734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню

Эълонҳо


Дар соли 2020: Оид ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ чорабиниҳои мухталиф доир мегардад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи рушди сармоягузории кишвар нақшаи муштараки чорабиниҳоро вобаста ба татбиқи “Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” барои соли 2020 – ро ба тасвиб расониданд. Тибқи Нақшаи мазкур мақомотҳои дахлдори давлатӣ дар якҷоягӣ дар давоми соли 2020 чорабиниҳои гуногунро вобаста ба рушди бозори меҳнат, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар рақобати бозори меҳнат, ташкили мизҳои мудаввар вобаста ба рушди фаъолияти соҳибкории хӯрду миёна, ташаккули соҳибкории хӯрду миёна дар минтақаҳои дурдасти кишвар, ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии […]

18.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Озмуни ҷумҳуриявӣ: Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуривияии мақолаи беҳтарини публисистиро дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист” миёни ҷавонони касбу кори гуногун, олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар эълон менамояд. Мақолаҳо то санаи 10 феврали соли 2020 ба унвонии Кумита аз ҷониби иштирокдорон бояд дар шакли электронӣ ва хаттӣ тавассути почтаи электронии tjavononi@gmail.com ирсол карда шаванд. Ғолибон дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

17.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Юнусов Комрон  – роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Ҷумҳурии Халқии Хитой таъин гардид

Бо розигии раиси Шӯрои маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” Абдуллозода Аҳтам Рустам роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Юнусов Комрон Субҳонович  – донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи омӯзишҳои байналмилалӣ  таъин гардид. Юнусов Комрон Субҳонович  минбаъд роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”  дар ҳамкорӣ бо Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, корпусҳои дипломатии созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои маҳфил  ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, муаррифии таърих, фарҳанг, осори пурғановати миллати тоҷик ва мусоидат дар ҳалли мушкилоту дастовардҳои ҷавонон дар давлати мазкур фаъолият менамояд. Ҳамзамон, дар доираи қарори мазкур […]

17.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

Тақвими чорабиниҳои варзишӣ барои соли 2020

Бо қарор Ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2019, № 4.5 Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиќаҳои байналмилалӣ барои соли 2020 тасдиқ гардид. Дар тақвими ягона чорабиниҳое, ки дар соли 2020 дар сатҳи маҳал, ноҳия, минтақа, вилоят ва ҷумҳурӣ доир мегарданд ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи тартиби муқараргардида барои дарёфти чеҳраҳои нави варзиш дар кишвар мусоидат менамояд. Тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ аз се фасл иборат буда, дар фасли аввал чорабиниҳои оммавию варзишӣ аз рӯи намудҳои миллӣ, ки он аз 5 зербанд намудҳои миллӣ, олимпӣ, ғайриолимпӣ, чорабиниҳои гуногуни варзишӣ миёни донишҷӯён ва мусобиқаҳои сатҳи […]

13.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

То ҷашни Наврӯз дар Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ мавриди истифода қарор мегирад

Дар арафаи  Иди  байналмилалии  Наврӯз — 2020  дар шаҳри Душанбе Маҷмааи универсалии варзишӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки он  мутобиқ ба талаботи стандартҳои бозиҳои олимпӣ  сохта шудааст. Маҷмааи варзишӣ  аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  дар кӯчаи Карамови ноҳияи  Исмоили Сомонии пойтахт, дар рӯ ба рӯи  Боғи фарҳангу фароғатии ба номи «Умари Хайём», байни нишебӣ ва теппаҳои Лучоб ва дарёи Душанбе бунёд гардидааст. Баъди  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  маҷмааи мазкур   беш аз 600 нафар  бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Айни  замон корҳои сохтмонии  маҷмааи варзишӣ пурра ба  итмом  расида, васлу насби таҷҳизоти он дар арафаи анҷом қарор дорад.  Тавре  зимни суҳбат сармуҳандиси Раёсати […]

08.01.2020 Нет комментариев Читать далее>

1 2 3 27