хонанда дар ду баст имкониятҳои беҳтарини таълим муҳайё гардидаанд, аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ Абдуҳалим Қодирзода — роҳбари Ширкати “Ёқут — 2000” ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ дар муддати як сол сохта шудааст. Ин муассиса аз 5 ошёна, 38 синфхона ва 15 синфхонаи фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳои лингофонӣ, технологияҳои иттилоотӣ, утоқҳои алоҳидаи фанҳои риёзиву дақиқ ва омӯзиши […]

15.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Дар Душанбе китоби нав дар бораи корномаи Пешвои миллат чоп шуд

 Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби нави соҳибкори фозилу донишманди мамлакат Акрам Воҳидов ва доктори илмхои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода бо номи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – чароғи роҳи пешрафт» ба забони тоҷикӣ чоп шуд. Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки «инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин сармашқҳо барои афроди ҷомеа дар тамоми арсаҳои зиндагӣ мебошанд. Ахлоқи неку, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои ахлоқии Пешвои миллат ҳастанд, метавонанд барои такомули фард […]

14.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 25