734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД

Нимаи дуюми рӯзи 3 апрели соли 2020 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии “Беҳтарин ашъор ва маводи насрӣ дар мавзӯи ватандӯстӣ” ва беҳтарин мақолаи публисистӣ дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан – шарафи ҷавонмардист” бахшида ба 27 солагии таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ карда шуданд. Баргузории озмунҳои мазкур барои баланд бардоштани завқи эҷодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, муқаддасоти миллат, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан ва ҳифзу гиромӣ доштани сарзамини биҳиштосо – Тоҷикистони азиз заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Лозим ба зикр аст, ки дар озмунҳои мазкур зиёда аз 85 нафар ҷавонону наврасони эҷодкор ва адибону навқаламон аз тамоми манотиқи […]

03.04.2020 Нет комментариев Читать далее>

ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ имрӯз аз иншоотҳои ҷашнии Ҷамоати деҳоти Далёни Боло ва Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич дидан намуданд. Иншоонтҳои мазкур ба муносибати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодаанд.    

03.04.2020 Нет комментариев Читать далее>

ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА 30 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Нимаи дуввуми рӯзи 2 апрели соли 2020 намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич,  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ аз иншоотҳои  ҷашнии Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ дидан намуда, фикр ва мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

02.04.2020 Нет комментариев Читать далее>

ҶАЛАСАИ КОРИИ НАМОЯНДАИ ВАКОЛАТДОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ, РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО ҚУРБОНАЛӢ ОИД БА ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ 30 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 2 апрели соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи МИҲД-и ноҳияи Деваштич ҷаласаи корӣ оид ба рафти Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.05.2018 таҳти рақами АП-1059 “Оид ба омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳамчунин Раиси ноҳия, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои МИҲД-и ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд. Баъд аз баромаду музокираҳо Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ҷиҳати бунёди иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ  дар ҳар […]

02.04.2020 Нет комментариев Читать далее>

МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ШИНОВАРӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Бо мақсади тарғибу ташфиқи тарзи ҳаёти солим ва намуди варзиши шиноварӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ байни наврасон (писарон ва духтарон) доир намуд. Мусобиқаи мазкур санаи 27 – 29 марти соли 2020 байни наврасони солҳои таваллуди 2006 ва хурд бо иштироки зиёда аз 80 варзишгар дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид. Дар мусобиқа варзишгарони минтақаҳо, ки дар марҳилаи интихобии дуюми мусобиқа байни наврасони соли таваллуди соли 2006 ва хурд дар сатҳи минтақа, вилоят ва […]

31.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 6 39