734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


Ифтитоҳи Фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Дӯсти Азиз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дӯсти Азиз», ки дар минтақаи кӯҳии Рухаки деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд шудааст, ташриф оварданд. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд. Нахуст дар саҳни корхонаи парандапарварӣ маҳсулоти гуногуни истеҳсолкардаи Ширкати ҳасиббарории “Азизӣ” ва навъҳои гуногуни хӯроки паранда, ки дар дохил ва хориҷи мамлакат истеҳсол гардидааст, намоиш дода шуд. Гуфта шуд, ки Ширкати ҳасиббарории “Азизӣ” ба истеҳсоли ҳасиб дар шаклу андозаҳои гуногун машғул буда, фабрикаи парвариши мурғ низ бо мақсади таъмини ин корхона бо […]

27.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

Табрикоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмонзода А.Қ. ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса, Шуморо бо фарорасии фасли нозанини баҳор ва ҷашни ниёгон – баҳори ҷавонию Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику муборакбод гуфта, ба шумо ва аҳли кормандону пайвандонатон рӯзгори хушу созанда ва саломатии бардавому саодати зиндагӣ таманно менамоям. Наврӯз маънии “рӯзи нав”-ро дар худ таҷассум намуда, дар ибтидои соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад ва дар таърихи фарҳанги мардуми ориётабор ҳеч як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи  Наврӯз гиромӣ  нест. Дар фарҳанги мардуми тоҷик, ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ташаббусу иродаи сиёсии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он мақоми байналмилалиро касб намуд. Дар ин фасли баҳору ҷашни фархундаи Наврӯз, ки айёми зебоиву шукуфоӣ, хурсандиву шодмонӣ ва рӯзгори босаодатро дар худ таҷассум менамояд, орзуи онро […]

20.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

ҚАБУЛИ МЕҲМОНОН ДАР ШАҲРИ НОРАК

Дар даромадгоҳи шаҳри Нораки вилояти Хатлон меҳмонон – иштирокчиёни Фестивали байналмиллалиро бевосита Раиси шаҳри Норак Маликшоҳ Неъматов, ҷавонону волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, сарояндагону навозандагон бо карнайу сурнай ва бо дили гарму чеҳраи кушод пешвоз гирифтанд.  

20.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

САЛОМ, НАВРӮЗИ ҶАВОНӢ…

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши бахшида ба таҷлили ботантанаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар саросари ҷумҳурӣ санаи 14 марти соли ҷорӣ саёҳати ҷавононро дар боғҳои фарҳангиву фароғатии ҳудуди ҷумҳурӣ таҳти унвони “Салом, Наврӯзи ҷавонӣ” ташкил менамояд. Зимни саёҳати мазкур аз ҷониби ҷавонони фаъол, аъзоёни ТҶ “Пайравони Пешвои миллат” ва ТҶ “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон” чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ дар мавзеҳои фароғатӣ ва тақсими сабзаҳо ҳамчун рамзи ҷашни мазкур ташкил карда мешаванд.

12.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

БОКС: барои гирифтани роҳхати олимпӣ ба Шаббос як пирӯзии дигар зарур аст

Варзишгари  шинохтаи  тоҷик Шаббос Негматуллоев 10 март дар Мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони Урдун идома дорад, дар қувваозмоии аввали даври бокс-офф дар вазни то 81 кило бар варзишгари Тайланд Йомхот Ҷаккапонг бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд.  Дар вазни-81кг барои қораи Осиё/Уқёнус 5 роҳхат пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, варзишгароне, ки дар чорякфинал мағлуб гардиданд, барои як роҳхат мусобиқаро идома медиҳанд. Дар ҷуфти дигари ин давр Сачин Кумар аз Ҳиндустон бар намояндаи Ветнам Нгуйен Чуонг пирӯз шуд. Акнун имрӯз  Шаббос бо Сачин барои ба даст овардани роҳхат қувва  месанҷанд. Ҳамчунин  имрӯз  боз ду муштзани тоҷик — Баҳодур Усмонов ва Сумайя Қосимова – дар даври бокс-офф барои […]

11.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 3 4 5 6 7 38