734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ

Бо ташаббуси Кумитаи  кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 7 – 8 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ бо иштироки беҳтарин  варзишгарони кишвар баргузор мегардад. Марҳабо, дӯстдорон ва алоқамандони варзиш, ба тамошои сабқатҳои ҷолибу диданӣ!

04.06.2018 Нет комментариев Читать далее>

Дастаҳои якачини занонаи кишвар мизбони бозиҳои КФО-2019

30-уми май аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии даври аввали бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2019 миёни духтарони 16-сола ва 19-сола доир шуд. Дастаи мунтахаби занонаи то 16 солаи кишвар тибқи қуръакашӣ дар гурӯҳи “С” бо ҳамсолонашон -Тайланд, Эрон, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ ва Сингапур рақобат мекунанд. Марҳилаи аввали бозиҳои интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 15 то 23 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Даври дуюми бозиҳои интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2019 аз 23 феврал то 3 марти соли 2019 доир гардида, дар он ғолибони шаш гурӯҳ ва ду дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюми марҳилаи аввали интихобӣ роҳ меёбанд. Натиҷаи қуръакашии марҳилаи аввали интихобии чемпионати Осиё-2019 миёни духтарони […]

31.05.2018 Нет комментариев Читать далее>

«Варзиши дастрас: Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз»

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28 апрели соли равон дар саросари ҷумҳурӣ силсила чорабиниҳои варзишӣ таҳти шиори «Варзиши дастрас: Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз» баргузор мегарданд. Мақсад аз баргузор намудани силсила чорабиниҳои варзишӣ тарғиби бозиҳои шоҳмот, шашка ва тенниси рӯи миз, инчунин оммавӣ гардонидани онҳо мебошад. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивали мазкур, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои дар боғҳои фарҳангиву фароғатӣ насб кардани мизҳои тенниси хурд, инфрасохтор барои бозии шоҳмот ва ба ин васила рушд додани ин намудҳои варзиш вазифадор карда шудаанд.

25.04.2018 Нет комментариев Читать далее>

Пойтахт – тараннумгари музафариятҳои мо ҷавонон ва варзишгарон

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи пойтахт” дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон санаи 20 апрели соли 2018, соати 14:00 конфронси илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Пойтахт – тараннумгари музафариятҳои мо ҷавонон ва варзишгарон” бо иштироки ходимони сиёсӣ, ҷавонони фаъол, варзишгарон, гирандагони стипендияи Президентӣ ва шаҳрӣ баргузор мегардад.

19.04.2018 Нет комментариев Читать далее>

Дав барои хушҳолӣ

Бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Шурои олимпии Осиё маротибаи аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии варзишӣ аз рӯи намуди дав баргузор мегардад. Мусобиқаи мазкур 25 апрели соли ҷорӣ дар Боғи фарҳагӣ-фароғатии “Ҷавонон” зери шиори “Нерӯи осиё” гузаронида мешавад. Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур пеш аз Бозиҳои осиё дар 45 давлатҳои Осиё баргузор мегардад. Маротибаи аввал аст, ки дар пешорӯи Бозиҳои Осиё-2018 ин чорабинии варзишию таблиғотӣ дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

18.04.2018 Нет комментариев Читать далее>

1 27 28 29 30 31 32