734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Фарҳанг


ДУВВУМИН ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ: “ДӮСТИИ ҶАВОНОНИ ҶАҲОН ПОЯНДА БОД”

Санаи 17 марти соли 2020 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара дуввумин Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод” бо иштироки ҷавонони хориҷӣ, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони намояндагони созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ва волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” доир гардид. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас Фестивали байналмиллалӣ бо беҳтарин суруду рақсҳои дилнишин аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон идома ёфта зиёда аз 17 давлатҳои ҷаҳон намунаи суруду рақсҳои миллии худро намоиш доданд. Дар охир ба иштирокчиёни чорабинии мазкур диплому туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди […]

20.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

ТО ЯК ТАРОНА ҲАСТ, ҶАВОНӢ НАМЕРАВАД…

Бо ташаббуси Маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкори назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи адабӣ – фарҳангиро бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Озарахш таҳти унвони “То як тарона ҳаст, ҷавонӣ намеравад…” доир гардид. Дар чорабинии мазкур, адибони ҷавони соҳибистеъдоду лаёқатманд ва сарояндагону мутрибони шинохта аз эҷодиёти ин шоири ширинкалом сурудҳо ва шеърҳо қироат намуданд. Сухани сухани ифтитоҳӣ – табрикотии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид.   Дар ин миллати фарзонасиришт шоирону нависандагон, қаламдорону соҳибилмон дар пайравӣ ба ашъори бузургони миллати тоҷик, шеъру ғазал, достон, рубоиву қасида, мухаммасу мусаддас, таъриху марсияҳо ва […]

19.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

САЛОМ, НАВРӮЗИ ҶАВОНӢ…

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши бахшида ба таҷлили ботантанаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар саросари ҷумҳурӣ санаи 14 марти соли ҷорӣ саёҳати ҷавононро дар боғҳои фарҳангиву фароғатии ҳудуди ҷумҳурӣ таҳти унвони “Салом, Наврӯзи ҷавонӣ” ташкил менамояд. Зимни саёҳати мазкур аз ҷониби ҷавонони фаъол, аъзоёни ТҶ “Пайравони Пешвои миллат” ва ТҶ “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон” чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ дар мавзеҳои фароғатӣ ва тақсими сабзаҳо ҳамчун рамзи ҷашни мазкур ташкил карда мешаванд.

12.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Омодагии ҷавонон ба ҷашнҳом бузургӣ миллӣ

Бо мақсади дар сатҳи баланд ва бо як шукуҳу шаҳомати хосса истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмилалӣ, Кумита кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон озмуну чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ, варзишиву оммавӣ ва хонишҳои сисёсиро банақша гирифта, тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ҳар як гушаву канори кишвар, алалхусус деҳаҳои дурдаст ташкил ва баргузор намуда истодааст, ки барои чавонон, бахусус ҷавондухтарон як заминаи муҳимеро барои фардои нек мегузоранд. Озмунҳои “Њусноро” дар ноҳияи Ховалинг, “Суради аллаи Модар” дар ноҳияи Файзобод, “Кани духтарон” дар ноҳияи Ванҷ, мизи мудаввар дар мавзӯи “Либос як ҷузъи фарҳанги миллӣ” дар шаҳри Хуҷанд, мусобиқаҳои варзишӣ оида ба намудани волейбол […]

10.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

МУРОҶИАТИ ВКХ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРВАНДОН: дар робита ба паҳншавии коронавируси COVID-2019 аз сафар ба Корея, Эрон, Италия, Афғонистон ва Чин дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоед

Бо дарназардошти хуруҷи коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Италия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин ҳолати эпидемиологӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки аз сафар ба кишварҳои мазкур дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.  «Ҳамчунин дар ҳолати сафар ба кишварҳое, ки дар он ҷо ҳодисаҳои мубтало шудан ба коронавирус мавҷуд аст, бояд вазъи мазкур ба назар гирифта шуда, талаботи беҳдоштӣ ва тавсияҳои ниҳодҳои марбута риоя гарданд ва аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам парҳез шавад»,- тавсия медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ёдовар мешавем, ки ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои […]

06.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 20