734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


Табрикоти ҷавонону варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шодрӯзи Пешвои маҳбуби миллат

Муҳтарам Пешвои миллат, Боиси ифтихору фараҳмандии мо ҷавонону варзишгарон аст, ки имрӯз бо шарофати сиёсати заковатмандонаи Шумо, Пешвои муаззами миллат ва меҳнати бунёдкоронаи хурду калони кишвар диёри соҳибистиқлоли мо рӯз то рӯз зеботар мегардад ва мавқеи байналмилалии мамлакатамон дар миёни дигар давлатҳои ҷаҳон торафт мустаҳкам мешавад. Дар ин раванди бунёдкориву созандагӣ забони давлатӣ низ таҳкими тоза меёбад. Маҳз бо талошҳои пайвастаи Шумо, муносибат ва ғамхориҳо нисбат ба забони тоҷикӣ, ҳифзи асолат ва гиромидошту тозагии ин муқаддасоти давлатӣ боис гардид, ки имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун далели арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ эътироф пайдо намуда, осори хаттии ҳазорсолааш дар ҷаҳон муаррифӣ пайдо намудааст. Таъкидоти Шумо вобаста ба оламшумул гардидани номи давлатамон Тоҷикистон, миллати […]

05.10.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷоми Пешвои миллат ҷамъбаст мегардад

5 октябри соли 2019, соати 16:00 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов маросими ҷамъбасти  мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” ҷамъбаст мегардад. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот аввалин маротиба дар таърихи варзиши тоҷик бо доираи васеи ҷавонону варзишгарон ва сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеа доир гардида, дар он беш аз як миллион сокини кишвар иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ, ки аз 1 то 5 октябр баргузор гардида истодааст, роҳхат пайдо намудаанд. Мусобиқаи мазкур дар чор марҳила баргузор гардида, беҳтаринҳо аз рӯи намудҳои инфиродӣ ва даставӣ аз рӯи сину соли гуногун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуданд. Фонди ҷоизавии мусобиқаи мазкур 100000 сомониро ташкил дода, беҳтаринҳо […]

05.10.2019 Нет комментариев Читать далее>

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон

3-13 октябр дар шаҳри Улан Удэи Федератсияи Руссия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон баргузор мешавад. Дар чемпионат беш аз 300 варзишгари 75 давлат ширкат мекунанд, ки миёни онҳо 4 муштзанбонуи тоҷик низ ҳастанд. Қувваозмоиҳо аз рӯи 10 категорияи вазнӣ сурат мегиранд: -48кг, -51кг, -54кг, -57кг, -60кг, -64кг, -69кг, -75кг, -81кг, +81кг. Ҷумҳурии моро Миҷгона Самадова дар вазни -57кг, Шоира Зулқайнарова дар вазни -60кг, Нилуфар Бобоёрова дар вазни -64кг ва Идимоҳ Холова дар вазни -69кг бо роҳнамоии ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева намояндагӣ мекунанд. Муҳорибаҳои варзишгарони мо аз рӯзи дуюми мусобиқот шурӯъ мегардад. 4 октябр Идимоҳ Холова дар аввалин рақобаташ бо варзишгари Узбекистон Шаҳноза Юнусова болои ринг мебарояд. […]

03.10.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пешгирии бемориҳои ВНМО/БПНМ миёни ҷавонон – омили асосии солимии миллат

Дар доираи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пешгирии бемориҳои ВНМО/БПНМ миёни ҷавонон – омили асосии солимии миллат” баргузор мегардад. Мизи мудаввар 2 октябри соли 2019, соати 10:00 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрванди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони соҳат ташкил ва баргузор мегардад.  

01.10.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ҷавонон нигоҳдоронадаи поси забони давлатӣ

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии адабӣ – маърифатиро дар мавзӯи “Ҷавонон нигоҳдоронадаи поси забони давлатӣ” ташкил ва баргузор намояд. Чорабинӣ 2 октябри соли ҷорӣ дар бинои “Душанбе – Плаза” бо иштироки ҷавонону наврасони ҳунарманд баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита кор бо занон ва оила ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ менамоянд.

01.10.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 19 20 21 22 23 38