734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Фарҳанг


Дар қатори ҳама Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пушти миз нишаста, бо зиндониён ғизо хӯрданд ва бо чанде аз маҳбусон муколама оростанд. Аз аҳволу саломатӣ, вохӯрӣ бо оилаҳо, хешу табор ва сифати хӯрок пурсон шуданд.

25 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузошта, зиёда аз 20 ҳазор нафарро авф карданд. Ин авфи якуму даҳуми Эмомалӣ Раҳмон нест. Зеро сарвари давлати мо пайваста аз ҳолу аҳволи зиндониён бохабаранд ва зимнан пайваста ба ишон гузаштҳо мекунанд. Воқеан кам иттифоқ меафтад, ки президентҳо ба зиндон рафта, аз ҳоли раъият хабар гиранд. Президенти мо меравад! Ва матлаби фавқ дар ҳамин бора қисса мекунад. Мо Метавонем! Тирамоҳи соли 2000-ум. Дар ҳуҷраи корӣ суҳбат доштам, ки занги телефони ҳукуматӣ баланд гашт. Гӯширо бардоштам, аз он сӯ садои ошнои сардори Хадамоти муҳофизаи Президент Мурод […]

23.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуданд

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти нонию қаннодӣ ва таомҳои милливу ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуданд. Аҳли заҳмати 16 шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсули дастранҷи худро ба маъраз гузоштанд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунару маҳорати баланди нонпазии кадбонувони ноҳия шинос шуданд. Сокинони шукргузори ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳама бахшу соҳаҳо бо заҳмати аҳлона ба дастоварду натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил мегарданд. Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ дар дегҳои алоҳида пухтани таҳмол, далда, ду намуд ҳалво, оши палав ва дигар намуди ғизоҳои болаззат муаррифӣ гардид. Таомҳои миллии мо дар олам бо таъму лаззати ба худ хос беҳамто буда, шаҳодати соҳибтамаддун […]

26.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Боздид аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон: Тоҷикистон биҳишти рӯи Замин аст!

Субҳи имруз ҳайати расмии ҷавонони Ҳиндустон ба шаҳри Ҳисор сафар намуданд. Сафари ҳайати расмии ҷавонони Ҳиндустон дар доираи баргузории аввалин Форуми ҷавонони Тоҷикистон Ҳиндустон сурат гирифт. Ҳайати меҳмонон зимни сафар ба шаҳри Ҳисор аз мавзеъи таърихию сайёҳии “Қалъаи Ҳисор” дидан намуда, бо таърихи куҳани ин меҳан, ёдгориҳои таърихӣ, расму оинҳои миллӣ, либосҳои миллӣ ва дигар анъанаҳои неки мардуми тоҷик аз наздик ошно гардиданд. Ҳайати ҷавонони Ҳиндустонро муовини раиси шаҳри Ҳисор ва дигар шахсонӣ расмӣ истиқбол намуданд. Барои пешвози меҳмонони олиқадр мавзеъи таърихию сайёҳии “Қалъаи Ҳисор” ороста шуда, меҳмононро чун анъанаи неки миллати тоҷик бо нону намак пешвоз гирифтанд.

25.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ташрифи ҷавонони Ҳиндустон ба шаҳри Норак

Субҳи рӯзи 23 ҳайати расмии ҷавонони Ҳиндустон, ки дар доираи баргузории аввалин Форуми ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ба шаҳри Норак бо мақсади боздид аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва ошноӣ аз Неругоҳи барқии Норак сафар намуданд. Дар даромадгоҳи шаҳри Норак меҳмонони олиқадрро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва дигар шахсони расмӣ бо гулу гулдастаҳо пешвоз гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки аз 21 то 27 сентябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Форуми ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Ҳиндустон поянда бод” баргузор гардида истодааст. Дар доираи баргузории Форуми […]

25.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

суҳбату вохӯриҳо дар вилояти Суғд

Нимаи дуввуми имрӯз дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Назарзода Ризо Шодӣ ва Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд муҳтарам Каримов Мирзоқосим мулоқот бо ҷавонону аъзоёни махфили “Пайравони Пешвои миллат” баргузор гардид. Дар рафти мулоқот масъулин қайд намуданд, ки шукргузор нисбат ба Ватани тинҷу осоишта, номбардори ин диёри биҳиштосо ва парчамбардори Тоҷикистони азиз бошем. Ҳамзамон доир ба даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, омӯхтани илму дониш ва омӯзиши забонҳо даъват ба амал оварда шуда, кайд гардид, ки имрӯз баҳри пешрафти фаъолияти кории ҷавонон бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои […]

20.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 15