734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Фарҳанг


Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки бори аввал дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба ВКХ—и ҷумҳурӣ. Вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкории ниҳодҳои сиёсати хориҷиро оид ба масъалаҳои гуногуни рӯзномаи Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати ҳифзи василаҳои мавҷудаи ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ ва маҳдудиятҳои карантинӣ махсус зикр намуданд. Дар масъалаи таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ муфассал табодули афкор сурат гирифт. Дар суханронии Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва самтҳои афзалиятноки […]

13.05.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ёдгор Файзов, Раиси ВМКБ: «Бо мақсади пешгирии бемории сироятӣ аз риояи баъзе расму суннатҳо муваққатан худдорӣ намудан зарур аст»

ХОРУҒ, 13.05.2020/ АМИӢ «Ховар»/.   Яке аз масъалаҳои нозук — ин ба хок супоридани шахсоне мебошад, ки бар асари бемории сироятии COVID-19 аз дунё реҳлат мекунанд. Бо мақсади ҳифзи саломатии хешу табор, ёру дӯстон то лаҳзаи омода гардидани манзили охират ҷасад дар беморхона мемонад ва танҳо бо тавсия ва ҳузури табибон он ба хок супорида мешавад. Бояд дар ин лаҳзаҳои душвору ҳассос бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ аз риояи баъзе расму суннатҳои исломӣ ва аҷдодӣ муваққатан худдорӣ варзем. Ин матлабро Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов зимни ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир ба пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 баён дошт. Раиси вилоят Ёдгор Файзов ба ҳамаи сокинони вилоят барои риояи маслиҳату тавсияи табибон изҳори сипос намуда, аз кулли сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, соҳибкорону волонтёрон даъват кард, ки дар ин шабу рӯз дар канори табибон бошанд ва онҳоро ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам […]

13.05.2020 Нет комментариев Читать далее>

Саидмукаррам Абдуқодирзода: «Дуо мағзи ибодат аст. Аз ин рӯ дуо мекунем, ки Худованд ин балову офатро аз сари мо бардорад»

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Комиссияи олии «Бародарии инсонӣ», ки қароргоҳаш дар Амороти Муттаҳидаи Араб воқеъ аст, аз тамоми мардуми ҷаҳон даъват ба амал овард, ки рӯзи панҷшанбе, 14 май тибқи оини дин, мазҳаб ва таълимоти худ даст ба дуо бардоранд, аз Худованд илтиҷо намоянд, ки   COVID-19-ро  бартараф созад, инсониятро аз ранҷу азобҳои имрӯза наҷот диҳад ва ба олимон кумак кунад, то табобати онро пайдо намоянд ва дунёро аз оқибатҳои тиббӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии пандемияи коронавирус наҷот диҳанд. Вобаста ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳамсуҳбат гардид. Мавсуф оид ба ин даъват зикр намуд, ки ҳар инсон- хоҳ  пир бошад, хоҳ ҷавон, […]

13.05.2020 Нет комментариев Читать далее>

Табрикоти Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 90-солагии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”

Қаламбадастони азизи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”.  Нахуст ҳамаи Шуморо ба ифтихори 90-солагии рӯзномаи дӯстдоштании хурду бузурги кишвар – “Ҷавонони  Тоҷикистон” табрику таҳният гуфта, бароятон комёбӣ ва қалами буррою созанда орзумандам. “Ҷавонони Тоҷикистон” аз зумраи рӯзномаҳое мебошад, ки аз ибтидо бо сабку услуби хоси хеш дар таҳкими дӯстиву рафоқат, якдиливу созандагӣ ва ватандӯстиву худшиносии аҳли ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст. Агар ба таърихи рӯзнома назар андозем, маълум мегардад, ки 90 соли фаъолияти рӯзнома 90 соли бурду бохт ва дастовардҳои муҳими таърихии миллати тоҷикро дар худ таҷассум менамояд. Дар воқеъ, рисолати ҳар рӯзнома аз он иборат аз аст, ки дар раванди фаъолияти худ пеш аз ҳама тарғибгару ташвиқкунандаи дастовардҳои миллӣ, муқаддасоти давлатӣ ва арзишҳои […]

06.04.2020 Нет комментариев Читать далее>

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД

Нимаи дуюми рӯзи 3 апрели соли 2020 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии “Беҳтарин ашъор ва маводи насрӣ дар мавзӯи ватандӯстӣ” ва беҳтарин мақолаи публисистӣ дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан – шарафи ҷавонмардист” бахшида ба 27 солагии таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ карда шуданд. Баргузории озмунҳои мазкур барои баланд бардоштани завқи эҷодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, муқаддасоти миллат, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан ва ҳифзу гиромӣ доштани сарзамини биҳиштосо – Тоҷикистони азиз заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Лозим ба зикр аст, ки дар озмунҳои мазкур зиёда аз 85 нафар ҷавонону наврасони эҷодкор ва адибону навқаламон аз тамоми манотиқи […]

03.04.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 6 24