734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


“Лабханди ҷавонӣ” дусола шуд, муборак бошад!

Имрӯз аз таъсисёбии маҳфили ҳаҷвнигорини ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Лабханди ҷавонӣ” ду сол пур мешавад. Маҳз ҷавонони ҳаҷвнигорони соҳибистеъдодои кишвар 14 декабри соли 2017 дар доираи баргузории чорабиниҳои муҳими “Соли ҷавонон” аввалин маротиба барномаи ҳаҷвии худро манзури тамошобинон намуданд, ки ҳунару истеъдоди ин ҷавонони соҳибҳунар аз ҷониби устодони санъат ва тамошобибон баҳои баланд гирифтанд. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солгарди таъсисёбии маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавонро муборакбод намуда, ба фаъолияти эҷодию ҳунарии ин ҷавонони соҳибистеъдоди кишвар муваффақият таманно  менамояд. Мавриди зикр аст, ки маҳфили мазкур маҳз бо дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

14.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Олимону коршиносони тоҷик ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.

Имрӯз ҳайати олимон ва муҳаққиқони тоҷик бо мақсади иштирок дар конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ”ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд. Конфронси мазкур дар доираи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 -2028” аз ҷониби Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил карда шудааст.  Дар кори конфронс ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба норасоии оби ошомиданӣ, тағйирёбии иқлими сайёра ва Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор барои […]

12.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Пагоҳ дар Душанбе семинари омӯзишӣ доир мегардад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзмиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола дар ҷаҳон 10 декабр таҷлил мегардад, семинари омӯзиширо бо иштироки васеи ҷавонон доир менамояд. Семинари омӯзишӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумита доир гардида, дар он коришиносони соҳа ба ҳайси спикер ба иштирокчиёни семинар вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳиро доир доир менамоянд. Дар кори семинар омӯзгорони ҷавон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок менамоянд. Мақсад аз баргузории семинар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонону наврасон ва ташаккул додани маҳорату малакаи ҷавонон дар самти аз худ намудани […]

09.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад

9 декабри соли ҷорӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҷаласаи рушди тарбияи ҷисмонӣ бо мақсади табиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш роҳандозӣ гардида, фаъолияти солонаи барномаҳои соҳавии варзишӣ дар кишвар ҷамъбаст мегардад. Дар кори ҷаласаи Шӯро Раёсати Шӯро, ки аз роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарону намояндагони мақомотҳои иҷроияи давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои варзишии кишвар аъзо мебошанд, иштирок менамоянд.

07.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

Табрикоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон

Волонтёрӣ василаи хуби муттаҳидсозии насли ҷавон аст Волонтёрӣ – мактаби бузурге дар масири баркамолрасонии ҷавонон   Ҷавонони содатманди кишвар, пайравони асили Пешвои муаззами миллат, дӯстони ҷавону волонтёрони гиромӣ! Бо камоли эҳтиром ва сарфарозӣ ҳамаи Шумо ва дар симои шумо кулли фидоиён-волонтёрони кишварро бахшида ба “Рӯзи байналмилалии волонтёрон” табрику таҳният мегуям. Шумо ифтихори моед! Фаъолияти волонтёрӣ ба шахси комил шудани шумо  – ҷавонон, яъне тарғибкунандагони некию хайрхоҳӣ мусоидат намуда, ҳамчун инсони башардӯст ба камол мерасонад.Пирӯзии одамон бар ҳама гуна мушкилот аз муттаҳидию сарҷамъии онҳо маншаъ мегирад. Парокандагию тафриқандозӣ ба инсонҳо танҳо харобию бадбахтӣ меорад. Аз ин рӯ, ояндаи кишвар ва рушду нумуи он ба ваҳдат, ҳамкорию ҳамбастагии ҷавонон вобастагии қавӣ дорад. […]

06.12.2019 Нет комментариев Читать далее>

1 12 13 14 15 16 38