734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


РАҲМОНЗОДА АБДУЛЛО РАИСИ ШУРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ ИДМ ИНТИХОБ ГАРДИД

Дар асоси қарори ҷаласаи ХХVII – Шурои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 16 октябри соли 2020 ба тариқи фосилавӣ бо иштироки аъзоёни Шуро баргузор гардид, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон, ҳамзамон раиси Шурои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 интихоб гардид.
Ин қарори якдилонаро намояндагони мақомотҳои ваколатдори давлатии соҳаи кор бо ҷавонони давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ дар заминаи таҷлили ҷашни 30 – Итиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Шурои ИДМ қабул намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур, ҳамзамон 10 масъалаи дигари ҳамкории мақомотҳои соҳаи кор бо ҷавонони давлатҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Шурои кор бо ҷавонони кишварҳои узви ИДМ дар асоси Созишномаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон 25 ноябри соли 2005 таъсис ёфтааст.


17.10.2020 Нет комментариев