734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам: 1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2020 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси […]

05.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

ИНТИХОБОТ-2020. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд

Дар Душанбе нимаи дуюми рӯзи 2 март Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР)  натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилон ба парламенти мамлакатро, ки дирӯз, 1 март, баргузор гардид, эълон намуд. Тавре Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода имрӯз дар брифинг бо иштироки намояндагони аҳзоб, мушоҳидони байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма изҳор дошт, дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 700 ҳазору 582 нафар ё 16,50%, ба тарафдории Ҳизби Демократии Тоҷикистон 216 ҳазору 526 нафар ё 5,10%, ба тарафтории Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 705 ҳазору 252 нафар ё 16,61%, ба тарафдории Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 132 ҳазору 49 нафар ё 3,11%, ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 218 ҳазору 696 […]

04.03.2020 Нет комментариев Читать далее>

МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ТЕННИС БАЙНИ ҶАВОНОНУ НАВРАСОНИ СИННУ СОЛИ 10-13 ВА 14-17 БАХШИДА БА НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Бо мақсади тарғиби тарзу ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташфиқи теннис дар Ҷумуҳрии Тоҷикистон, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарони наврас, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни ҷавонону наврасони синну соли 10-13 ва 14 -17 бахшида ба Наврӯзи байналмиллалӣ баргузор менамоянд. Мусобиқаи мазкур аз санаи 16 то 19 марти соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгароне, ки дар марҳилаи интихобии дуюми мусобиқа дар сатҳи минтақа, вилоят ва шаҳри Душанбе ғолиб гардидаанд, ба роҳ дода мешавад. […]

28.02.2020 Нет комментариев Читать далее>

МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ДАСТХОБОНӢ ВА ВАЗНБАРДОРӢ БАЙНИ ВАРЗИШГАРОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД

Бо мақсади ҷалби қишри ҷавони ҷомеа ба тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, омодагию муайян намудани дастаи мунтахаб ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ ва вазнбардорӣ байни варзишгарони имконияташон маҳдуд бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ доир менамояд. Мусобиқаи мазкур барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони имконияташон мақдуд ва бо ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо равона гардидааст.

28.02.2020 Нет комментариев Читать далее>

ДАВИ НАВРӮЗӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАХШИДА БА ИДИ НАВРӮЗ

Дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ, Кумита соли сеюм аст, ки баргузории дави наврӯзӣ ва марафони велосипедрониро бахшида ба таҷлили Иди байналмиллалии “Наврӯз” баргузор менамояд. Макони баргузории дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе чун анъана аз мавзеи гардиши Товус то Наврӯзгоҳ санаи 14 марти соли 2020, аз соати 8:00 то 10:00 бо дарназардошти эълон гардидани шанбе – ҳамчун Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ муқаррар гардидааст.

27.02.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 5 35