734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


Пешгирии бемориҳои ВНМО/БПНМ миёни ҷавонон – омили асосии солимии миллат

Дар доираи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пешгирии бемориҳои ВНМО/БПНМ миёни ҷавонон – омили асосии солимии миллат” баргузор мегардад. Мизи мудаввар 2 октябри соли 2019, соати 10:00 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрванди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони соҳат ташкил ва баргузор мегардад.  

01.10.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон нигоҳдоронадаи поси забони давлатӣ

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии адабӣ – маърифатиро дар мавзӯи “Ҷавонон нигоҳдоронадаи поси забони давлатӣ” ташкил ва баргузор намояд. Чорабинӣ 2 октябри соли ҷорӣ дар бинои “Душанбе – Плаза” бо иштироки ҷавонону наврасони ҳунарманд баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита кор бо занон ва оила ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ менамоянд.

01.10.2019 Нет комментариев Читать далее>

Даври сеюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ имрӯз оғоз мегардад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври сеюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” оғоз мегарданд. Мусобиқаи мазкур аз 1 то 5 октябри соли 2019 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ғолибонро ҷоизаҳои таъсисдодаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпии кишвар интизор аст. Мусобиқаи ҷумҳуриявии “Ҷоми Пешвои миллат” дар се марҳила баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намудаанд. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок менамоянд.

01.10.2019 Нет комментариев Читать далее>

Озмуни мақолаи беҳтарин миёни ҷавонон

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши да ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – поягузори Артиши миллӣ» бо иштироки олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон доир менамояд. Мақсад аз баргузории озмуни мазкур дарёфти беҳтарин чеҳраҳои илмии кишвар буда, дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон мебошад. Шартҳои озмун: Қабули мақолаҳо барои пешниҳод дар озмун бо суроғаи дар поён овардашуда то санаи 10 ноябри соли 2019, соати 17:00 сурат мегирад. Ҷавонони аз синни 14 то 30 сола дар озмуни мазкур ширкат варзида метавонанд. Мақолаҳои пешниҳоднамудаи довталабони озмун бояд дар ҳаҷми […]

27.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

Эълон:БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе озмунро барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе эълон менамояд.   Довталабони стипендия хонандагону донишҷӯёне, ки бо нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат менамоянд, буда метавонанд: – рафтори намунавӣ дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон дар як соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ); – бо баҳои хубу аъло, ки мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир; – дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он фаъолона ширкат намояд; Довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмуни стипендияро доранд ҳуҷҷатҳои зеринро […]

27.09.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 21 22 23 24 25 39