Воқеан, аз ибтидои ҳастӣ муаррификунандаи дилхоҳ давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ Парчами миллӣ буда, барои доим болафшон будани он дар тӯли таърих миллатҳои рӯйи олам ҷонбозиҳои зиёде намудаанд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо дорои Парчами миллии худ буда, он дирӯзи моро ба имрӯз мепайвандад. Кишвари мо вақте истиқлолияти худро ба даст овард, дарҳол аз пайи қабули рамзҳои давлатӣ шуда, дар муддати кутоҳтарин, аниқтараш 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии худро қабул намуд ва аз он рӯз инҷониб кишвари моро бо ин парчам мешиносанду ба бузургияш арҷ мегузоранд.

Дар тамоми дунё баробари дигар рамзҳои давлатӣ ба парчам ҳамеша эҳтиром мегузоранду ҷиҳати ҳифзи он талош менамоянд. Зеро ҳифзи парчам ва эҳтиром гузоштан ба он нишонаи ҳувияти миллӣ ва ватандӯстдор будан аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон низ аз ибтидои қабули Парчами миллӣ ҳамеша ба он эҳтиром мегузоранду болафшон будани онро нишони зиндагии шоистаи хеш медонанд.

Ҳифзу эҳтироми парчам анъанаи неки ниёгон буда, имрӯз низ ин анъана таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дорад. Дар даврони истиқлолият парафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе идомаи суннатҳои халқамон дониста мешавад. Инчунин қомат афрохтани Парчами давлатӣ дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат шаҳодати таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳову арзишҳои миллӣ ва ойину суннатҳои давлатдорист.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади хеш доир ба рӯзи рамзҳои давлатӣ таъкид менамоянд, ки бояд ҳар яки мо муҳофизи дастовардҳои миллиамон, аз қабили рамзҳои давлатӣ бошему онҳоро ҳифз созем. Зеро он сарчашмаи ормонҳои миллии мосту муаррифгари миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ.

Имрӯз чи зебост вақте дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ҷавоне иштирок менамояду бо сазовор гардидани ҷойҳои ифтихорӣ Парчами миллиро баланд мебардораду давлату миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ месозад ва оламиён ба бузургии миллати тоҷик арҷ мегузоранд.

Ҳамеша парафшон нигоҳ доштани Парчами миллӣ ва эҳтиром намудани он вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Ҳар як нафар дар кадом соҳае, ки кору фаъолият менамояд, бояд пеш аз ҳама дар таҳкими сулҳу субот ва муқаддасоти миллӣ ҷаҳду талош намояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани Рӯзи Парчами давлатӣ ва таҷлил намудани он нишонаи волои эҳтиром ба ин муқаддасот буда, он бори дигар собит месозад, ки миллати тоҷик аз ибтидо соҳибпарчам буд, ҳаст ва то абад хоҳад монд.

Баракатуллои Мирзоқаюм, омӯзгор, доир ба таҷлил Рӯзи Парчам гуфт: “Таҷлили Рӯзи Парчам барои ҳар яки мо боиси ифтихору сарфарозист. Чун ба саҳифаҳои таърих менигарем, дармеёбем, ки дар тӯли таърихи башарият омили аслии давлату давлатдорӣ ва шинохти дилхоҳ миллату давлат маҳз аз парчами он сарчашма мегирад. Имрӯз мо хеле хушбахтем, ки дорои Парчами миллии худ ҳастему он баробари парчамҳои кишварҳои гуногун дар арсаи ҷаҳонӣ болафшон аст. Вазифаи муқаддаси ҳар яки мо сокинони ин сарзамин аз он иборат аст, ки бояд нишони давлатдорӣ ва сулҳу ваҳдат – Парчами миллиро ҳифз намоему барои таҳким ва муаррифии он дар сатҳи ҷаҳонӣ фаъолияти худро ба роҳ монем”.

Хулоса, мо бояд ҳамеша муҳофизи ин дастоварди бузурги таърихии миллати хеш бошему ҷиҳати доим партавафшон нигоҳ доштани рамзи сулҳу субот – Парчами миллӣ саъю талош созем. Чуноне дар ин маврид Президенти кишвар гуфтаанд: “Ҳар як фарди кишвар бо эҳтироми Парчами давлати худ эҳсоси ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва фарҳангсозу соҳибтамаддун будани халқи хешро собит мекунад. Воқеан, парчам дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, инсондӯстиву фарҳансолорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷикро таҷассум намояд ва ормону орзуҳои деринаи халқамонро дубора зинда гардонад. Бинобар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем”.

Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”