734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


«ШАХСИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОН ҶУДОНОПАЗИР АСТ». Чунин мешуморад сиёсатшиноси рус, мудири шуъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин

ДУШАНБЕ, 17.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил қариб ҳамеша зери роҳбарии Раҳмон мавҷуд будааст. Шахсияти президенти амалкунандаро аз таърихи муосири Тоҷикистон ҷудо кардан ғайриимкон аст», — изҳор намуд Андрей Грозин, мудири шуъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ИДМ, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои таърих зимни мусоҳиба бо Sputnik дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирӯз таҷлил шуд.

Ба ақидаи ӯ, Тоҷикистони имрӯза — парвардаи дасти Эмомалӣ Раҳмон аст.

Коршинос илова намуд, ки теъдоди зиёди «маҳдудият» садди роҳи рушди ҷумҳурӣ мебошанд.

«Инҳо сохтори иқтисодиёт, фишори демографӣ ва инчунин мероси ҷанги шаҳрвандӣ, ки иқтисоди Тоҷикистонро комилан хароб намуд, мебошанд. Дар чунин шароит роҳбарӣ намудани кишвар хеле мушкил аст», — гуфт А. Грозин, коршиноси масоили амнияти миллӣ ва ҳамкории баргузидагон дар кишварҳои пасошӯравии Осиё.

Ба қавли сиёсатшиноси рус, он ки Тоҷикистон дар даҳсолаи охир ба масири рушди мӯътадил ворид шудааст — ин хидмати Эмомалӣ Раҳмон ва одамонест, ки вай ба дастаи худ ҷалб кардааст.

«Ба Эмомалӣ Шарипович даъвоҳои  зиёд пешкаш карда мешаванд, ки гӯё ӯ кадом кореро нодуруст кардааст ё чизеро то ба охир нарасонидааст. Вале аз дур истода, ҳукм кардан ҳама метавонанд. Ба ҳама чиз бояд бо дидаи ақл нигарист ва мунсифона баҳо дод”, — афзуд ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон комилан сарвари муваффақ ва мусбат мебошад. Интихоботи гузаштаи президентӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки барои аксари шаҳрвандони Тоҷикистон маҳз субот арзиши умда, асосӣ ва баҳснопазир аст.

«Субот дар Тоҷикистон маҳз ба шахсияти президенти амалкунанда рабт дода мешавад», — зикр намуд ӯ.

                                                                             АКСИ: Sputnik


17.11.2020 Нет комментариев