734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ФУТЗАЛ. Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон бозии дӯстона доир намуд

   Шоми дирӯз  дар    шаҳри Тошканд бозии  аввали дӯстонаи дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Қирғизистон  доир шуд. Вохӯрии ин дастаҳои хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Голҳои ин бозиро Юлдошбой Салимбаев, 6 (1:0) ва Алишер Сафаров, 20 (1:1) ба ҳадаф расониданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона, ки дар шаҳри Олмалиқ доир мегардад,   имрӯз, 19  ноябр бо дастаи мизбон – Ӯзбекистон рақобат мекунад. Ин бозии дӯстона дар доираи омодагии  дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба мусобиқаи чемпионати футзали Осиё доир мегардад.

Бозиҳои дӯстона

18 ноябр (чоршанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон-1:1

Голҳо: Юлдошбой Салимбаев, 6 (1:0). Алишер Сафаров, 20 (1:1).

19 ноябр (панҷшанбе)

Ӯзбекистон – Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки чемпионати Осиё  аз 23  март то 3  апрели соли оянда дар Кувайт баргузор мешавад ва дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А»  бо дастаҳои  мунтахаби Туркманистон, Ветнам ва Уммон рақобат хоҳад кард. Аз рӯи натиҷагирии чемпионати  футзали Осиё дар Кувайт панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар Чемпионати ҷаҳон-2021 мушарраф мешаванд. Мусобиқаи чемпионати футзали ҷаҳон аз 12 сентябр то 3  октябри соли 2021 дар Литва доир мегардад.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо дастаҳои миллии Қирғизистон ва Ӯзбекистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар»-и Хуҷанд), Муродулло Алиқулов («Соро компания»-и Душанбе), Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»-и Душанбе);

Бозингарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Баҳодур Хоҷаев, Алишер Сафаров, Раҳмоналӣ Шарипов, Парвиз Раҳматов (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов, Некрӯз Алимаҳмадов, Идрис Ёров (ҳарсе аз «Соро компания»), Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев, Некрӯз Идиев (ҳарсе аз «Муҳоҷир»).

Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).


19.11.2020 Нет комментариев