734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Фарҳанг


Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш

Ҳамватанони гиромӣ! Омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони азиз! Имрӯз дар саросари кишвар соли нави таҳсил оғоз гардид, ки онро тамоми муассисаҳои таълимӣ бо дарси сулҳ шурӯъ мекунанд. Ба ин муносибат устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва бахусус, кӯдаконеро, ки имсол ба боргоҳҳои маърифат қадами нахустин мегузоранд, табрик мегӯям. Ҳамчунин, сокинони кишварро ба ифтихори бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ – 28 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз таҷлил мегардад, самимона шодбош гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ орзу менамоям. Дар замони пуртазод ва зудтағйирёбандаи муосир нақши сулҳ ва пойдории он нисбат ба ҳар вақти дигар аҳаммияти хосса касб кардааст. Зеро сулҳу оромӣ муҳимтарин омили рушди аҳли […]

02.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Эълони озмуни ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология ва навоварӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барои соли 2019

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии соҳибистеъдодҳои ҷавон, адибону рӯзноманигорон, рассомону бастакорон, режиссёрону меъморон, санъаткорону ҳунармандон, техникону технологон ва навоварони ҷавон, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, барои дарёфти ҷоизаи Кумита дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология ва навоварӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барои соли 2019 озмун эълон менамояд.         Ҷоиза аз рўйи тартиби зайл баҳогузорӣ карда мешавад: Адибон (китобҳои илмӣ, бадеӣ, адабӣ, ашъор, осор); Рӯзноманигорон (мақолаҳо, маводҳои иттилоотӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, гузоришҳои хабарӣ (ба корҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бартарият дода мешавад); Барномасозон (ихтирокорӣ дар самти технологияҳои […]

29.08.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ифтитоҳи ҶСП “Заводи асфалту бетон” дар шаҳри Душанбе

27 август дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи “Заводи асфалту бетон”-ро ифтитоҳ карданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти дастгоҳи наву муосири истеҳсоли асфалт ҳусни оғоз бахшиданд. Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи “Заводи асфалту бетон”, ки роҳбариашро соҳибкори ҷавон Тоҳир Ҳукуматов ба уҳда дорад, аз соли 2002 то инҷониб фаъолият карда истодааст. Шумораи коргарон 300 нафарро ташкил медиҳанд ва баъди васлу насби коргоҳи муосир дар ин ҷо боз 50 ҷойи кории нав таъсис ёфт. Коргоҳи истеҳсоли асфалт аз давлатҳои Италия ва Туркия ворид […]

28.08.2019 Нет комментариев Читать далее>

Тақдими туҳфа ба 100 нафар ятими кулли вилояти Суғд

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулл кумаки моддӣ расонда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир карданд. Ин навбат хонандагони синфҳои аз 6 то 11 – и мактаб – интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ашт ва Мастчоҳ аз туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз кумакпулӣ, сару либос ва дастархони идона иборат буд, баҳравар шуданд. Ин тадбир дар доираи сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат амалӣ шуда, зимни суханронӣ дар назди ятимон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба кулли табақаи ниёзманд […]

23.08.2019 Нет комментариев Читать далее>

Оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум»

23 август сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон идома ёфт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон нахуст ба татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” оғози расмӣ бахшида, бо рафти навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуданд. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки таҷдиди асосии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”, иншооти ёрирасон ва гидротехникии он марҳила ба марҳила сурат мегирад. Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” иншооти гидроэнергетикии сарбанддори агрегатҳояш дар танаи дарғоти обпарто ҷойгирифта мебошад ва дар соҳили чапи маҷрои Сирдарё воқеъ аст.  Корҳои сохтмонии ин неругоҳ соли 1952 оғоз гардида, агрегати […]

23.08.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 9 10 11 12 13 23