734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ДАСТПАРВАРОНИ МД “МАКТАБИ МАХСУСИ ВАРЗИШИИ ЗАХИРАҲОИ ОЛИМПИИ № 6”-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ ОИД ГӮШТИН ВА ДАСТАИ ДУШАНБЕ ҒОЛИБИ ЧЕМПИОНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶУДО – 2020 ГАРДИД

Дар Маҷмааи варзиши обӣ ва Қасри тенниси шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо байни паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар вазни — 60 кг рақобатҳо пуршиддат баргузор шуда, Сарвар Абдушакуров ва Абумуслим Қаюмзода ба даври финалӣ роҳ ёфтанд. Сарвар Абдушукуров, ки шаҳри Душанберо намояндагӣ мекунад, дар даври аввал Идибеки Амиршоҳро мағлуб кард. Дар вохӯрии дуюм Сарвар бар Абдураҳим Назаров дастболо шуд. Рақиби сеюми ӯ варзишгари пойтахт Иброҳим Абдуллоев ба шумор мерафт. Сарвар бар ин ҳарифаш ҳам пирӯз гардид. Дар даври чорум узви дастаи Душанбе 1 – Муҳаммадсолеҳ Қувватовро низ шикаст дода, ба финал баромад. Дар марҳилаи ниҳоӣ бо Абумуслим Қаюмзода, ки ӯ низ дар марҳилаҳои муқаддамотӣ ҳарифони худро аз дастаҳои Хатлон 1, Душанбе ва Душанбе-1 мағлуб намуд, қувва санҷид. Дар ин қувваозмоии бисёр ҳам ҳассос Абумуслим Қаюмзода дастболо гардида, соҳиби нишони тилло гардид.
Барои медалҳои биринҷии вазни 60 кило Сиёвуш Ғафоров бо Саъдӣ Собирзода ва Муҳаммадризо Қувватов бо Муҳаммадсолеҳ Қувватов мубориза бурданд. Дар натиҷа Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Саъдӣ Собирзода медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки мақомҳои ифтихории ин вазнро варзишгарони шаҳри Душанбе гирифтанд.
Дар вазни 66 кг низ сабқатҳо ҷолиб сурат гирифтанд. Ба финали ин вазн намояндаи Душанбе — Муҳаммадисо Раҷабов ва узви дастаи Хатлон — 2 Баҳром Суфиев баромаданд. Муҳаммадисо дар марҳилаи аввал гӯштингири вилоти Суғд, дар даври дуюму сеюм паҳлавонони шаҳри Душанбе ва дар маҳилаи чорум варзишгари ВМКБ-ро мағлуб сохт. Баҳром Сӯфиев ҳам чаҳор нафар ҳарифи худро аз пойтахт мағлуб намуда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. Рақобат миёни ҳарду паҳлавонҳо пуршиддат ҷараён гирифта, ба суди Баҳром Сӯфиев хотим ёфт. Дар даври тасаллобахши вазни 66кг Ҷамшеди Нуралӣ бо Масъуди Аҳмадзод ва Алиҷон Сафаралиев бо Фурқат Муборакқадамов қувваозмоӣ карданд. Дар ин сабқатҳо Масъуди Аҳмадзод ва Фурқат Муборакқадамов ғолиб омада, соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд. Ҳамин тавр, Баҳром Сӯфиев аз дастаи Хатлон-2 дар вазни 66 кило чемпиони Тоҷикистон гардид.
Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо
-73 кг
Наҷмуддинов Муҳаммадшариф
Шукронов Қоим
Муҳаммадиқбол ва Боқиев
Боқиев Алӣ
Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо
-81 кг
Ҳақназар Назаров
Оламафрӯз Абдураҳмонов
Раҷабов Ҳамроз
Расулов Умар
Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо
-90 кг
мардон
Ҷаҳонгир Маҷидов
Комрон Карликов
Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо
Мардон
-100 кг
Насимов Фирдавс
Шерхонов Носир
Раҳмонов Мансур
Анварзода Эмомризо
Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо
Мардон
+100 кг
Хуршед Маҷидов
Тоҳиров Толибҷон
Бобоев Бобоҷон
Камолов Умед
Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо
Бонувон
-57кг
Аҳлия Муъминова
Шукрона Қарчиева
Шакаршоева Ватансултон
Қурбоналлиева Ҷаннатхон
Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо
Бонувон
-70 кг
Шоҳида Қаландарова
Фазилат Гулбоева
Гулафзо Гулова
Мавлуда Одинаева


17.11.2020 Нет комментариев