Бо пайдо шудани технологияи муосири иттилоотию коммуникативӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти инсон тағйироти куллӣ ба вуҷуд омада, технологияи инноватсионӣ дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намуд. Донистани он имкон медиҳад, ки инсон аз донишҳои муосир огоҳ шуда, шахсият ва мавқеи худро муайян намояд. Бинобар ин, барои ҳар нафаре, ки мехоҳад ҳамқадами замон бошад, омȳхтани технологияи муосир зарур аст.

“Маркази шуғли фосилавӣ” ҳамчун як барномаи омȳзишӣ (пилотӣ) дар назди Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Душанбе” аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Хазинаи кȳдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон таъсис дода шуда, барои ҷавононе, ки мехоҳанд, дониши худро дар бахши рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ сайқал диҳанд, имконияти хубро фароҳам овардааст.

Дар ин марказ ҷавонон ба омȳзиши як қатор корҳо, ба монанди вориднамоии маълумот, транскрипсияи ҳуҷҷат ва тасвир, аломатгузории тасвирҳо, гурȳҳбандии тасвирҳо, ҷамъоварии маълумот ва дар умум ба омȳзиши малакаҳои асри XXI, ки барои шуғли оянда ва бозори муосири меҳнат заруранд, машғуланд.

Шуғли фосилавӣ ин бахши аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъули Бизнес аутсорсинг (берунсупории як ҷузъи раванди бизнес) ва аутсорсинги технологияҳои иттилоотӣ (берунсупории як ҷузъи раванди таҳияи барномаҳои технологӣ) мебошад, ки барои бачагон ва духтароне, ки ҷиҳати шуғли устувор имконияти маҳдуд доранд, омȳзишҳои касбӣ ва кор медиҳад. Шуғли фосилавӣ як таҷрибаи тиҷоратӣ мебошад, ки дар он ширкатҳо нафаронеро, ки барои шуғли расмӣ имконият надоранд, ба кор мегиранд ва имконияти пешрафти касбиро тақдим мекунанд.

Вобаста ба мақсади ташкили Маркази шуғли фосилавӣ барои ҷавонон ҳамоҳангсози ин марказ Ниссо Фаромӯзова зимни суҳбат чунин иброз дошт: “Марказ 5-уми марти соли равон таъсис дода шуд. Бинобар сабаби дар кишвар хуруҷ намуди бемории COVID-19 мо натавонистем, курси мазкурро дар вақти муқарраршуда ташкил намоем ва танҳо 10 сентябр ба мо муяссар гардид, ки ҷавононро барои омȳзиш ба марказ қабул намоем. Мақсади асосии ташкили курсҳои омȳзишӣ омода намудани ҷавонони бекор ё дур аз таҳсил ба шуғли фосилавӣ дар бахшҳои рақамӣ ва технологияи иттилоотӣ, инчунин пешниҳоди дастгирии минбаъда барои пайваст намудан ва фаро гирифтан ба имкониятҳои шуғли фосилавӣ мебошад. Яъне, пас аз хатми курсҳои кȳтоҳмуддат, хатмкунандагони марказ дар бораи чи гуна пайдо кардани ҷойҳои корӣ дар платформаҳои гуногуни рақамӣ онлайн-машваратҳо мегиранд ва роҳнамоӣ мешаванд. Дар оянда нақша дорем, ки шабакаи чунин марказҳоро дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ роҳандозӣ намоем”.

Номбурда инчунин зимни суҳбат иброз дошт, ки соли 2018 Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагии “ЮНИСЕФ” таҳқиқоти арзёбии имконпазирии модели шуғли фосилавӣ барои ҷавонони осебпазир, хусусан ҷавонони берун аз таҳсил ва шуғлмондаро, гузаронид (тибқи омори соли 2017 тақрибан 30% ҷавонони 15 – 24 сола берун аз таҳсилот ва шуғл мебошанд). Таҳқиқот нишон дод, ки ҳам ширкатҳои ватанӣ ва ҳам як қатор ширкатҳои бахши хусусӣ дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Белорус ва Қазоқистон барои кормандони ҷавон, ки метавонанд корҳои мушаххасро дар асоси технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) иҷро намоянд, эҳтиёҷи калон доранд.

Ҳамзамон, сарфи назар аз сатҳи нисбатан пасти малакаҳои ТИК дар байни ҷавонон, Тоҷикистон кишвари дорои муҳити муносиби тиҷоратӣ барои ҷорӣ намудани шуғли фосилавӣ буда, ин омил ҳамчун роҳи ҳалли мушкили бо ҷои кор таъмин намудани ҷавонони осебпазир нақши муҳим дорад.

Омȳзиш дар Маркази шуғли фосилавӣ 6 ҳафтаро дар бар гирифта, ройгон аст. Ба он ҷавонони аз 18 то 24-сола ҷалб гардидаанд.

Сайфулло Ҳикматов, мушовири бахши ТИК дар Маркази шуғли фосилавӣ оид ба имкониятҳои технологияҳои инноватсионӣ ва роҳҳои истифодаи дурусти онҳо чунин қайд намуд:

“Ҳарчанд, ки асри XXI – ро асри техника ва технология ном мебаранд, мутаассифона, дар Тоҷикистон норасоии мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мушоҳида мегардад. Ҷавонон бештари вақти худро дар шабакаҳои интернетӣ сарф менамоянд. Мутаассифона, мо аз интернет фақат талаб карданро омӯхтаем, аммо вақти он расидааст, ки мо ба интернет чизе дода бошем ва аз он фоидае ба даст оварем. Марказе, ки айни ҳол ташкил шудааст, бисёр иқдоми нек барои ҷавонон аст. Мо кȳшиш менамоем, ҳар нафареро, ки дар ин курсҳо иштирок менамояд, аз донишҳои муосири технологӣ огоҳ гардонида, барои кору фаъолияти минбаъдаашон дар ин самт роҳнамоӣ намоем”.

Воқеан, ҷавонон қувваи асосии таъминкунандаи бозори меҳнат ба ҳисоб мераванд. Рушди технологияҳои инноватсионӣ ба бозори меҳнат таъсири худро расонида, дар самти шуғл талаботу имкониятҳои навро ба миён овардааст.

Илова ба малакаҳои микрокорҳо, иштирокчиён инчунин курси иловагиро аз рӯи мавзӯъҳои фарҳанги коопоративӣ, мукотибаи корӣ, одоби корӣ ва асосҳои шуғли фосилавӣ меомӯзанд.

Равшан Тошматов, яке аз иштирокчиёни курси мазкур вобаста ба имкониятҳои Маркази шуғли фосилавӣ чунин гуфт: “Мо дар ин марказ ба омȳзиши барномаҳои ҷадид, хизматрасонии рақамӣ, дарёфти иттилоот, гурȳҳбандии тасвир, омода намудани барномаҳои намоишӣ (презентатсия), дар умум ба омȳзиши технологияҳои ҷадиди иттилоотӣ, ки барои фаъолияти минбаъда заруранд, машғулем. Омȳзиши курс ба мо имкон медиҳад, ки дар бахши технологияҳои муосир кор пайдо карда, дар оянда дар ин самт фаъолият намоем. Дар марказ тамоми шароитҳои зарурӣ мавҷуд буда, бо мо нафарони дорои дониши баланди технологӣ дарс мегузаранд”.

Чунин курсҳои омȳзишӣ ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки донишҳои худро дар бахши технологияҳои иттилоотӣ сайқал дода, дар оянда дар ин самт кору фаъолият намоянд. Илова ба ин маркази мазкур барои ҷавонон омȳзиши касбҳои гуногуни ба шуғл мувофиқро ба роҳ мондааст, ки барои таъмини минбаъдаи ҷавонон бо кор мусоидат менамоянд.

Нуқра МУНАВАРОВА,
коромȳзи “ҶТ “