734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Фарҳанг


Чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи Модарон

Модар инсонест ҷахонро пурнур ва инсонҳоро хушбахт мегардонад. Модар чун нури ҷонфизо ва файзу фазилати хонадон буда, моҳест моро аз зулмоту торикӣ ба субҳи босафо роҳнамоӣ менамояд. Баҳри бузургии зан-модар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  як қатор чорабиниҳоро  бахшида ба Рӯзи Модар ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии “Суруди Модар-алла”, барномаи адабии фарҳангӣ ва эҷодӣ, мастер класс оид ба омода намудани армуѓонҳои миллӣ, ҷиҳати ҷалби ҷавондухтарон ба ҳунарҳои мардумӣ, аёдат ва қадрдонии занону бонувони собиқадор, ҷавондухтарони имкониятҳояшон маҳдуд, мизи мудаввар дар мавзӯҳои “Пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, омили муҳими рушди пойдории ҷомеа” ва “Либос як ҷузъӣ фарҳанги миллӣ”, мусобиқаҳои оммавию варзишӣ, аз ҷумла марҳилаи якуми […]

27.02.2020 Нет комментариев Читать далее>

ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАНҒАРА БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дуввумин Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷиро таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поняда бод” санаи 18 марти соли 2020 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон доир менамояд. Фестивали фарҳангии ҷавонони хориҷӣ соли дувум аст, ки аз ҷониби маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир карда шуда, дар соли 2019 дар фестивали мазкур намояндагони беш аз 12 давлати дунё иштирок намудаанд. Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2014 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис дода […]

25.02.2020 Нет комментариев Читать далее>

Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон”

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 феврали соли 2020 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, бахусус ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон”-ро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои кишвар ва шарикони рушд доир намуд. Форуми мазкур таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардида, ҳадафи асосии кори Форум ба даст овардани омилҳои пешгирӣ, паст кардани шиддати ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, интихоби ҳаёти осоишта ва ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонону варзишгарон ва сокинони кишвар мебошад. Форуми мазкур бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои мухталифи кишвар, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷавонони […]

14.02.2020 Нет комментариев Читать далее>

НАҚШИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТИИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР РАВАНДИ МАЪРАКАҲОИ МУҲИМИ СИЁСӢ

Имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар ва роҳбарону намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар раванди маъракаҳои муҳими сиёсӣ” баргузор шуд. Раҳмонзода Абдулло, раиси кумита зимни суханронӣ изҳор дошт, ки ташкилотҳои кор бо ҷавонон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоӣ яке аз роҳҳои амалигардонии ташаббусҳои ҷавонон, воситаи қонеъгардонии талаботи онҳо дар фаъолияти иҷтимоияшон мебошад. -Ташкилотҳои кор бо ҷавонон дар амалисозии манфиатҳои ҷомеа ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти гурӯҳҳои мухталифи ҷавонони Тоҷикистон нақши муҳим мебозанд. Ҳадафи фаъолияти ташкилотҳои мазкур дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии ин қишри ҷомеа […]

13.02.2020 Нет комментариев Читать далее>

“БУВАД ҲАР НУҚТАИ ДЕВОНИ ҲОҶӢ ОЛАМИ ҲАЙРАТ…”

Таҳти ҳамин унвон имрӯз аз ҷониби “Маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкор”-и назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи адабӣ – фарҳангии театрикунонидашудаи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар толори Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов бо иштироки васеи адибони ҷавон, ҳунармандони маъруфи кишвар ва пайравону дӯстдорони эҷодиёти шоир ташкил ва баргузор карда шуд. Дар қисмати аввали чорабинӣ ҷавонони ҳунарманд аз ҳаёт, фаъолият ва эҷодиёти шоир саҳнаи театриро омода намуда, манзури бинандагон гардониданд. Дар қисмати фарҳангии маҳфил ҳунармандон, пайравон ва сарояндагони маъруфи кишвар ба монанди Давлатманд Хол, Чилахон Холов, Баҳриддин Беков, Афзалшо Шодиев ва оилаи Раҷабовҳо аз эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн баромад намуданд. Дар раванди чорабинӣ зиёда аз 15 […]

07.02.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 13 14 15 16 17 30