734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


Варақаи иттилоотиро дастрас намоед…

Ба таваҷҷуҳи кормандони ВАО, журналистон ва рӯзноманигорони кишвар расонида мешавад, ки 30 июли соли 2019, соати 9:00 дар маркази матбуотии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Кумита бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусию соҳибкорони ватанӣ ва ВАО дар самти татбиқи амалии сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш дар ин давра 17210 чорабинӣ бо фарогирии 2,960 429 нафар сокинони ҷумҳурӣ баргузор намуд, ки дар самти кор бо ҷавонон 10764 чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангиву маърифатӣ, омӯзишию илмӣ, сиёсию иттилоотӣ бо фарогирии 1670386 нафар наврасону ҷавонон ва дар самти соҳаи тарбияи […]

27.07.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ба таваҷҷуҳи кормандони ВАО

Ба таваҷҷуҳи кормандони ВАО, журналистон ва рӯзноманигорони кишвар расонида мешавад, ки 30 июли соли 2019, соати 9:00 дар маркази матбуотии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Марҳамат, ба нишасти матбуотӣ!

27.07.2019 Нет комментариев Читать далее>

Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Италия таъсис ёфт

Дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Италия хуб ба роҳ монда шуда, дар доираи созишномаҳои муштарак ҳамкориҳои ҷонибҳо дар сатҳи олӣ қарор дорад. Дар заминаи сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони тоҷик имкон пайдо намуданд, ки дар бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии Италия таҳсили илм намоянд. Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар ин давлат дар бонуфузтарин макотибҳои олӣ таҳсили илм намуда, ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишу маҳорат ва истеъдоди хеш Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ намуда истодаанд. Дар мувофиқа бо раиси Шӯрои маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”- и Кумитаи кор бо ҷавонон […]

22.07.2019 Нет комментариев Читать далее>

Ба саволҳоятон посух мегардонем

Ба таваҷҷуҳи кормандони ВАО ва шаҳрвандони кишвар расонида мешавад, ки 30 июли соли 2019 дар толори АМИТ “Ховар” вобаста ба фаъолияти нимсолаи якуми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2019 нишати матбуотии Кумита бо иштироки роҳбарияти Кумита доир карда мешавад. Кормандони ВАО ва шаҳрвандони кишвар метавонанд, ки саволҳои худро пешакӣ ба унвонии роҳбарияти Кумита ирсол кунанд ва вобаста ба саволҳои худ маълумотҳои мушаххас пайдо намоянд. Шумо метавонед саволҳои худро дар вайбер, вотсап, имо, вконтакт, фейсбук, инстаграм ва телеграм ба рақамҳои +992 918 33 36 90 ирсол намоед ва ё ба суроғаи kjvs.1997@mail.ru . Ба ҳар саволи хеш ҷавоб хоҳед гирифт.

22.07.2019 Нет комментариев Читать далее>

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот

Аз 20 то 26 июли соли 2019 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот баргузор мегардад. Мусобиқаи мазкур миёни занон ва мардон доир гардида, ғолибони мусобиқа бо мадал ва диплом сарфароз гардонида мешаванд. Тибқи низомномаи мусобиқа даври аввал ва дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва минтақавӣ ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намудаанд. Ба даври ҷумҳуриявии мусобиқа варзишгарон аз 5 минтақаи кишвар роҳхат пайдо намуда, шоми ин бегоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон комиссияи мандатии мусобиқа бо иштироки варзишгарони кишвар доир мегардад. Ғолибони мутлақи мусобиқа имконият пайдо менамоянд, ки минбаъд дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ  ширкат варзанд.

19.07.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 13 14 15 16 17 29