734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ҶАВОНОН ПАРЧАМБАРДОРОНИ ВАТАНАНД!

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Бинобар ин, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад.
Парчам дар баробари Нишон ва суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаҳои соҳибихтиёрии давлат ба шумор меравад.
Бегумон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу сабот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора, ки ба қавли Фирдавсӣ “ниёкони мо тоҷдорони даҳр, ки аз додашон офарин буд баҳр” буда, барҳақ нахустин хусравони соҳибтоҷи олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд. Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми тоҷикистониёнро дар остонаи ин ҷашни фархунда – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона муборакбод мегӯем.
Орзумандем, ба бахти мо, давлати ин миллати наҷиб, ки тӯли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳаммул намуда, акнун насими озодиву истиқлол бар машоми ҷонаш вазидан дорад, бардавом монад. Умедворем, ки суруди миллии ин миллат ба таври ҳамеша танинандоз ва парчами давлатии ин давлат ҷовидон-парафшон бошад.

Парчамат парафшон бод – Точикистони тозаистиклол!

Мудири бахши кор бо чавонон ва ва варзиши нохияи Бобочон Гафуров
Тошбоев Дилшод Давронбоевич


20.11.2020 Нет комментариев