734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


“ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МО”

Инак 29-солагии ҷашни Истиқлолити давлатии Тоҷикистон дар мекӯбад. Он барои қавми тоҷик ба осонӣ даст надодааст. Маҳрумиятҳо, зиддиятҳои ақидавӣ садди роҳи он шуда ва билохир бар ивази ҷони азиз аз даст додани зиёде аз ҷавонону пирони рӯзгордида насибамон гаштааст. Мо дар даврони шӯравӣ чун ҷумҳурии соҳибистиқлол шомил ба СССР бошем ҳам, равиши зиндагӣ, иқтисодиёт ва возоифи шаҳрвандии ҳар касе аз мо ба як Конститутсия ба танзим дароварда шуда буд. Ҳатто ин ё он ҷумҳурӣ ба истеҳсоли ин ё он навъи маҳсулот вобаста шуда буду дигар навъи ашё ё маҳсулоти ниёзи ӯ аз ин ё он ҷумҳурӣ таъмин карда мешуд.
Бо пош хӯрдани давлати абарқудрати СССР низоми идоракунии он номуайян, ба ҳоли партофта монд. Ин даврон ба оғози солҳои 90-уми асри қаблӣ рост омад. Хоҳони ба сари қудрат меомадагиҳо бо роҳҳои ташкил кардани ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва арзу барномаҳои подарҳавояшон мардумро ба тарафдории худ кашидан хостанд. Яке аз чунин ҳизбҳое, ки зиёд овоз гирифтан ва сарии давлатро аз они худ дидан мехост ҲНИ буд. Оғози фаъолияти ин ҳизб агар дар ибтидо аз панду насиҳат ва даъват ба аркони динӣ иборат бошад ҳам, баъдан он мардумро ба беамалӣ, майдоннишинӣ ва ҷанг оварда расонд.
Дар давраи хеле ҳассос, ки мо бояд заме ба ками давлатдориамон мекардем, дороии ҷумҳурӣ ба яғмои беруниён ва дохилиён рафт.
Ҷанги таҳмилӣ, яъне ба нақша гирифташудаи хориҷиён боис ба он шуд, ки нобоварӣ, ноумедӣ зиёд шуд ва норасоии ҳар навъ хӯрокаву ашёи ниёзамон ба назар расад. Ғасби давлат бо роҳи зӯрӣ, итоат накардан ба Констутутсияи амалкунанда ва дастуру супоришҳои ҳукуматдорони вақтӣ аз як сӯ ва аз сӯи дигар даъваткуниҳо ба мухолифати ақидавии назҳотиён ҳолати аҳолиро тезутунд ва ба задухурдӣ қавмӣ, мавзеӣ оварда расонд.
Солҳои 1991-1997 мудҳиштарин солҳои давлатдории тоҷикон мансуб меёфтанд. Тарафдорони мухолифин (онҳо аъзоёни ҲНИ буданд) ва тарфдорони ҳукумати конститутсионӣ мудом дар сангари ҷанг ва идеологияи зидди ҳам истода, аҳволи зисти тоҷикистониёнро тоқатфарсо мекарданд.
Фақат баъд аз 27-уми июн, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллию ҳалли силоҳ ба имзо расид, зиндагӣ оҳиста – оҳиста беҳтар шудан гирифт.
Вале таассуф, ки баъди ин созишнома мансабҷуёни ҲНИ ба нафъи мардум ва ба нишондодҳои Конститутсия амал накарданд, дар ин ё он масҷид идеологияи террористию ифродгароӣ бурданд, дар ин ё он мавзеъ омодагӣ барои бо зӯрӣ ғасб кардани кишварро гирифтанд. Мо инҷо дар бораи амалҳои Ҳоҷӣ Ҳалим, кушандагони М. Ғуломов, М. Осимӣ, С. Кенҷаев, куштори сайёҳони хориҷӣ ва ғайраву ғайраи бо супориши онҳову хоҷагонашро намегӯем.
Халқ бояд фаҳмад, ки ҳамаи ҳизбҳои сиёсие, ки рӯи кор меоянд, ҳадафашон беҳтар кардани шароити зист ва некӯаҳволии мардум бошад.
Худи аъзоёни ҲНИ бояд аз худашон дилмонда бошанд. Корҳои ба зарари мардум мекардаи онҳо боис шуд, ки гурӯҳ – гурӯҳи бо роҳи фиреб ва ҲНИ дохилбуда баробар истеъфои онро талаб карданд. Суди Олии ҶТ аз соли 2015 ин сӯ ҲНИ-ро ҳизби манъшуда дар Тоҷикистон ва ТЭТ эълон кард. Дигар онҳо дар Тоҷикистон рӯшод майдон барои фаъолият надоранд. Ҳуқуқи садо, баромад дар сима нидо ва ҳар навъ муроҷиату эродгириро чун ҳизби иғвоангез аз даст доданд, зеро сабабгори кушта шудани 150 ҳазор одамӣ ва ба манфиати худӣ кор мекарданашон муайян шудааст.
Мо бояд донем, ки онҳо имрӯзҳо роҳи дигари муборизаро кашф кардаанд. Сафарбар кардани шаҳрвандони ноогоҳи мо ба ҷангҳои мазҳабии хориҷи кишвар, ҷалби ҷавонони муҳоҷир ба сафҳои худ дар хориҷ ва кофтану бофтани дурӯғи фитнаангез амалҳоеанд, ки пасипардагӣ ба сомон мерасонанд.
Мардуми огоҳ аз аъмоли Кабирӣ ва дигару дигари фейсбукӣ, ки аз зархаридони хориҷиёнанду худро журналистони забардасту ҳомии халқ медонанд, бохабаранд.
Мо бояд худро машғул дар кор ва онҳоро бекори кадукор гуморем. Бо ҳарза ҳеҷ гоҳ неругоҳ, кӯпрук, нақб роҳи мошингард, бинои мактаб, донишгоҳу донишкада ва биноҳои болобанди фарҳангию истиқоматӣ соҳта намешаванд. Аз замин пахта намерӯёнем, ғалла захира наменамоем, даромади хазинаи давлатамонро аз ҳисоби сайёҳӣ фузун намекунем, дӯстиро, ҳуввияти миллиро нигоҳ намедорем, ва садди касалиҳои сироятӣ шуда наметавонем, сатҳи камбизоатиамон ба сифр намебарем.
Махсусан, имрӯзҳо бояд аз дӣ ҳушёртар бошем. Якбора дар фейсбук ва дигар расонаҳои интернетӣ афзун шудани иғвоангезии назҳатиён бесабаб нест. Онҳо дар арафаи интихоботи президентӣ, ки 11-уи октябр баргузор мешавад, нияти муғризона доранд. Мехоҳанд бо роҳи сухан дар дили интихобкунандагон тухми нобоварӣ ва шубҳаро нисбати давлатдорӣ бедор карда, интихоботро халалдор созанд. Кӣ ва чӣ як кореро анҷом додани ину они сухангӯро мо дар муддати 29-сол дидаем ва шунидаем.
Тири душмани миллат, ки мо дар симои Кабирӣ ва мубалиғонаш мебинем, ба ҳадаф намерасад.
Ҳадафмандона, зина ба зина тасхири ҳадафҳои стратегиамон, ки алъон чортоанд, бояд гом ниҳем.

Арчаев Эмомназар Аъзои ФИЧТ- дар нохияи Фархор


16.10.2020 Нет комментариев