734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


МУШКИЛОТИ ИҶТИМОИИ ОИЛАҲОИ МУҲОҶИР

 Муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири паёмадҳои мусбату манфии он ба оила аз муҳимтарин масъалаҳои замони муосир ба шумор меравад. Муҳоҷират ва захираҳои меҳнатӣ, бешубҳа, ҳамчун мушкилот дар радифи муаммоҳои  умумибашарӣ, аз қабили равандҳои ҷаҳонии молиявӣ, тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ, экологӣ ва ғайра қарор дошта, мақом ва нуфузи хоса пайдо намуда истодааст. Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, имрӯз дар қатори дигар кишварҳои олам, барои Тоҷикистон низ, ба яке аз масоили муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ табдил ёфта, нақши он дар рӯзгори ҳар як оилаи тоҷикистонӣ эҳсос мегардад. Мушкилоте, ки дар ин самт ба назар мерасанд, ба теъдоди муайяни мардум алоқаманд набуда, балки он хоси тамоми сокинони ин кишвар маҳсуб мешавад. Шояд оилае набошад, ки бо ин падида иртибот надошта бошад.

Аз ин рӯ, таҳлил ва баррасии масъалаи таъсири раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хонаводаи муҳоҷирон ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти он дар ҷумҳурии мо аҳамияти муҳим пайдо кардааст. Бекорӣ яке масъалаҳои иҷтимоии қисмати оилаҳо ва ҷомеаи муосирро ташкил медиҳад, ки дар он инсони соҳибқудрат бо доштани имконияти меҳнат шуғли худро аз даст медиҳад ва ё аз бозори меҳнат берун мемонад. Ҳарчанд меъёри асосии таъсиргузор барои нуфузи бекорӣ омилҳои бӯҳрони молиявӣ ва коҳиши фаъолияти истеҳсолии иқтидорҳои истеҳсолкунанда ва амсоли инҳо маҳсуб шаванд ҳам, аммо, ин муаммо ба шароити иҷтимоии инсон, оила ва ҷомеа алоқамандӣ дорад ва имкони таъсиррасонии манфиро ҳам дорост, ки ин муамморо маълумоти оморӣ тасдиқ менамояд. Соли 1948 бо қабул гардидани Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон – ҳуқуқи озодонаи тағйири макони зист эътирофи байналхалқиро касб намудааст.[1] Ин санад ба шаҳрвандон ҳуқуқ ва имконият дод, ки аз мамлакати худ ба кишвари дигар муваққатан рӯ ба муҳоҷират оранд. Таҳлилҳо нишонгари онанд, ки солҳои охир сафи муҳоҷирони меҳнатӣ рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст. Чунончӣ, имрӯз дар ҷаҳон 258 млн. муҳоҷирони меҳнатӣ кору фаъолият мекунанд ва тибқи ҳисоби СММ аз соли 2000 то имрӯз шумораи онҳо 49% афзудааст. Дар ҳоле, ки нишондиҳандаи афзоиши шумораи аҳолии ҷаҳон дар ин муддат 23%-ро ташкил додааст.[2] Тибқи пешбиниҳои Созмони ҷаҳонии меҳнат то соли 2050 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 450 млн. нафар мерасад. Дар соли 2017 нисфи муҳоҷирони меҳнатии ҷаҳон (51%) танҳо дар даҳ давлати дунё кору фаъолият доштанд. Шумораи аз ҳама зиёди онҳо дар ИМА 49.8 млн нафарро (19%-и муҳоҷирони меҳнатии дунё) ташкил дод. Дар Арабистони Саудӣ ва Олмон 12.2 млн, дар Федератсияи Русия 11.7 млн., дар Британияи Кабир наздик ба 8.8 млн. ва дар Аморати Мутаҳидаи Араб 8.3 млн. муҳочирони меҳнатӣ кору фаъолият намудаанд.[3]

Аз ин нукта бармеояд, ки афзоиши сафи муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо хоси Тоҷикистон набуда, балки муаммои аксарияти мамлакатҳои дунё ба шумор меравад.

Муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои Русия, ИМА, Қазоқистон, Британияи Кабир, Австралия, Чин ва дигар давлатҳо мушоҳида мегарданд. Аз рӯи тадқиқоти анҷомёфтаи соли 2012 – 94% муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия, 1,9% дар Қазоқистон, 2,7% Америка ва 1% камтар дар Ӯзбекистону Қирғизистон кор мекунанд, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.[4] Айни ҳол низ теъдоди бештари муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия мебошанд.

Доир ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, мушкилот, дурнамо ва таъсири он ба ҷомеа мақолаву навиштаҳои зиёде дар матбуот ва сомонаҳо ба нашр расидаанд, ки барои омӯзиши бештари ин падида мусоидат менамоянд. Аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқотҳои бунёдӣ гузаронида шудааст. Олимону муҳаққиқони ватанӣ аз давраи аввали хурӯҷи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон то имрӯз ҷанбаҳои гуногун ва мубрами муҳоҷирати меҳнатиро мавриди омӯзиш қарор дода, ба якчанд дастоварди илмӣ ноил гардидаанд.[5]

Нишондиҳандаҳои мусбат ва таъсири манфии муҳоҷирати меҳнатӣ ба оилаҳо дар ҳар як кишвари алоҳида вобаста ба заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, фарҳанг, анъана ва расму оин, шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар хусусиятҳои хос аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Тибқи пурсишҳо ва таҳлилҳои сотсиологӣ аз 73% оилаҳо як аъзо, 20% оилаҳо 2 аъзо ва 7% оилаҳо се ва зиёда аъзои оила дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта мебошанд.[6] Ин рақамро мусоҳибони пурсидашуда низ 48,6% тасдиқ намудаанд, ки дар макони зисти онҳо муҳоҷирати меҳнатии оилавӣ мавҷуд аст.[7]  Маълумотҳо бозгӯи он ҳастанд, ки муҳоҷирати меҳнатии оилавӣ ҷой дорад вале чуноне ки аз тадқиқотҳо бармеоянд, аксарияти онҳоро ҷавонон ва оилаи ҷавон ташкил медиҳанд. Сабаби рӯ овардани ҷавонон ва оилаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ пеш аз ҳама барои шаҳрвандони мо ва оилаҳои онҳо аз якчанд ҷиҳат: дарёфти ҷойи кор ва интиқоли пулӣ, афзудани даромаднокии оила ва беҳдошти сатҳи зиндагӣ, фароҳам овардани майдони фарох ҷиҳати донишандӯзӣ барои онҳо, пардохти шартномаи таҳсил барои таълиму тарбияи хуби фарзандон, самоягузории фарзандон ва хонадор намудани онҳо, ҳифзи саломатӣ, такмили ихтисос, соҳиб шудан ба касбу ҳунар, имконият ба истироҳату фароғат, пайдо намудани таҷрибаҳои пешқадам дар кору фаъолият ва ғайраҳо судманд аст. Ҳамаи ин муваффақиятҳо на танҳо муҳоҷирони меҳнатӣ балки аъзоёни оиларо низ руҳбаланд месозад то ки дар шароити мусоиди зиндагӣ умр ба сар баранд.

Дар ин замина, соли 2018 байни 80 (ҳаштод) оилаҳои ҷавони муҳоҷирони меҳнатии минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд пурсиши афкори умум гузаронида шуд, ки зарурияти муҳоҷирати меҳнатиро 90%-и онҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Воқеъ ҳам 70% мусоҳибони оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мақсади сафарро таъмини фарзандон бо маълумоти мувофиқ, 34,5% беҳтарсозии шароити зиндагӣ, 23% гузаронидани тӯй, 12% пардохти қарзҳо, 24,2% таъмини оилаҳо бо маводи хӯрокаро интихоб кардаанд ва 83% шумораи оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз пули интиқолии муҳоҷирони меҳнат вобаста ҳастанд ва бештари маблағҳо барои эҳтиёҷоти рӯзгор сарф мешаванд.[8] Аммо зикр намудан ҷоиз аст, ки баробари эҳсоси манфиатҳо дар рӯзгори дар муҳоҷират басарбурдаи шаҳрвандон муаммоҳое сар мезананд, ки аз он оилаи муҳоҷир низ бенасиб нест. Таҷрибаи зиндагӣ собит месозад, ки на ҳар як муҳоҷир ба дарёфти кор ва маоши муносиб соҳиб мегардад, ки дар натиҷа, муаммоҳо марҳала ба марҳала дар оилаи ӯ низ таъсир мерасонад.

Мушкилоту муаммо ва ҳамчунин бархӯрдҳои иҷтимоии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатиро чунин муқаррар намудан мумкин аст:

  • шароити номусоиди зиндагӣ;
  • эҳтиёҷ доштан ба маблағи ҳаррӯза барои озуқа, харидории сару либос, ашёи хониш ва ғайра;
  • қарздорӣ;
  • сатҳи пасти маърифат;
  • серфарзандӣ;
  • тарбияи нодуруст ва яктарафа;
  • пайдо шудани эҳсоси танҳоӣ;
  • дастнигарӣ;
  • вобастагӣ;
  • тарс ва яъсу ноумедӣ ба ояндаи зиндагӣ;
  • ривоҷи бемориҳои руҳию равонӣ;
  • стресс, дипрессия ва низоъҳо байни аъзоёни оила;
  • нобоварӣ ва рашки ҳамсарон;
  • хиёнат;
  • бисёрникоҳӣ;
  • ҳамдигарнофаҳмӣ байни аҳли хонавода;
  • ҷудошавии оилаҳо;
  • ятиму бепарастор, дар чорроҳаи зиндагӣ ва бе макони зист мондани зану фарзандон;
  • ба оворагардӣ, кӯчагардӣ ва дигар падидаҳои манфии ҷомеа, чун нашъамандӣ, авбошӣ ва гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҳамроҳ шудани фарзандони оилаҳои муҳоҷир;
  • гирифтор шудан ба бемориҳои сироятшавандаи ВНМО, Сил, Вараҷа ва ғайраҳоро маънидод намудан мумкин аст.

Муаммои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ хеле гуногунанд, ки ин вобаста ба сатҳи тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва шароити зиндагӣ аз якдигар фарқ мекунанд.

Мо дар ин мақола наметавонем тамоми паҳлӯҳо ва муаммоҳои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатиро фарогир бошем, аммо ин ҷо асосан роҷеъ ба баъзе масъалаҳо изҳори назар намудан ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Имрӯз дар Тоҷикистон барои ҳаллу фасли муаммоҳои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ мондани чандин корҳои муҳим, ки бояд самараҳои хуб ба бор оваранд, зарур аст:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир синну соли муҳоҷирати меҳнатӣ поён рафта, аксарият ҷавононро ташкил медиҳанд, ки тибқи тадқиқотҳои қаблии Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 70% муҳоҷиронро ҷавонони синну 17-29 сола ташкил медиҳанд.[9] Муаммои асосӣ дар он зоҳир мегардад, ки ҷавонони тоҷик бо духтарони кишвари будубошдошта оиладор мешаванд, ки дар натиҷа, синни миёнаи ақди никоҳ дар Тоҷикистон меафзояд.

Робитаҳои баъзе аз муҳоҷирони меҳнатӣ бо оилаҳои худ комилан канда мешавад. Тадқиқот нишон медиҳад, ки қариб 30% аҳолӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ оила барпо мекунанд. Дар натиҷа, пиршавии духтарони бешавҳар ва бесаробон мондани занону кӯдакон торафт ҷиддӣ мегарданд.[10] Ғайр аз ин мушкилоти дигар низ ба вуҷуд омада истодааст. Солҳои қаблӣ оилаҳои ҷавоне, ки никоҳашон бекор мегардид, ҳам зан ва ҳам мард ба хостгории қаблан шахсони оиладоршуда ба никоҳ медаромаданд. Аммо солҳои охир мардон новобаста ба синну сол дар оилаи дуюми худ низ ҷавондухтаронро ба никоҳ дароварда истодаанд, ки ин тадбир ба яккаву танҳо мондани занони бешавҳар, афзудани бемории рӯҳӣ ва дигар муаммоҳои оиладорӣ оварда мерасонад. Аз тарафи дигар, духтарон ва волидайни онҳо низ маҷбуранд, ки бо мақсади ба пиршавӣ оварда нарасонидани духтар фарзандони худро ба шавҳар диҳанд. Дар ин ҳолат, хоҳ нохоҳ зани танҳо бори гарони зиндагиро ба дӯш гирифта, бисёр мушкилиҳоро паси сар менамояд. Қуввати онҳо на танҳо барои хӯрондану пӯшонидан, балки тарбияи кофии фарзандон ҳам намерасад. Зеро ҳар як фарзанд хислати ба худ хос дорад, ки нерӯмандии падар ба онҳо хеле зарур мебошад. Соҳибхирадӣ муваффақияти ӯст, аммо аз ҷиҳати маърифат коста гардидани занону бонувон боз ҳам муаммои дигарро ба оила, ҷомеа ва давлат ба вуҷуд меорад. Барои пешгирии ин муаммоҳо зарур аст, ки корҳои зерин анҷом ёбад:

а) Таҳия ва пешниҳоди Консепсия ё Барномаи дурамали давлатӣ вобаста ба кор бо оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун барои пешгирӣ ва роҳҳои ҳалли муаммоҳои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат менамояд. Дар анҷоми ин кор мақомоти давлатии ҷавонону занон, кор бо оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, хадамоти муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ин рисолатро дар назди давлат ва ҷомеа анҷом дода метавонанд;

б) Дар ин замина, анҷом додани тадқиқоти сотсиологӣ дар оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, омӯзиши кулли муаммоҳои онҳо аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, гузаронидани мониторинги мунтазами ҷараёни кор бо оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва тавсияҳо дар ҳалли муаммоҳо барои коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ва мустаҳкамии оила басо таъсири назаррас дорад;

в) Ба мақсад мувофиқ аст барои пешгирии низоъ ва бекоршавии никоҳ ҳаққи маҳри занон дар аҳдномаи никоҳ ворид карда шуда, пеш аз оиладоршавии навхонадорон ба таври ҳатмӣ муқаррар карда шавад. Маблағи он дар бонк ҳамчун моликияти якҷояи зану шавҳар нигоҳ дошта шуда, дар ҳолати ҷудошавии оила барои эҳтиёҷоти зану фарзанди ноболиғ равона карда шавад.

г) Барои оилаҳои ҷудошуда аз тарафи давлат бо истифода аз нерӯи кории донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи сохтмонию муҳандисӣ гурӯҳҳои ҷавонони “Сохтмончиён” таъсис ёфта, биноҳои баландошёнаи иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гиранд. Ба оилаҳои ҷавон имконият дода шавад, ки тариқи қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки дарозмуддат соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гарданд. Зеро аксарияти муаммоҳои оилаҳои муҳоҷир дарёфти маблағ барои харидани хонаи истиқоматӣ ва ё бунёди он мебошад. Масалан, муаммои оилаҳои ҷудошуда надоштани шароити сохтан ва бунёд кардани манзили истиқоматӣ мебошад. Имрӯз аз ҷониби давлату ҳукумат замини наздиҳавлигӣ барои оилаҳои эҳтиёҷманд ҷудо мешавад, аммо, набудани қувваи корӣ дар оила ва маҳдуд будани шароити молиявии оилавӣ ба онҳо мушкилиҳоро эҷод мекунад. Аз ин лиҳоз, пешбинӣ намудани қарзҳои бефоизи давлатӣ ё қарзҳои дарозмуддат имконпазир мебошад.

Дуюм. Падидае, ки имрӯз дар байни муҳоҷирони тоҷикистонӣ густариш меёбад, ба равияҳои гуногуни динӣ гаравидани онҳо мебошад. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки баъзе ҷавонон бо тафаккур ва ҷаҳонбинии дунявӣ ба кишвари Русия ба муҳоҷират мераванд, вале аз он тараф бо тафаккур ва ҷаҳонбинии ифротӣ ва хурофотӣ ба Ватан бармегарданд. Роҳ ёфтани бештари ҷавонон ва оилаҳои онҳо ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки баъзан ҷавонон ҳанӯз ҳам маълумоти дурустро аз нодуруст ё дурӯғу шубҳанокро фарқ карда наметавонанд, ки боис ба шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мешаванд. Ҷавонон ва оилаи онҳо бояд дар навбати аввал фаромӯш насозанд, ки дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ бо кӣ хамсӯҳбат мешаванд ва чӣ мақсаду ҳадафҳо доранд. Дар ин ҳолат, танҳо истифодаи моҳиронаи маърифати баланди сиёсӣ, ҳуқуқиву динӣ, равонӣ ва ғайра моро аз зуҳуроти номатлуб дур месозад.

Сеюм. Масъалаи дигаре, ки имрӯз барои муҳоҷирони тоҷикистонӣ аҳамияти муҳим дорад ин масъалаи ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ маҳсуб мешавад. Зеро то имрӯз масъалаи таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоӣ- масъалаи нафақа ва ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки берун аз кишвар кору фаъолият менамоянд, ҳалли худро наёфтааст. Ҳар сол баъзан муҳоҷирони мо, алалхусус, ҷавонон, ҳангоми муҳоҷират ба садамаҳои истеҳсолӣ ва бемориҳои мухталиф дучор шуда, бо саломатии хароб ва дараҷаҳои гуногуни маъюбӣ ба ватан бармегарданд. Айни замон, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ таҳия ва амалӣ мегардад, аммо, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандоне, ки берун аз хоки Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, баъзе тадбирҳои зарурӣ бояд андешида шаванд то ки дастгириву имтиёзҳои давлат барои оилаҳо ва аъзоёни он эҳсос гардад. Зеро ҳамасола фавти беш аз 1000 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳисоби ҷавон бо сабабҳои гуногун ба қайд гирифта мешаванд.

Чорум. Муаммои асосии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ибтидои солҳои истиқлолият таъмини озуқаворӣ дар оила мушоҳида мегардид. Аммо, солҳои охир, ҳадафи бештари онҳо сифатан беҳтар намудани шароити манзил ва зисту зиндагонӣ, фароҳам овардани имконият ба таълиму тарбияи фарзандон дар мактабҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар дохил ва ё хориҷи кишвар мебошад, ки ин дар муқоиса бо дигар солҳои қаблӣ  мусбат арзёбӣ мешавад. Аммо ҷоиз ба қайд аст, ки на ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷойи кори мувофиқ ва маоши дастрас соҳиб мешаванд, ки омили асосии он надоштани ихтисос ва касбу ҳунар мебошад. Дар натиҷа, нерӯи корӣ ба корҳои вазнин, барои саломатӣ зарарнок, ифлос ё маоши номувофиқ, ки ҳатто барои таъмини хароҷоти шахсӣ нокифоя мебошад, сафарбар мегардад. Ин боис мешавад, ки солҳои зиёд дар шароити номусоид зиндагӣ кунад, майл ба майнӯшиву шаҳвоният пайдо намояд ва билохира, оилаи ӯ аз маблағи эҳтиёҷдошта бенасиб монда, зану фарзандон роҳ сӯи бозору корҳои камарзиш пеш мегиранд. Аз ҷониби дигар, фарзандон низ аз тарбияю назорат ва мадди назари яке аз волидайн дур мемонад.

Мувофиқи мақсад аст, ки пеш аз сафар тақдири минбаъдаи саломатӣ, дарёфти ҷойи корӣ, соҳибкасбӣ ва ҳалли муаммоҳои оила ба инобат гирифта шавад, ки ба он гирифтани касбҳои гуногун дар омӯзишгоҳҳои касбӣ – техникии Тоҷикистон имконпазир мебошад.

Панҷум. Солҳои охир сафари муҳоҷирони меҳнатӣ оилавӣ ба мушоҳида расида истодааст, ки паёмадҳои мусбат ва ҳам манфиро дорад. Баъзан муҳоҷирони меҳнатӣ барои ҳалли муаммоҳои оилаи худ зану фарзандони худро якҷоя мебаранд, ки аз як тараф падидаи мусбат бошад, аз ҷониби дигар дар муҳити бегона тарбия намудани кӯдакон, надонистани забон, таъсири фарҳанги хориҷиён, тағйир ёфтани муносибат ва рафтори Шарқиёна ва амсоли инҳо барои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ таъсири манфӣ дорад. Аммо кам муҳоҷирони меҳнатие ёфт мешаванд, ки оилавӣ дар ҳиҷрат бошанд. Агар ба назар расанд ҳам онҳо солҳои зиёд дар ғарибӣ умр ба сар мебаранд ва танҳо дами пиронсолӣ ба зодгоҳи худ бармегарданд.

Шашум. Муаммои дигари оилаи муҳоҷир дар он зоҳир мегардад, ки бо сабаби номувофиқ афтодани муоширати арӯсу хушдоман ё дигар аъзои оила шавҳар ба дарки низоъ ва мафҳуми талоқ нарасида, тариқи смс –паёмаки телефонӣ оилаи худро барбод медиҳад. Ин дар ҳолест, ки занҳо солҳо рӯи шавҳарро надидааст. Ин амал, тибқи фатвои уламои дин нораво аст, ки ин аз сатҳи пасти маърифати динии оилаҳои ҷавон сарчашма мегирад. Зарур аст, ки барои пешгирии низоъҳои оилавӣ дар назди мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот Маркази машваратию равоншиносӣ ташкил гардида, ҷиҳати бартараф намудани  ҳолатҳои рӯҳию равонии стресс ва дипрессияи зану шавҳар, ки оқибати нохуш дорад кӯмак намояд. Дар ҳоле, ки мушкилии дур мондани фарзандон аз меҳри падарию модарӣ дар ҷомеа зиёд шуда истодааст, ки дар натиҷа, ба вайроншавии оилаҳои ҷавон сабаб мегардад.

Ҳафтум. Мушкилоти дигари оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ худсарона ё кӯр-қурона анҷом додани сафар мебошад. Баъзеи онҳо хислати баитоаткорӣ ва бомаслиҳат кор карданро бо волидайн надоранд. Ин ҳолат фарзандонро аз таълиму тарбия дур месозад ва боиси рух додани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ мешавад. Масалан, дар сиришти духтарону писароне, ки худсарона бидуни роҳнамоии волидайн рафтор мекунанд, бештар хислатҳои оворагардӣ, гапнодароӣ, дурӯғгӯӣ, гапгардонӣ, танбалӣ, беҳурматию ҳавобаландӣ ба назар мерасанд. Онҳо дар ҷомеа худро идора карда натавониста, зери фишори хашму ғазаб муносибат мекунанд ва чун шахси бадахлоқ ва зӯровар даст ба амалҳои ношоиста мезананд, ки ин ҳама амалҳои кӯчагӣ ва беҳудаву зараровар мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси умумиҷумҳуриявӣ доир ба муаммоҳои демографӣ ва танзими оила (20 феврали соли 2002) аз андешаҳои ҷолиби шахсияти бузурги олами ислом Имом Муҳаммади Ғазолӣ дар китоби «Кимиёи саодат» оид ба масъалаҳои никоҳ, оиладорӣ ва махсусан, тарбияи кӯдакон пуштибонӣ карда, ба натиҷаи зерин расидаанд: «Ӯ кӯдакро амонате дар дасти падару модар медонад, ки дилаш чун гавҳар нафис аст, аз ҳама нақшҳои баду нек холист ва чун замине пок аст, ки ҳар тухм дар он афканӣ, бирӯяд. Агар падару модар дар ин замин тухми хайр афкананд, яъне фарзандро хуб тарбия намоянд, саодатманд шавад ва агар бар хилофи он амал кунанд, бадбахт шавад».[11]

Аз ин рӯ, на ҳар як падару модар дар зиндагӣ ёрирасон ва ё такягоҳи боэътимоди фарзандон мегарданд. Барои сохтани оилаи намунавӣ вазифаи волидайн танҳо ба шавҳар додани духтар нест, ки аз сарашон соқит гардад, балки аз равиши зиндагӣ пурсон шуда, маслиҳатҳои муфид барои бунёди оилаи хушбахт манзур намудан аст. Дар баъзе мавридҳо падару модарон ба ҷои шароит фароҳам овардану ба ҳаёти алоҳидаи мустақилона водор сохтани писарони навхонадор онҳоро бо мақсади дарёфти пул ва таъмини даромади оилавӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба хориҷа равон мекунанд, ки меҳру муҳаббати ин гуна ҷавонон дар натиҷаи дурӣ аз ҳаёти зану шавҳарӣ ва оиладорӣ ба зан ва оила кам гардида, масъулияташон нисбат ба оила аз байн меравад ва дар натиҷа, оилавайронӣ ба вуҷуд меояд.

Ҳамин тавр, аз ҷумлаи занҳое, ки шавҳаронашон партофта рафтаанд, аз ночорӣ даст ба амалҳои ношоям мезананд. Имрӯзҳо сафи духтарони ноболиғи хиёбониву дарбадар зиёд гаштааст, ки шояд таъсири ин раванд бошад».[12]

Ниҳоят муаммои дигаре, ки оилаҳои муҳоҷирони тоҷикро ба ташвиш овардааст гирифтории бемориҳои сироятшавандаи Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) мебошад, ки сарчашмаи афзоиши ин беморӣ аз муҳоҷирати меҳнатӣ маншаъ мегирад. Масалан, теъдоди умумии сироятшудагони Тоҷикистон то соли 2016 7709 ададро ташкил медод. Соли 2015 – 165 нафар аз ҷумла, 151 нафар мард ва 14 зан ба қайд гирифта шудааст, ки 91,5% паҳншавии сироят тавассути алоқаи ҷинсӣ дар муҳоҷирони меҳнатӣ сурат гирифтааст. Таҳлилҳо бозгӯи он ҳастанд, ки шавҳарони қариб ҳамаи занони ҳомиладори сироятёфтаи ВНМО дар солҳои қаблӣ дар муҳоҷирони меҳнатӣ буданд ва онҳо низ ба ин беморӣ гирифторанд.[13] Ин беморӣ аз беэҳтиётӣ ва бехабарӣ на танҳо шахси муҳоҷир балки модару кӯдаки худро ба ин бемории табобатнашаванда гирифтор карда истодааст. Тибқи маълумотҳои соҳаи тандурустӣ тамоюли сирояти ВНМО дар байни кӯдакони оилаҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон аз соли 2002 то соли 2015 636 ададро ташкил медиҳад, ки ин раванд ҳанӯз сол аз сол тамоюли зиёдшавӣ дорад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло ташкили нуқтаҳои тиббӣ ва гузаронидани ташхиси ҳатмии муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми вуруд ва хориҷ дар фурудгоҳу роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ барои пешгирии паҳншавии беморӣ ва эмин нигоҳ доштани оила аз сироятшавии ВНМО имконпазир мебошад.

Хулоса, барои мардуми Шарқ падар барои пеш бурдани оила ҳама вақт нақши асосиро иҷро менамояд. Дар ҷомеаи кунунӣ пайдо шудани муаммоҳои оилавии муҳоҷирони меҳнатӣ, баъзе аз рафтору кирдорҳои ношоям аз ҷониби наврасону ҷавонон, аз хона гурехтани ноболиғон ва даст доштани онҳо дар ҷинояткорӣ, дуздиву ғоратгарӣ, гадоӣ, рафтори номатлубу паст аз ҷониби  духтарон низ бешубҳа ба нақши сарвари хона вобаста аст. Воқеан, аз як ҷониб, падар вазифаи худро дар таъмини ризқу рӯзӣ мебинад, аз тарафи дигар, ин кор ӯро аз масъулияти падарӣ, вазифаи шавҳарӣ дур мебарад ва ниҳоят аз тақдири имрӯзаву ояндаи оилааш бехабар мемонад.

Ҷомеаи муосир ба тарбияи ҷавонони соҳибилм, соҳибистеъдоду хушодоб ва ҳушёру зирак ниёзи бештар дорад. Дар бисёр маврид, волидон аз ӯҳдаи идора намудани фарзандон набаромада, таълиму тарбияи насли худро ба зиммаи мактабу маориф ва омӯзгор мегузоранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо сабабҳои сатҳи пасти дониши сиёсию ҳуқуқӣ, дур мондани фарзанд аз мадди назари падару модар, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овардани онҳо, нарасидани дониши кофӣ, танҳоӣ кашидани оилаҳои ҷавон ва дигар монеаҳо оилаҳо аз байн рафта истодаанд. Падару модар масъулияти бештари таълиму тарбияро бар дӯш доранд. Назорати рафти таҳсил, кору фаъолияти фарзандон ва раванди зиндагӣ аз диққату таваҷҷуҳи онҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, тарбияи фарзанди солим ва намунавӣ вазифаи асосии падару модар, пас муаллим ва баъдан аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.  Дар баъзе ҳолатҳо агар муҳоҷирати меҳнатӣ ва бекорӣ боиси пароканда шудани оилаҳо шуда бошанд, аз назари дигар ҳамчун навъи мушкилоти муҳими ҷомеаи муосир барои сар задани чандин амалҳои дигар, чун ҷинояткорӣ ва ворид шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф сабаб гардидаанд.

Имрӯз падару модар, мақомоти давлативу ҷамъиятӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки сари ин муаммо андеша намуда, барои пешгирии падидаҳои манфии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ чораҳои саривақтӣ андешанд.

[1] Всеобщая декларация прав человека// Резолюция 217 А (III) Генеральной Ассамблеи ООН от 10 декабря 1948 года.

[2] Доклад Генерального секретаря ООН от 12 декабря 2017 г. Стр. 3-4.

[3] International Migration Report 2017 of UNN, p. 6. URL: http://www.un.org/en/development/desa/population/migration/publications/migrationreport/docs/MigrationReport2017.pdf

[4] Шоисматуллоев Ш., Шоисматуллоева З.Ш. Трудовая миграция в жизненных планах населения Таджикистана: результаты исследования. Масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ: мушкилот ва дурнамо.//Маводи конференсияи илмию амалӣ.-Душанбе, 2013. –С.113.

[5] Масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ: мушкилот ва дурнамо//Маводи Конференсияи илмию амалӣ.-Душанбе, 2013.-232 с.), (Пули муҳоҷиратии байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия: тарҳсозӣ ва идораи самарабахши ҷараёни муҳоҷиратӣ//Мақола ва маводҳои иштирокунандагои Симпозиуми байналхалқӣ (Москва-Хуҷанд, 22-26 сентябри соли 2009. М.:Нашриёти “Экономическое образование”, 2009.-343с; 2010-586с.(1-4 ноябр); 2011-655с.(23-25 ноябр); Баҳромбеков Д.А., Ҷӯраев Ҷ.Д., Зеваров Х., Миров Ф., Шоев К. Кори иҷтимоӣ бо оила-Душанбе: Истеъдод, 2012.-288с.; Б.А.Маҳмадов, А.Ш.Қурбонов «Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон ва дурнамои он», Ю.Юсуфбеков «Роҳҳои ҳалли ҷойҳои кории иловагӣ», Ҷ.Икромов «Душвориҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар самти хориҷа ва роҳҳои ҳалли он», М.Хоҷаева «Проблемаҳои ҳифзи иҷтимоии заноне, ки шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд», А.Г.Шарипова «Баъзе ҷиҳатҳои махсуси муҳоҷирати меҳнатии берунаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири он ба вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар», М.М.Бобоҷонов таҳти унвони «Проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва фарогирии фарзандони  муҳоҷирон ба таълим», М.Баҳриддинов «Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба таълиму тарбияи фарзандони муҳоҷироне, ки дар Тоҷикистон мондаанд», Г.Б.Бобосодиқова «Проблемаҳои занони муҳоҷир ва роҳҳои ҳалли онҳо», М.Азизова «Хатарҳои нав барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик», инчунин, профессорон К.Олимов, Ш.Шоисматуллоев, А.С.Саидов, О.Каримов, номзадони илм, дотсентон Ю.Р.Юсуфбеков, Р.М.Бобоҷонов, А.Б.Мирсаидов, Д.Х.Тоҷзод, А.Д.Азимов, М.А.Асророва, Д.Хоҷаева ва дигарон як қатор китобҳо, мақолаҳо ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба таълиф расонидаанд.

[6] Маблағҳои интиқолшудаи муҳоҷирон ба Тоҷикистон: Захираҳо барои пасандоз ва инвеститсияҳо ба иқтисодият ва маҳсулоти молиявӣ бо мақсади ҷалбкунии Маблағҳои интиқолшаванда/Шӯроҳои Субминтақавӣ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, МОТ. МТС.-Москва:МОТ, 2010

[7] Нашри илмию публисистии “Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот, таъсири он ба ҷомеа ва роҳҳои танзими равандҳо. –Душанбе: “Эр-граф”, 2013.-С.31.

[8] Нашри илмию публисистии “Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот, таъсири он ба ҷомеа ва роҳҳои танзими равандҳо. –Душанбе: “Эр-граф”, 2013.-С.47-50.

[9] Нашри илмию публисистии “Муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот, таъсири он ба ҷомеа ва роҳҳои танзими равандҳо. –Душанбе: “Эр-граф”, 2013.-С.5.

[10] Баҳромбеков Д.А., Ҷӯраев Ҷ.Д., Зеваров Х., Миров Ф., Шоев К. Кори иҷтимоӣ бо оила –Душанбе: Истеъдод, 2012.-С.32.

[11] Эмомалӣ Раҳмонов. Танзими оила – кафолати рушди устувори ҷомеа. – Душанбе: Шарқи озод, 2002. – С.15.

[12] Рӯзномаи «Миллат». URL: http:millat.tj;

[13] Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №89 аз 25.02.2017 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020”. -С. 2-18.


15.11.2019 Нет комментариев