734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


БА ДИҚҚАТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТИИ КОР БО ҶАВОНОН!

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 барои амалисозии соҳаи афзалиятноки №1 озмуни грантҳо/фармоишҳои иҷтимоии давлатиро эълон менамояд. Дар озмун метавонанд ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва марказҳои ҷавонон, ки аъзои ИТҶТ (ОМОТ) мебошанд, иштирок намоянд. Маълумоти муфассалро метавонед дар сомонаи Кумита www.youth.tj дастрас намоед. Довталабон метавонанд, ки Лоиҳаи дархостиро мутобиқ ба талабот барои иштирок дар озмун ва шакли дархостии ШД№20/01 таҳия намуда, ба суроғаи зерин то 10 августи соли 2020, соати 17:00 ирсол намоянд. Лоиҳаҳои ба талаботи озмун ҷавобгӯй набуда, баррасӣ карда намешаванд. Танҳо шакли аслии лоиҳаи дархостӣ қабул карда мешавад.     Суроғаи […]

20.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

БА ДИҚҚАТИ ТАШКИЛОТҲОИ КОР БО ҶАВОНОН ВА МАРКАЗҲОИ ҶАВОНОН!

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташктлотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон», ки 10 майи соли 2005 №167 тасдиқ гардидааст озмуни Грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар самти ватанпарастии ҷавонон дар соли 2020 эълон менамояд. Дар озмун метавонанд ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва марказҳои ҷавонон, ки аъзои ИТҶТ (ОМОТ) мебошанд, иштирок намоянд. Маълумоти муфассалро метавонед дар сомонаи Кумита www.youth.tj дастрас намоед. Лоиҳаи дархостиро мутобиқ ба талабот барои иштирок дар Озмун ва шакли дархостии ШД№20/01 таҳия намуда, ба суроғаи зерин то 10 августи соли 2020, соати 17:00 ирсол […]

20.07.2020 Нет комментариев Читать далее>

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатиро эълон менамояд

           Дастгоҳи марказии Кумита  Муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 1400 сомонӣ Сардори Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 1200 сомонӣ Мудири Бахши таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 1000 сомонӣ Сармутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 968 сомонӣ Сармутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 968 сомонӣ Сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумита – 1 ҷой маоши мансабӣ 968 сомонӣ Мутахассиси пешбари Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Дастгоҳи марказии […]

27.05.2020 Нет комментариев Читать далее>

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА СОКИНОН ВА МЕҲМОНОНИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН – ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ 01 МАЙИ СОЛИ 2020

Сокинони муҳтарами пойтахт! Роҳбарияти шаҳри Душанбе эҳтиромона ба маълумоти шумо мерасонад, ки дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш Ситоди доимамалкунанда доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ фаъолият дорад ва то имрӯз дар ин самт тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Барои аҳолии шаҳр ҳаҷми зарурии маҳсулоти ғизоӣ ва маводи беҳдоштиву доруворӣ захира карда шудааст. Фаъолияти муназамми тамоми бозору марказҳои савдо, беморхонаву дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоиву фарҳангии пойтахт зери назорати Ситоди доимамалкунанда қарор дорад. Бинобар ин, аз ҳар як сокини пойтахт ва меҳмонони он хоҳиш карда мешавад, ки, […]

05.05.2020 Нет комментариев Читать далее>

Озмуни якҷояи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо Бонки миллии Тоҷикистон

Бо мақсади баланд бардоштани саводнокии молиявии наврасону ҷавонон Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоягӣ  бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни ҷумҳуриявии “Саводнокии молиявӣ” доир менамояд. Дар озмун ҷавонону наврасон аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок карда метавонад. Шартҳои озмун аз 3 давр иборат буда, ба ҷавонон имконияти баланд бардоштани савияи дониши молиявӣ медиҳад. Шартҳои озмун: Расми беҳтарин Флешмоби беҳтарин Видеоролики беҳтарин (дар мавзӯи “Саводнокии молиявӣ” то 2 дақиқа) Хоҳишмандон метавонанд маводҳоро барои иштирок тариқи почтаи электронии  gmw2020tj@gmail.com ирсол намуда, соҳиби туҳфаҳои арзишманд гарданд.

17.04.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 4 39