734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ОЛМОН ВА МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОНИ НАЗДИ РАЁСАТИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Нимаи дуюми рузи 18 ноябри соли 2020 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон ва муҳҳаққиқони ҷавони назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе доир карда шуд.
Дар кори ҷаласа Раис, котибот, муовинон ва аъзои Раёсати Шӯро иштирок намуда, тибқи рӯзнома масъалаи тасдиқи Низомномаи Шӯро ва Ниқшаи кории он дар давраи таъсис дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар оғоз масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе атрофи вазъи ҳуҷҷатгузорӣ, ҷоннок намудани фаъолият ва дигар самтҳои низомномавии Шӯро суханронӣ намуданд.
Дар идома раиси Шӯро, муовинон ва аъзои Раёсат атрофи вазъи кунунии фаъолият, самтҳои пешбурд ва корҳои анҷомдода, маълумот доданд.
Инчунин ҷиҳати ҷалби бештари олимону муҳаққиқон барои аъзогӣ, баргузории чорабиниҳои таъсирнок, таҳияи сохтори доимоамалкунада дар доираи ҳамкориҳои муштарак бо донишгоҳу донишкадаҳо ва институтҳои илмиву тадқиқотии дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолиятдошта ва махзани иттилоотии бакайдгирии олимону муҳаққиқони ҷавон вазифагузорӣ карда шуд.
Дар фарҷом лоиҳаи Низомнома ва Нақшаи кории Шӯро ба овоз гузошта шуда, пас аз ба инобат гирифтани фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби аъзоён бо ҷонибдорӣ барои тасдиқ пешниҳод карда шуданд.


19.11.2020 Нет комментариев