734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Мақолаҳо


САД ШУКР, КИ МО БОЗ БА НАВРӮЗ РАСИДЕМ!

“Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон – Наврӯз умри дубора касб карда, имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад”. Эмомалӣ РАҲМОН Наврӯз аслан иди мардумӣ, иди кишоварзон аст. Тоҷикон яке аз қадимтарин мардумони алоқаманд бо кишоварзӣ мебошад. Барои босамар бо ин кор машғул шудан аҷдоди мо ивазшавии фаслҳои сол ва махсусан, фарорасии мавсими киштукорро бояд дақиқ медонистанд. Аз ин рӯ, онҳо гардиши офтоб ва ситораҳоро мушоҳида карда, оқибат фарорасии ин фаслро, ки оғози соли нав буд ва ба  дақиқаҳои аввалии моҳи фарвардин рост меояд, муайян карданд. Барои ҳоси дилхоҳ ба даст овардан донистани рӯзу соати оғози кишту […]

06.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

МУРОҶИАТИ ВКХ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРВАНДОН: дар робита ба паҳншавии коронавируси COVID-2019 аз сафар ба Корея, Эрон, Италия, Афғонистон ва Чин дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоед

Бо дарназардошти хуруҷи коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Италия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин ҳолати эпидемиологӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки аз сафар ба кишварҳои мазкур дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.  «Ҳамчунин дар ҳолати сафар ба кишварҳое, ки дар он ҷо ҳодисаҳои мубтало шудан ба коронавирус мавҷуд аст, бояд вазъи мазкур ба назар гирифта шуда, талаботи беҳдоштӣ ва тавсияҳои ниҳодҳои марбута риоя гарданд ва аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам парҳез шавад»,- тавсия медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ёдовар мешавем, ки ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои […]

06.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Вазорати рушди иқтисод ва савдо: «Ба овозаҳои беасос бовар накунед! Маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла гандум ва орд ба Тоҷикистон асосан аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид мегарданд»

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сокинони мамлакат муроҷиат менамояд, ки ба овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти асосӣ бовар накарда, ба эҳсосот дода нашаванд ва барои аз эҳтиёҷоти истеъмолии худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ намоянд. Зеро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот дар сатҳи зарурӣ ва баъзе намуди онҳо аз меъёрҳои тавсиявии истеъмолӣ зиёдтар таъмин мебошанд. Дар маҷмӯъ барои таъмини эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ дар Тоҷикистон захираву иқтидорҳои зарурии истеҳсол ва нигоҳдории молу маҳсулот мавҷуд буда, овозаҳо вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти […]

05.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Табрикоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бахшида ба 27 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарбозону афсарони шуҷои Ватан ва ҷавонони саодатманди диёр! Пеш аз ҳама бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми ҳайати шахсӣ ва афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори 27 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям. Бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст. Дар кишвари мо бошад, зимни амалӣ намудани ин мақсадҳои наҷиб ва корҳои муҳиму шоиста нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам […]

22.02.2020 Нет комментариев Читать далее>

«Доштани Артиши миллӣ далели оромиву осудагии давлат аст»

Ҳамасола 23 феврал мардуми шарифи тоҷик солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҷашн мегиранд. Вобаста ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН бо муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо НАЗАРЗОДА ҳамсуҳбат гардид. АМИТ «Ховар»: Мусаллам аст, ки ягон давлат бе таърих, фарҳанг ва Артиши миллӣ арзи вуҷуд карда наметавонад. Дар ин радиф нақши ҷавонон дар таҳкми давлатдорӣ ва хизмат ба Ватан басо бузург мебошад. Андешаи Шумо дар ин хусус… Р.Назарзода: Албатта, агар таъриху фарҳанг нишонаи ҳастии давлат бошанд, пас доштани Артиши миллӣ гувоҳи оромиву осудагии давлат мебошад ва дар ин замина барои пойдории Қувваҳои […]

22.02.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 40