734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Фарҳанг


Мероси падар хоҳӣ касби падар омӯз…

Мероси падар хоҳӣ касби падар омӯз… Кордсозӣ шуғле мебошад, ки аз замонҳои дур ашхоси муайян ба сохтани он машғул мешуданд. Ин анъана то имрӯз идома ёфта, нафароне айни ҳол ба сохтани корд сару кор доранд.Дар ин ҷода ҷавонон низ фаъолият менамоянд, ки аз соҳибҳунариву маҳоратнокии онҳо дарак медиҳад. Назирҷон Аюбов, зодаи шаҳри Истаравшан, аз ҷавонҳое мебошад, ки ба кордсозӣ машғул гардида, имрӯз ба яке аз ҳунармандони ин роҳ табдил ёфтааст. Пешаи кордсозӣ барои ӯ авлодӣ буда, аз бобокалонаш боқӣ мондааст. Падару бародаронаш низ дорои ҳунари мазкур мебошанд. Муҳаббат ба касб ӯро доим баҳри расидан ба орзуҳонерӯи тоза мебахшад. Аз як ҷисми сахт ба монанди оҳан офаридани ҳар гуна асбоб кори […]

10.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Кӯдакон ояндаи моянд

Дирӯз, 1 июни соли 2016, дар Боғи Ирами пойтахт бахшида  ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак таҳти унвони«Кӯдакон ояндаи моянд» бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Маркази ҷумҳуриявии фарҳанг ҷавонон «Ориёно» чорабнии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шуд. Сараввал Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода кӯдаконро бо Рӯзи ҳифзи кӯдак табрик намуда иброз дошт, ки танҳо дар ҳолати таваҷҷуҳи зарурӣ додан ва дуруст тарбия намудану ба роҳи рост ҳидоят намудани кӯдакону наврасон мо метавонем, наслҳои солиму худогоҳро тарбия карда, давлатдории мустақилонаи худро мустаҳкам созем ва дилпурона ба сӯи оянда пеш равем. Дар чорабинии мазкур ба 120 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маводҳои хӯрока тақдим карда шуд. […]

02.06.2016 Нет комментариев Читать далее>

Шоми Ориёно

Шоми дирӯз 19 майи соли ҷорӣ, бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабинии фарҳангӣ – фароғатии «Шоми Ориёно» дар бинои КВД «Маркази ҷумҳуриявии фарҳангӣ ҷавонон «Ориёно» доир гардид. Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур роҳбарияти Кумита, Раёсати донишкадаи забонҳо ва донишҷӯёни дигар макотибҳои олии кишвар иштирок намуданд. Барномаи чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тарҳрезигардида, дорои хусусиятҳои дӯстиву рафоқатро миёни насли наврасу ҷавон таҷассум мекард, ки он хотири иштирокчиёнро болида гардонид. Ёдовар мешавам, ки чорабини мазкур ҳар ҳафта дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» бахшида ба 25-умин солгарди […]

20.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Абдураҳмон Қодирӣ ба донишҷуён изҳори сипос намуд

Имрӯз, 20 майи соли ҷорӣ, дар доираи нақша чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унваони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо ҷавонон баргузор шуд. Зимни баромади хеш роҳбарияти вилоят мутахассисони ҷавонро ҳидоят намуд, ки дар оянда кадрҳои босавод, озодакор, хушмуомилаву боирода бошанд ва бо дасту дили пок барои Ватан хизмат кунанд. Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки дар ҳар донишгоҳ маҷмӯи асбобҳои миллии мусиқӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонони толибилм ба омӯзиш фаро гирифта шаванд. Абдураҳмон Қодирӣ ба донишҷуёни макотиби олӣ ва миёнаи махсус ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ изҳори […]

20.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

Фарҳанг ҳамрадифи зиндагии мо буд, ҳаст ва мемонад.

ФАРҲАНГ ҲАМРАДИФИ ЗИНДАГИИ МО БУД, ҲАСТ ВА МЕМОНАД. Ин нуқтаро иброз дошт Раиси  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Абдуллозода Аҳтам зимни баромади хеш имрӯз  19  майи соли ҷорӣ, дар Конференсияи илмиву амалӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат, ҷавонон, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ», ки дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов дар доираи «20 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Инчунин Аҳтам Абдуллозода  ҳозиринро бо ҷашнҳои дар пеш истода, аз ҷумла Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон нисбати ҷавонон ва рушди фарҳангу санъат дар замони […]

19.05.2016 Нет комментариев Читать далее>

1 10 11 12 13 14 16