734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Мақолаҳо


ИНТИХОБИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР НИШОНАИ ОЗОДИИ ДАВЛАТ ВА САОДАТИ МИЛЛАТ АСТ

Маълум аст, ки имрӯз дар тамоми манотиқи кишвари азизамон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани “Интихобот -2020” ё худ интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ рафта истодааст. Роҳбарони ҳизбҳои сиёсие, ки имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ кору фаъолияти хешро дар асоси барномаҳои стратегии худ, бо назардошти рушду тараққиёти давлату миллат матраҳ намуда, дарҳақиқат ба хотири рушди давлати тоҷикон кӯшиш мекунанд, худро аз ин маъракаи сиёсӣ бо ҳаргуна баҳонаҳо ҷудо накарда, номзадҳои худро пешбарӣ карда истодаанд. Вале бархе аз намояндагони ҳизбҳо, ки роҳбарони онҳо танҳо ҳадафҳои ҷоҳталабию манифатҷӯӣ доранд, дар расонаҳои хабарӣ ҳар гуна хабарҳои дасисаангезро паҳн намуда, гӯё мехоҳанд мардумро бо найрангу дасисаи худ аз ин чорабинӣ боздоранд. Аммо мардум имрӯз […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

“ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ҶАҲОНИ МУОСИР”

Омилҳои асосии вуҷуд доштани чунин марказҳои таълимие, ки бо сӯиистифода аз муқаддасоти мардум бо ҷони фарзандони онҳо бози мекунанд, пеш аз ҳама кутоҳназарӣ ва бесаводии падару модарон мебошад . Баъдан масъулони давлатие, ки дар кишварҳои мусалмонӣ курсиҳоро аз худ мекунанд ва ҷавобгарии амнияту бехатарии мардумро ба ӯҳда доранд, аз сари хунукназарӣ ва масъулиятношиносӣ пеши роҳи онро мегиранд. Бо истифода аз ин шароит онҳо мавҷудияти худро идома дода, ҳамасола шумораи зиёди “Кадрҳои нав” – ро барои иҷрои ҳадафҳои шуми худ ва хоҷагонашон омода месозанд. Дар натиҷа инфиҷору ҳаросафканӣ ва куштори инсонҳои бегуноҳ дар кишварҳои зиёде ҳамасола ба вуқӯъ меояд . Бинобар ин, барои бартараф кардан ё ҳадди ақал кам кардани падидаҳои […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

“ИФРОТГАРОӢ ВА РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ОН”

Ифротгароӣ ва хушунати динӣ яке аз падидаҳои ҳароснок ва ваҳшатангез даврони муосир аст, ки дунёро таҳти таъсири ҷиддӣ қарор додааст. Дар ин миён худи ҷомеаҳои мусалмоннишин зиёни аз ҳама бештар мебинанд. Мутаассифона, фарҳанги исломӣ шароитеро фароҳам меорад, ки ҳар як ҷинояткор бо истифода аз тақсимоти ба худ хоси кадрҳои дин метавонад ҷавонони гумроҳро мутақоъид кунад, ки хушунат ва террори гурӯҳе аз мардум хостаи парвардигорашон мебошад. Албатта , инҷо худи фарҳанг ва динро наметавон гунаҳгор шуморид ма маҳкум кард. Инҷо гурӯҳҳои ҷинояткори муайяне вуҷуд дорад, ки аз халқҳо сӯиистифода карда, бо дасти ҷавонони бесаводи мазҳабӣ, амалиётҳои ҳаросафканеро пиёда месозанд ва манфиатҳои шахсиву гурӯҳии худро ба даст меоранд. Бисёр равшан аст, ки […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

Муваффақ будан

Ҷавони камбағале назди роҳиби масҷиди яҳудиён омада гуфт: – Ман чизе барои хӯрдан надорам, бароям коре пайдо кунед. – Хуб шудааст, биё дар масҷиди мо котиб шав. – Аммо ман навишта наметавонам. – Ин тавр бошад, ман ду доллар дорам, яктояшро ба ту медиҳам. Ҷавон 1 долларро гирифта, як қуттӣ сигор харид ва онро ба 2 доллар фурӯхта, 4 қуттӣ харид. Сипас он 4 қуттиро фурӯхта, 8 қуттӣ харид, сипас дӯкон ва баъдан мағоза кушод, баъдан мошин харид, баъдан соҳиби киштӣ, тайёра ва коргоҳи истихроҷи маъдан шуд. Рӯзе ин миллионери ҷавон аз назди мағозаи боҳашамате мегузашт ва чашмаш ба шаддаи марҷоне, ки аз алмоси суфта буд, афтод ва хост онро […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

Фосила аз волидон

Ё худ вақте ки фарзандон бе падару модар ба воя мерасанд Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯдакону наврасони зиёде ҳастанд, ки падару модари онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, фарзандонашон дар назди волидони падару модар тарбия мегиранд. Албатта, баъзе волидон бар онанд, ки агар фарзандон муддате дар парастории бобокалону модаркалон монанд, ягон осебе намерасад, баръакс калонсолон онҳоро сари вақт мехӯронанду мепӯшонанд. Инчунин, фарзанд таҳти назорати калонсолон ба муассисаи томактабӣ ё худ мактаб мераваду ба ҳамин тартиб ҳамааш мувофиқи мақсад хоҳад буд. Аммо баъзан кӯдакону наврасон рафтани волидон ба муҳоҷиратро чун бевафоӣ нисбати худ пазируфта, баъдан душвортарбия мегарданд. Ба гуфтаи Мусаллам Давлатқадамов, корманди Шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати […]

18.09.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 92