734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Мақолаҳо


Майли ҷавонон ба ихтироъкорӣ меафзояд

Барои ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ тарғиби ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар ҷумҳурӣ, ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонони кишвар ва муҳайё намудани шароити муносиб лозим аст. Имрӯзҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ баҳри донишандӯзӣ, аз бар намудани илм ва донишҳои гуногун тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Хушбахтона, ҷавонону наврасони мо аз ин ҳама имкониятҳои муфид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат муҳайё гардидааст, самаранок истифода намуда, дар баробари ин дониш ва малакаи зеҳнии худро дар самти ихтироъкорӣ низ санҷида истодаанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист. Бино ба маълумотҳои мавҷуда дар ҷумҳурӣ айни ҳол шумораи умумии ихтироъкорони ҷавон (аз 21 то 30-сола) 92 нафар буда, онҳо ба ихтироъкорӣ машғул мебошанд. Имрӯз хушбахтона ҷавонону наврасони мо […]

08.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Нақши ҷавонон дар ҷомеа

Ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбаранда маҳсуб меёфтанд ва  имрӯз ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда, ҳифзкунанда ва муаррифгари фарҳангу мероси аҷдодони барӯманди халқи тоҷик, иқтидорои воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллату давлатанд. Асарҳои начандон тӯлонии таърихӣ  шаҳодат медиҳанд, ки ҳаракати муташакилонаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикситон барои  барқарории сохти констиутсионӣ ва таъмини сулҳу оромӣ дар ҷомеа ҳанӯз аз давраи таъсисёбии Тоҷикистон нақши худро гузоштаанд. Барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории навин дар даврони фоҷиаҳои нангин, ки Тоҷикистонро дар вартаи нобудшавӣ қарор медод, ҷавонон дар он замон нерӯи пурқуввати миллат шуда, сураъти задухӯрдҳо ва манфиатҷӯйиҳоро комилан пешгирӣ карда, якдилу якмаромиро пешаи асосии худ қарор дода, барои […]

08.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Пешвои миллат эҳёгари ҳунарҳои миллӣ

Ҳунарҳои мардумӣ дар киш­вари мо баёнгари миллати меҳнатдӯсту ҳунарпарвари тоҷик буда, пайвандгари насли имрӯза ба гузаштаи таърихи башариятанд. Имрӯз бо дарки ин муҳиммият дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ибти­кори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марказҳои гуногуни омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаъолият доранд. Дар ин марказҳо соки­нон ба омӯзишу фаъолият ҷалб шудаанд. Дар даврони истиқлолият Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри аз нав эҳё наму­дани анъанаҳои сирф тоҷикӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз қадим миллати мо онро худ кашф на­мудаву ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда буду бо сабабҳои гуно­гун дар арафаи нестшавӣ қарор доштанд, иқдомҳои гуногунро ба […]

07.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Бегонапарастӣ

ё чаро ба қаҳрамонони худ тақлид накунем? Барои ватандӯстдорӣ баъзе нозукиҳоро бояд ба мо дониш­мандон омӯзонанд. Аз таҷриба, аз илму донишашон ба мо ёд диҳанд, ки Ватан чисту ҳифзу гиромидошти арзишҳои он чист? Вале дар баъзе ҳолатҳо мо биду­ни роҳбару роҳбалад, бехудона бояд ба қадри арзишҳои миллиа­мон расем. Мисли он ки бояд иро­даву ғайрат ва ҷавонмардии мо нагузорад, ки фарҳанги дигареро аз расму оин ва фарҳанги худ боло донем. Агарчи он беҳтару хубтар ба назар намояд ҳам, вале бояд ба ин амал роҳ надиҳем. Чаро ки фарҳанги онҳоро низ афроде аз миёни эшон ба сатҳи воло расонидаю муаррифӣ на­мудаанд. Лиҳозо ин ҳолат бояд нохун дар нангу номуси ватандо­рии мо занад, […]

07.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон – чашми бедори Ватан

Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуда буданд: “Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо “Соли ҷавонон” маҳдуд намешавад. Ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”. Ин суханҳо собитгари онанд, ки кору фаъолияти ҷавонон – ин қишри ояндасози ҷомеа ҳаргиз аз мадди назари давлату ҳукумати мамлакат дур набуд ва нест. Ин ҷавононро уҳдадор месозад, ки ташаббускори амалҳои созанда буда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, алайҳи ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза баранд, дар ҳифзи амнияти кишвари маҳбуб ҳамеша омода ва посдори таъриху фарҳанги ғании халқамон бошанд. Чун онҳо дар радифи тамоми мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи […]

06.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 58