734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Фарҳанг


Нақши Пешвои миллат дар муаррифии фарҳанги миллӣ: чакан мероси ғайримодии фарҳангии ЮНЕСКО

Дар доираи баргузории Фестивали намоиши ҷумҳуриявии “Зиннату ҳусни ҷавонист- Чакан” конфронси илмӣ – назарявӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар муаррифии фарҳанги миллӣ: чакан мероси ғайримодии фарҳангии ЮНЕСКО” баргузор мегардад. Дар кори конфронс коршиносони соҳа,  олимону муҳаққиқон, пажуҳишгарон ва намояндагони комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ хоҳанд намуд. Конференсия санаи 16 июни соли 2019 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор  мегардад.

07.06.2019 Нет комментариев Читать далее>

“Лабханди ҷавонӣ” дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барномаи бошукуҳи идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар кишвар таҷлил мегардад, таҳти унвони “Як рӯзи ҷавонӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур устодону донишҷӯён  фаъолона ширкат варзида, барномаи рангини ҳунарӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар чорабинии мазкур маҳфили “Лабханди ҷавонӣ”- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намоиш додани барномаи ҳаҷвии худ хотири иштирокдорони ин барномаи идонаро шод намуданд. Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ низ ба роҳ монда шудааст.

18.05.2019 Нет комментариев Читать далее>

Аввалин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда, ҳадаф аз баргузории ин фестивали байналмилалӣ пеш аз ҳама дӯсту муттаҳид гардонидани ҷавонони олам мебошад. Дар ин фестивал намояндагон аз давлатҳои хориҷа бо дастагули тару тоза, бо рақсу сурудҳои миллию хориҷӣ ҳунари волои хешро муаррифӣ менамоянд. Фестивали мазкур барои табодули таҷрибаи ҷавонон дар самти фарҳангдӯстӣ, омӯзиши фарҳангҳои халқиятҳои дигар, дӯстиву ҳамгироӣ ва пеш аз ҳама барои муттаҳид намудани ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар Фестивали мазкур ҷавонони Тоҷикистон низ бо беҳтарин рақсу таронаҳои дилнишин фарҳанги волои тоҷиконро муаррифӣ менамоянд. Ёдовар мешавем, ки фастивали мазкур аввалин маротиба дар Ҷумҳурии […]

13.05.2019 Нет комментариев Читать далее>

ФЕСТИВАЛ – ОЗМУНИ ФАРҲАНГИИ ДОНИШҶӮЁН: “ИСТЕЪДОД”

Имрӯз  дар толори Донишгоҳи Милли Тоҷикистон ҷамъбасти Фестивал – озмуни фарҳангии донишҷӯён  “Истеъдод”  миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе  баргузор гардид.       Дар фестивали мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовинони ректор оид ба тарбия, мудирони шуъбаҳои фарҳанг ва кор бо ҷавонон иштирок доштанд.      Зимни табрикоти худ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикиситон, муҳтарам Аҳмадзода Дилнозаи Даврон зикр намуданд, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷўҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наву эҷодкор Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” эълон ва дар се марҳила баргузор гардида истодаанд, […]

06.05.2019 Нет комментариев Читать далее>

Фестивали Ҷумҳуриявии “Гулчини сурудҳои ватандӯстона”

   Санаи 4 майи соли ҷорӣ дар амфитеатри Боғи “Ирам” Фестивали Ҷумҳуриявии “Гулчини сурудҳои ватандӯстона” бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи Нақшаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ, бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикиситон,  таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид.     Дар фестивали мазкур 1500 нафар сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ва роҳбарияти вазорату идораҳо иштирок намуданд. Афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва ҷавонони соҳибистеъдоди фаъол бо ҳунари волои худ ҳусну таровати бештар зам намуданд.    Қобили қайд аст, ки баргузории фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон ва ташаккул додани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон […]

04.05.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 11 12 13 14 15 23